Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, дар ин замина китобхонаи мактаб низ метавонад дастгири омўзгор бошад. Барои ин бояд китобхонаҳои мактабҳо муҷаҳҳаз ва фаъол бошанд, то омўзгорон китоби лозимиро пайдо карда тавонанд.
Банақшагирии фаъолияти омўзгор, таҳияи нақшаи худтакмилдиҳӣ ба низоми ташкили фаъолияти омўзгор мансуб аст. Дар ин замина омўзгор бояд дараҷаи ғоявию назарӣ, касбии омўзгорӣ, адабиётшиносӣ ва илмию методии худро такмил бахшад. Барои омўзгори навкор робита ва ҳамкории пайвастаи эҷодӣ бо омўзгорони собиқадор ва раввишшинос аз манфиат холӣ нест. Дар нақшаи худомўзӣ илова ба он чӣ ки зикр шуд, бояд шакли ҳисобот ва зикри санаи иҷрои он қайд карда шавад. Такмили донишу маҳорат, худомўзӣ ва боло бурдани маҳорати касбӣ шарти аслии муваффақияти омўзгор дар кори таълиму тарбия мебошад.
Нақшаи фаъолияти омўзгор барои синфи алоҳида паҳлуи асосии кори ў буда, нақшаҳои тақвимӣ, мавзўӣ ва дарсӣ ҷузъи он аст. Нақшаи тақвимӣ тақсими мавзўъҳоро ба соатҳо барои чоряк, нимсола ва солона дар назар дошта, нақшаи мавзўи дарсро аз рўи мавзўъҳо ба низом медарорад. Нақшаи муқаррарӣ танзими нақшаи ба ҳамин монанди дарсҳост.
Нақшаи фаъолият барои он зарур аст, ки омўзгор бояд уфуқҳои мушаххаси маълумоти адабии хонандагонро донад, ҷараён ва давраҳои онро ба қайд гирад, имкониятҳои нуқтаҳои ҳамоиши дарси адабиёти тоҷик ва адабиёти хориҷиро аз назари пайвандҳо, таъсири мутақобила ба эътибор гирад. Масалан, мантиқан омўзиши эҷодиёти Мирзо Турсунзода омўзгорро метавонад сари масъалаи таъсири адабиёт рус ба эҷодиёти шоир, дўстии ў ва шоири рус Николай Тихонов ба андеша барад. Ба ҳамин монанд дар ҷамъбасти суҳбаташ дар бораи Лоиқ метавонад дар мисоли «Савтҳои форсӣ» - и Есенин доир ба алоқаҳои адабӣ ва таъсири мутақобилаи адабиётҳо таҳлиле анҷом диҳад.

пешина
аз 344
навбатӣ