Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
амин». Ва аҳволи раияту мамлакат сахт ошуфта ва бохалал мебинам ва аз ҳар кӣ мепурсам, ба ман рост намегӯянд ва пӯшида медоранд. Тадбири ман он аст, аз ҳоли раият ва Ростравшан пурсам.
Чун ба ҷои хеш омад, нахуст рӯзномаҳо хост ва донист, ки Ростравшан ба мардум нек нарафтаасту бедодӣ кардааст ба мардумон. Ин на Ростравшан аст, балки дурӯғу торик аст. Пас, масал зад, ки рост гуфтаанд доноён, ки «Ҳар кӣ бо ном фирефта шавад, ба нон андар монад ва ҳар кӣ ба нон хиёнат кунад ба ҷома дармонад».
....Пас, дигар рӯз Баҳром бор дод, бузургон пеш рафтанд ва меҳтарон даромаданду ба ҷои хеш бинишастанд. Баҳром рӯ ба сӯи Ростравшан карду гуфт: - Ин чӣ истироб аст, ки дар мулки мо афкандай ва лашкари моро бебарг медорӣ? Раияи моро зери забар кардай! Туро фармудем, ки арзоқи мардумонро ба вақти хеш мерасону аз иморати вилоят фориғ мабош ва аз раият ҷуз хироҷи ҳақ маситон ва хазинаро ободон дор. Акнун на дар хазина чизе мебинам у на лашкар барг доранду на раият ба ҷо мондааст....Фармуд то ӯро хона бубаранду банд ба пои ӯ ниҳоданд ва бар сари сарой мунодӣ карданд, ки «Малик - Баҳром Ростравшанро аз кор боз кард ва бар вай хашм гирифт ва низ ӯро шуғл нахоҳад фармуд. Ҳар киро аз ӯ зулме расида бошад бо ҳеҷ тарсеву ваҳме ба даргоҳ ояду ҳоли хеш бознамояд то малик инсофи эшон бидиҳад» ва ҳам бифармуд то зиндонҳоро дар боз карданд ва зиндониёнро пеш оварданд ва як-якро ҳамепурсиданд, ки «Туро ба чӣ боз доштааст?»
- Бародаре доштам бо молу неъмати бисёр. Ростравшан ӯро бигирифт ва дар шиканҷа бикушт ва ҳамаро аз вай биситод. Гуфтам: «Ин мардро чаро куштӣ?», «Гуфт ба мухолифон мукотибат дорад» Маро зиндон кард то пеши малик нагӯям. Ва ин ҳол пӯшида бимонад. Ва дигаре гуфт: - Ман боге доштам фохир ва аз падар мерос монда буд. Ростравшан дар паҳлӯи он зобеҳоте дошт. Рӯзе дар боғи ман омад ва ӯро ба дил хуш омад. Харидорӣ кард. Нафурӯхтам. Маро бирифту ба зиндон кард..., панҷ сол аст, ки дар зиндонам.
...... Ва зиёда аз ҳафтсад мард ҳабс буданд, кам аз бист марди хунию
муҷрим ва дузд буданд. Дигар ҳама он буданд, ки вазир эшонро ба тамаъ ва
зулм боздошта буд ва зиндон карда. Ва чун хабари мунодӣ карданро аз
вилоятҳо шуниданд, дигар рӯз чандон мутазаллим ба даргоҳ омаданд, ки эшонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё