Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бояд гуфт, ки ташкили чунин як мактаби бузурги одамӣ, пеш аз ҳама инсондӯстию инсонпарварӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ адолату адолатпарастии давлатдории тоҷикон дар замони Исмоили Сомонӣ буда, ки дар ин бора сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ мефармоянд:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Маҳз дар ҳамин давраи таърихии ташаккули инсонӣ донишмандону хирадмандони тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Низомумулки Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазсолӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мир Саид Алию Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддин Муҳаммади Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомиддин Убайди Зоконӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ба майдони илму адаб омаданд.
Асарҳои офаридаи ин шахсони хирадманди таърихӣ пойдевори асосии мактаби классикии хиради роҳбарӣ шуморида шудаанд. Бинобар ин, хонандаи азиз, дар ин қисмати китобамон мо тасмим гирифтаем, ки аз ганҷинаи бебаҳои ин устодони сухан ба Шумо дурдонаҳои хиради роҳбариро пешниҳод намоем.
Халқҳо оинаи якдигаранд. Ҳанӯз дар замони Доро ва аҳди Искандар маданияти форсиён оинае буд, ки дар муқоисаи он юнониҳо ба инкишофу такмили фарҳанги хеш шурӯъ намуданд. Чуноне ки дар осори Низомии Ганҷавӣ қайд шудааст:
Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ,
Ба юнонзабон кард кисваттарӣ.
Дар инкишофи илми Ғарб низ фалсафаи халқҳои эронинажод мақоми хоса доштааст. Овардаанд, ки аҷдодони мо тоҷикон 2500 сол пеш дар гулӯгоҳи Босфор пули шиноварӣ сохтанд, ки ин Аврупою Осиёро бо ҳам пайвастааст. Дар воқеъ ин амри рамзӣ буда, Эрони бостон, ки аслан тоҷикнишин буд, бо донишмандию бузургиашон Осиёву Аврупоро пайваст намуданд. Бино ба маълумоти муаллиф Забеҳуллоҳи Сафо, дар арзи қарнҳои XI - XII бештар аз 300 китоби илмии муаллифони Аҷаму Араб ба лотинӣ тарҷума шудааст, ки аз онҳо ҳеҷ набошад зиёда аз 100 адад бо қалами муаллифони тоҷику форс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё