Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

надошт ва аз он шаҳр рафтанро низ маслиҳати рӯзгори худ намедид. Ночор дар гӯшаи кошона нишаста, гоҳе бар изтироби кори худ гиряҳо мекард ва замоне аз булаҷабиҳои рӯзгор механдид.

Ҳар шаб аз сӯзи дарун бар ҳоли зори хештан,
Гоҳ мегирям чу шаъму гаҳ табассум мекунам.

Оқибат аз бечорагӣ ва аёлмандӣ ба танг омада, андеша кард, ки худро ба назари подшоҳ бояд расонид, - ё гардан ба теғи сиёсат расад ё сар ба тоҷи қабул муайян гардад.

Рӯзе, ки шоҳ меҳмонии калон дошт, Ҳоҷиб ба наздики ҳар кас аз дӯстони худ одам фиристода, аспеву ҷомае ба орият гирифта пӯшид ва ба даргоҳи подшоҳ омад. Дарбонон ва ҳоҷибон гумон бурданд, ки шоҳ бо ӯ дар мақоми шикоят аст ва ин маркабу либосро ба фармуди султон ба ӯ додаанд, касе ӯро манъ накард. Ҳоҷиб далервор ба дарбор даромад ва ба ҷои лоиқ биистод. Шоҳ ба базми шароб нишаста бо меҳмонон хурсандиҳо мекард. Чун Ҳоҷибро дид, оташи ғазабаш шӯъла зад, аммо таҳаммул фармуда нахост, ки айши ҳозиронро талх созад ва гуноҳи ӯро афв намуд. Чун Ҳоҷиб аз башараи шоҳ осори хурсандию тозарӯй дид, гарм ба кор даромада ба хизмат камар баст. Дар зимни ин фурсати некӯ ёфта табақи заррин, ки вазни он ҳазор мисқол буд, дар зери ҷома пинҳон кард. Шоҳ он ҳаракатро дида донист, ки тангии зиндагӣ ва дармондагии ҳол ӯро ба ин маҷбур кардааст. Шоҳ худро ба нодонӣ зад. Дар охири маҷлис ҳама ба ташвиш омада, табақро ҷустуҷӯ мекарданд. Шоҳ яке аз хизматгоронро пурсид, ки «ин ҷамоатро чӣ расидааст?» Он хизматгор гум шудани табақчаро ба арз расонид.

Подшоҳ гуфт:

  • Ин мардумонро бигзоред, ки табақ дар онҳо нест. Он касе, ки дорад боз нахоҳад дод ва он кас ки дидааст, боз нахоҳад гуфт.

Ҳоҷиб берун омад ва як сол ба пули он табақ маишат бигузаронид. Соли дигар дар ҳамон вақт ҷашни подшоҳона буд. Ҳоҷиб боз худро ба он ҷашн расонид. Подшоҳ ӯро пеш талабида оҳиста ба ӯ гуфт:

  • Магар пули табақ тамоман харҷ шудааст?

Ҳоҷиб ба тазаррӯъ рӯй ба замин ниҳоду гуфт:

пешина
аз 566
навбатӣ