Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба майл кардани шахс ба рафиқон, ҳамроҳон ва ёрони мувофиқ буда, онҳо ҳамеша толиби салоҳияти корҳои ҳамдигар ва дар ҳар гуна вазъият тақозои дӯстии якдигарро дошта бошанд. Ғайр аз ин онҳо ба якдигар ихлосманд бояд бошанд.......

Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба дараҷаи эҳтимом эҳтироми тобеон ва асҳобон нисбат ба шахси боиқболу бодавлат аст.

Тобеону асҳобон дар ҳолатҳои рӯйдоди ногуворӣ, ки он агарчанде аз зарурият ба вуҷуд омада бошад ҳам, бо ҳамдигар содиқ бимонанд. Шахси раёсатманд дар ҳолатҳои баландии мартабааш ҳам, ҳамеша хоҳони эҳсон буда, аз бадкирдориву бадандешӣ худро нигоҳ дорад.......

Аломати дигари иқболу давлат вобаста ба он аст, ки шахс ба адолат майл намуда, ба зулму ситам нафрати комил дошта бошад.... Устувории мулк вобаста аст ба қонунҳои боадолати ӯ, аз қабили ҳазар кардан аз сустбунёдӣ, вайроншавӣ, аз душманону мухолифон ва инчунин нисбат ба онҳо эҳтиром доштан мебошад......

44.2. Мактабҳои классикӣ оид ба рафтори роҳбарӣ дар асарҳои донишмандони тоҷик дар асрҳои IX-XII

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд.
Кӯҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд.
(Рӯдакӣ)

Дар таърихи афкори илмию фалсафӣ ва ташаккули мактаби классикии рафтори инсонӣ, тоҷикон ҳанӯз дар асрҳои IX - XII асосгузор буда, то имрӯз ҳамтои худро надоранд. Ин давра ҳамчун даври ташкилёбии мактаби классикии роҳбарӣ ва хирадмандӣ дар менеҷмент муаррифӣ гаштааст. Ин мактаб аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, Самарқанду Бухоро, Балҳу Ҳирот ва Хатлону Бадахшон, Хӯҷанду Фарғона оғоз гардида, сипас ба вилоятҳо ва шаҳрҳои Эрону Озарбойҷон, Ҳинду Чину Юному Миср паҳн мегардад.

пешина
аз 566
навбатӣ