Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ин мақсад, омўзгори ояндаи адабиёт ҳангоми таҳсил дар мактаби олӣ бояд хазинаи дастуру китобҳои лозимаро мураттаб созад.
Китобхонаи омўзгори адабиёт бояд осори классикон, шоиру нависандагони муосир ва хориҷӣ, дастурҳои таълимӣ, осори илмии адабиётшиносиро фаро гирад. Китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, тавсияномаҳо, луғатҳои истилоҳӣ ва тафсирӣ ҷузъи муҳими ин хазина бояд бошанд. Илова ба китобҳои ихтисосӣ дар китобхонаи омўзгор асарҳо дар бораи санъат, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра низ бояд ҷойгоҳи хос дошта бошанд.
Албатта, ҳеҷ китобхонае, аз ҷумла, аз они омўзгор низ имкони фаро гирифтани ҳамаи китобу васоити таълимиро надорад. Махсусан, дар рўзгори мо ин мавзўъ мушкилоти зиёде дорад. Вале пешрафти инноватсия ва соҳаи иттилоотрасонӣ, аз ҷумла интернет, китобхонаҳои расонаӣ дар ин замина дастёри беминнати омўзгоранд. Ба ин васила омўзгор метавонад аз навгониҳои адабиёт, илми адабиётшиносӣ ва соҳаи омўзишу парвариш, ба хусус равишшиносии таълими адабиёт огоҳ бошад. Дар ин кор ба ў нашрияҳои тахассусии соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла, «Омўзгор», «Масъалаҳои маориф», «Маърифати омўзгор», нашрияҳои дигаре, аз қабили «Садои шарқ», «Номаи пажўҳишгоҳ», «Ахбори академия», «Паёми донишгоҳ» ва ғайра ёрирасон мебошанд.
Банақшагирии фаъолияти омўзгор ва танзиму иҷрои саривақтии он аз самтҳои муҳими раванди таълиму тарбия мебошад.
Ҳамчунин, омўзгори огоҳ ва ба касби худу шогирдонаш дилсўз ҳамеша дар паи ҷустуҷў, дарёфт ва гирдоварии китобҳо, рўзномаҳо ва маҷаллаҳое хоҳад буд, ки доир ба адабиёт, осори ин ё он адиб мақола ва гузоришот нашр мекунанд. Ин гуна мақолаҳову гузоришотро ҷамъ овардан, мухтасари онҳоро рўнавис кардан ва минбаъд алоқаманд бо мавзўъ аз онҳо истифода бурдан танҳо ба манфиати кор аст.

пешина
аз 344
навбатӣ