Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Саг ба дарёи ҳафтгона бишӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки масъалаи ирсият дар тарбияи насл барои ҳар як роҳбар хеле зарур буда, одамшиносӣ талаби асосии роҳбарӣ муаррифӣ шудааст, то ки беҳуда вақт ва маблағ сарф нагардад.

Аз дигар тараф, Фирдавсӣ хираду хирадмандиро ҳамчун санги маҳаке мешуморад, ки моҳияти манзилати шоҳону амирон, донишмандону ҳунармандон, қаҳрамонону лашкаркашонро хеле равшан нишон медиҳад.

Ҳамин маънӣ мебошад, ки дар аввали шоҳасар хирад ҳамчун офаридаҳои Худованд баҳо дода шудааст:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнағзарад.

Бояд гуфт, ки шоир дар ин ҷо хирадро ба маънои қувваи идроку ақл, қобилияти дарки масоил, шинохти некиҳо ва покию донишмандие, ки ба инсонҳо аз Худованди пок дода мешавад, овардааст.

Дар ҳақиқат дар нигоҳи Фирдавсӣ хирад ҷавҳари ҳастии инсон буда, симои маънавии ӯро муайян месозад.

Аз тарафи дигар, ӯ менависад: хирад чарогест, ки дар зиндагии рӯзмарра роҳи инсонҳоро равшан намуда, эшонро бо роҳи ростӣ ҳидоят менамояд. Маҳз хирад аст, ки тавассути он инсонҳо неку бадро аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Ҳамаи корҳои неки инсон аз хирад ғизо гирифта, ӯро ба қуллаҳои баланди инкишоф бурда мерасонад. Аз ин нигоҳ, шоир хирадро аз ҳама чиз қиммат шуморида, онро волотарин неъмати Худованд номидааст, ки барои банда офарида шудааст. Дар ин ҷода шоир инсонеро, ки дар рушду нумӯи ин неъмати бузурги Худованд аст, парастиш намуда, ӯро тавоною барно ҳисобида мегӯяд:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Ва дар дигар ҷо инсонро ба хирад ҳидоят намуда таъкид месозад:

Хирад беҳтар аз ҳарчи эзид бидод,
Ситоиш хирад роҳбеҳ аз роҳи дод.

пешина
аз 566
навбатӣ