Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳадду мунтаҳо набуд....... Пас, Баҳром бифармуд ба сарои Ростравшан рафта, харитаҳо ва қоғази ӯ биоранд ва хонаҳои ӯ мӯҳр кунанд. Чун харитаҳои қоғаз биёварданд ва мутолиа карданд, дар миён харитае ёфтанд пур аз мулотифа, ки подшоҳе, ки қасди Баҳром карда буд, ба Ростравшан навишта буд ва ба хати Ростравшан мулотифае ёфтанд, ки навиштааст: - Чӣ оҳистагист, ки малик мекунад, ки доноён гуфтаанд: «Ғафлат давлатро бибарад» Ва ман дар ҳавоҳои ва бандагӣ ҳар чӣ мумкин буд ба ҷо овардам ва бештари лашкарро бе сову бе барг кардааму ба муҳол номзад карда ва пайканда сохта ва ҳар чӣ ба ҳама сол ба даст овардаам аз баҳри ту хазина кардаам, ки имрӯз ҳеҷ маликеро чунон хазина нест.

Баҳром чун он навиштаро бидид,.......бифармуд бар дари сарои ӯ доре баланд бизаданд ва нахуст Ростравшанро бар дор карданд, ҳамчунон ки он мард кард мар он сагро......

ҲИКОЯТ¹

Ва Искандар, ки Дороро бикушт, он буд, ки вазираш бо Искандар яке буд.
Чун Доро кушта шуд, Искандар гуфт: - Ғафлати амиру хиёнати вазир подшоҳӣ бибарад.

Ва дар ҳамин вақт подшоҳро аз аҳволи гумоштагон ғофил набояд буд ва пайваста аз тариқу сирати эшон мебояд пурсид, то чун норостӣ ва хиёнате зоҳир шавад, ҳеҷ иқбол набояд кард ба андозаи ҷурми ӯ молиш бояд дод, то дигарон ибрат гиранд. Ва ҳеҷ кас аз бими сиёсат ба подшоҳ бад натавонад андешид ва ҳар киро шуғли бузург фармояд, бояд, ки аз сари ӯ касеро мушарраф кунад, чунон, ки ӯ надонад, то пайваста кирдору аҳволи ӯро боз менамоянд. Ва Арасту малик Искандарро гуфт:

  • Чунин касонеро, ки қалами эшон дар мамлакат равон бошад, чун эшонро биёзурдӣ, дигар эшонро шуғл намефармой, ки сар ба душманон яке кунаду дар ҳалоқи ту кӯшад.

Парвиз малик гуфт, ки малик нашояд, ки гуноҳи чаҳор гурӯҳ мардумро
даргузарад: яке он ки оҳанги мамлакати ӯ кунад, дигар он ки оҳанги ҳарами ӯ

1 Ҳамон ҷо, с. 31 - 32

пешина
аз 566
навбатӣ