Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Хирад раҳнамою хирад дилкушоӣ,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сароӣ.
Инсоне, ки ба ин неъмати зиндагӣ носипосӣ карда, ӯро қадршиносӣ намекунад ва рафтору кирдорашро бо он мутобиқ намесозад, дар чорсӯи зиндагӣ сарсону саргардон шуда, роҳашро гум менамояд. Чунки инсон фақат тавассути ақлу хирад метавонад мақсади дурустро дар зиндагонӣ гузошта, роҳи беҳтаринро интихоб ва ба ҳамаи мушкилиҳо ғалаба намояд. Идора ва ихтиёрдории нафсро низ шоир дар инкишофи ақлу хирад дида, одами донишмандро аз ҳама гуна нафси ғайр парҳезкор мешуморад. Агар ақлу хиради шахс нуқсон дошта бошад, вай ҳеҷ гоҳ ба шодмонию саодатмандӣ нахоҳад расид:
Аз ӯ шодмониву з-ӯят ғамист,
В-аз ӯят фузуниву з-ӯят камист.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки шоир ҷону хирадро неъмати илоҳӣ дониста таъкид месозад, ки каму зиёди зиндагӣ, хушнуду фараҳмандии ҳар фард дар соҳибхирадист. Шукргузорӣ аз ин неъмати илоҳӣ ва кору фаъолият намуданро тавассути хирад, ягона омили инкишофи башарӣ шуморида, дар дигар ҷой шоир боз қайд менамояд:
Касе, ки ӯ хирадро надорад ба пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Хушивор девона хонад варо,
Ҳамон хеш бегона донад варо.
Аз ӯйӣ бар ҳар ду сарой арҷманд,
Шикастахирад пой дорад ба банд.
Хирад чашми ҷон аст чун бингари,
Ту бе чашм шодон ҷаҳон наспарӣ.
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигоҳбони ҷон асту они сипос.
Дар ин ҷо низ шоир хирадро нахустофариниши Худованд ба инсон нишон дода, ӯро ҳамчун чашми ҷони инсонӣ ва шахси бехирадро ҳамчун кури ношод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё