Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Баҳром он рӯзу шаб дар он андеша буд. Дигар аз он дилтангӣ барнишаст ва рӯй ба биёбон ниҳод ва андаке мерафт, то рӯз баланд шуд. Миқдори ҳафт фарсанг рафта буд, ки хабар надошт ва аз гармои офтоб ташнагӣ ӯро ғалаба карду ба шарбати об ҳоҷатманд шуд. Дар саҳро нигоҳ кард, дуде бармеомад. Гуфт: - Ба ҳама ҳол он ҷо мардум бошанд. Рӯй бад - он дуд ниҳод, чун наздик расида, рамаи гӯсфандон дид хобонида ва хайма зада ва саге бар дари он хайма овехта. Шигифт бимонд. Ба наздики хайма рафт. Марде берун омад ва ба вай салом карду мар - ӯро фурӯд овард ва надонист, ки Баҳроми Гӯр аст ва моҷазаре, ки дошт, пеш овард. Баҳром гуфт: - Маро нохост аз ин ҳол хабар деҳ, пеш аз он, ки нон хӯрем, ин ҳол бидонем, ки чист? Он мард гуфт: - Ин саг амини гӯсфандони ман буд ва ман ӯро дар рама боздошта будам ва бо даҳмарда даровехтӣ ва ҳеҷ гург аз бими ӯ гирди гӯсфандони ман наёристӣ гашт. Ва бисёр вақт ман ба шаҳр барои шуғле рафтаме ва дигар рӯз бозомадаме ва ӯ гӯсфандонро ба чаро бурдию ба саломат боз овардӣ. Бар ин рӯзгоре баромад. Гӯсфандонро шуморидам, чанде кам омад.

Ҳамчунин, баъд аз муддате нигоҳ кардам, чанде дигар кам омад ва ин ҷо ҳаргиз дузд ёд надорад, ки омада бошад. Ва ҳеҷ гуна наметавон донист, ки ин чӣ ҳол аст ва гӯсфандонро чӣ мешавад? Ва ҳоли рамаи ман аз андаки ба ҷое расид, ки чун омили садақот биёмад ва бар одати гузашта садақот хост, тамоми рама он чӣ монда, дар кору бори садақот рафт. Акнун ман чӯпонии он омил мекунам, магар ин саг бо гурги мода унс гирифтаю ҷуфт гашта ва ман бехабар будам. Қазоро рӯзе ба дашт рафта будам ба талаби ҳезум. Чун боз гаштам бас балое дидам, баромадам, гӯсфандонро дидам, ки мечаранд ва гурге рӯй ба рама оварда буд ва мебӯид. Дар паси хоре бинишастам ва нигоҳ мекардам. Чун саг гургро дид пеш омаду дум меҷунбонид. Гург хомӯш биистод. Саг бар пушти ӯ шуд ва бо ӯ гирд омад ва ба гӯшае рафту бихуфт. Гург дар миёни рама тохт ва якеро аз он гӯсфандон бигирифту бидарид ва саг ҳеҷ овоз надод. Чун муомилаи гургу саг дидам, бидонистам, ки табоҳии гӯсфандони ман аз бероҳин саг будааст. Пас ӯро бигирифтам ва аз баҳри хиёнате, ки аз ӯ падид омада буд, вайро бар дор кардам.

Баҳроми Гӯрро сахт аҷаб омад. Чун аз он ҷо бозгашт, ҳама роҳ дар ин ҳол тафаккур мекард, то андешаи ӯ бар ин бирафт, ки «раият рамаанду вазири мо

пешина
аз 566
навбатӣ