Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз вазифаҳои асосии дурнамои нақшаи фаъолият хонандагонро барои омўзиш ва аз худ кардани луғати асосии асари омўхташаванда роҳнамоӣ кардан мебошад. Маълум аст, ки фаъолияти омўзгори адабиёт ҷараёни эҷодкорист, вале агар ин ҷараён низоми муайян надошта бошад, вай моҳияти аслӣ ва ҳадафи асосии худ – давра ба давра ба шакл даровардани дониш ва малакаҳои хонандагонро оид ба адабиёт аз даст медиҳад.
Дар нақшаи тақвимӣ омўзгор маводи барномаро аз рўи мавзўъ ба соатҳо тақсим мекунад. Омўзгор дар иҷрои ин кор бояд ҳадафҳои зеринро дунбол кунад: муназзамии иҷрои омўзиши мафҳумҳои назарию адабӣ, ба низом овардани равиши таълим барои такомули нутқи хаттӣ ва даҳонии хонандагон аз як мавзўъ то мавзўи дигар, мушаххас намудани маводи васитаҳои аёнӣ ва техникӣ дар ҳар давраи омўзиш, маводро барои дарсҳои такрорӣ омўхта, рўйхати адабиёти тавсиявиро бо нишондоди муҳлати санҷиш барои хониши берун аз синф мураттаб сохта, гурўҳи калимаҳо ва таъбиротро барои омўзиш дар дарсҳои мушаххас нишон диҳад. Барои азёдкунӣ матнро нишон диҳад ва қисмҳои кори таълим, адабиёти илмию методӣ ва маълумотномаро ба назар гирад.
Ин нақшаро омўзгор дар давоми сол дақиқ карда, ба он тағйироту иловаҳо медарорад, ки аз бисёр ҷиҳат ҷустуҷўҳои омўзгорро дар ҷараёни кор ва шароити омўзиш муайян мекунад.
Нақшаи мавзўӣ нақшаи тақвимиро мушаххас месозад.
Дар ин нақша мавзўъҳои барномаи таълимӣ аз рўи соат тақсим карда шуда, навъ ва намудҳои дарс:дарси обзорӣ, дарси омўзиши зиндагинома ва роҳи эҷодии адиб, дарси тафсири хониш, дарси таҳлили асари бадеӣ, такмили нутқ, дарс-мусоҳиба, дарси хониши берун аз синф муайян карда мешавад. Дар нақшаи мавзўӣ, илова ба мундариҷаи кор, усулҳо ва вазифаҳои тарбиявию омўзишии дарс бо афзудани луғати фаъол нишон дода мешаванд. Ҳамчунин, намудҳои асосии фаъолият дар атрофи воситаҳои забонии асари бадеӣ қайд карда мешавад.

пешина
аз 344
навбатӣ