Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан- Он чӣ кардам аз рӯи хато набуд, мефаҳмидам, ки шояд подшоҳ бубинад ё дигаре аз он хабардор гардад, маро ба сиёсат расонад, ки аз меҳнати гуруснагӣ аз ҷои сер омадаам. Агар аз ин пай набаранд, хӯроки чандрӯз ба даст афтад.
Ҳоли ман ин буд ва медонам, ки сидқи суханҳои ман ба оинаи замири шоҳ пӯшида нахоҳад монд.
Подшоҳ гуфт:
- Рост мегӯӣ ва ба ту тараҳҳум бояд кард. Пас ӯро навозиш намуд ва ҳамон мартабаи пештараашро ба ӯ дод.
ҒараЗ аз ин масал он аст, ки дили подшоҳ бояд чун дарёи пурмавҷ бошад, то ки ба хасу хошоки айб тира нагардад ва маркази ҳалми ӯ чун кӯҳ босубот бошад, то ки тундбоди хашм онро дар ҳаракат наёрад:
Ба дили некон набувад хашм ёр, Ҳеҷ гаҳе гарм набошад хиёр.
Хас ба ғуборе равад аз ҷои хеш, Кӯҳ зи доман накашад пои хеш.
Ҳикояти Подшоҳ ва Заргар¹
Рой гуфт:
- Шунидам сифати манфиати ҳилму бурдборӣ ва мазаррати шитобу сабуккорӣ. Акнун бозгӯй достони подшоҳон ва мулозимони мӯътамад ва тариқи нигоҳ доштани онҳо, баён фармо, ки кадом гурӯҳ қадри тарбияти шоҳро некӯтар мешиносад ва шукри неъматро комилтар медонад?
Бараҳман гуфт:
- Подшоҳ бояд, ки мулозимони худро ба анвои имтиҳон озмоиш намояд ва ихлосу насиҳати ҳар якеро маълум гардонад ва ба паҳрезкорӣ, салоҳият ва амонатдории онҳо эътимод ҳосил кунад, чунки сармояи хизмати подшоҳон ростӣ аст. Дурӯғ ва норостиро аз хизмат маҳрум бояд намуд, то ки ба сирру асрори мулк мудохила наёбад. Подшоҳ на ба ҳусни зоҳирӣ, балки бо зебоии ақл ва ахлоқи чокарони худ бояд назар фармояд. Подшоҳ дар тарбияи зердастони худ
1 Ҳамон ҷо с. 293 – 296.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё