Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сиёвуш ин воқеаҳоро дид, ба хизмати Шер омад ва иҷозати рафтан аз он беша талабид.

Шер гуфт: - Дар сояи давлати ман осоише дорӣ ва аз хони эҳсони ман баҳрае меёбӣ. Сабаби рафтан аз ин манзил чист?

Сиёвуш ҷавоб дод:

Маро андеша ба дил роҳ ёфтааст, ки онро ниҳон доштан мушкил ва гуфтан низ душвор ҳаст. Агар Шер бифармояд сурати ҳол ба ростӣ гӯям.

Шер ӯро амон дода, ба он маъни аҳд карда, ба савгандҳо таъкид сохт.

Сиёвуш гуфт:

  • Мебинам, ки нияти малик озор додани халқ аст, дилҳо ба неши ҷафои ӯ реш гаштаанд ва ман бағоят аз ин сурат тарсонам.

Шер гуфт: Чун ба ту ситаме аз ман намерасад, канора кардан чӣ ваҷҳ дорад?

Сиёвуш гуфт:

  • Ин ду сабаб дорад: яке он ки ҳеҷ соҳибмурувват қувваи дидани зулм надорад ва тоқати шунидани нолаи мазлум надорад; дуюм он ки мабодо ки шуми ин кирдор ба ту расад ва ман низ ба воситаи ҳамсӯҳбатӣ дар оташи уқубат сӯхта гардам.

Шер гуфт:

Ту шумии феъли бад аз куҷо донистаӣ ва шарофати амали нек аз кӣ омӯхтаӣ?

Сиёвуш ҷавоб дод:

  • Ҳар киро бӯе аз гулзори хирад ба машоми дил расида бошад, донад, ки ҳар ки тухми озор корад, ҷуз маҳсули ранҷу бало набардорад. Ман имрӯз чӣ гуна ба ҷазо расидани амали бадро ба чашми худ дидам.

ПАС ӯ сурати воқеаҳои дидаашро як ба як нақл намуд.......

Ҳикояти Подшоҳи одил ва ҳоҷиб1

  • Овардаанд, ки дар мулки Яман подшоҳи одиле буд. Рӯзе ба ҳоҷибе хашм гирифт ва ӯро дар хона зиндонӣ кард. Бечора ҳоҷиб тоби назари подшоҳ
пешина
аз 566
навбатӣ