Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ҷуворимакка. Ҷуворимакка ба оилаи растаниҳои хўшадор мансуб аст, вале ҳам бо хусусиятҳои морфологӣ ва ҳам биологӣ аз дигар зироатҳои ин гурўҳ фарқи зиёд дорад. Ҷуворимакка пояи бақувват ва сербарг дошта, на танҳо қобилияти додани ҳосили фаровони дон, балки хамираи зиёди сабзро соҳиб аст, ки ба шарофати ин дар айни замон зироати асосии силосбоб ба шумор меравад. Вай растании гармидўст буда, тухмиҳояш дар ҳарорати 10-120С месабзанд. Дар ҳарорати зиёда аз 140С хуб рушду нумў мекунад ва барои пухта расиданаш қариб 100 ва аз он зиёда рўзҳои гарм зарур аст. Вале барои ташаккул ёфтани баргу пояи сабзи он вақти камтар зарур аст ва аз ин рў онро амалан дар тамоми хоҷагии ноҳияҳо мекоранд.
Хусусияти мусбии биологии ҷуворимакка ин камталаб будани он ба намӣ аст, ки ба шарофати он дар ноҳияҳои иқлимашон хушк аз ҷиҳати ҳосилнокӣ дигар растаниҳои емвориро мегузарад. Дар як маврид ҷуворимакка ба намии иловагӣ хуб ҷавоб гардонда ва дар заминҳои обёршаванда яке аз зироатҳои ҳосилнокиаш баланд ба ҳисоб меравад. Ҳосили дони он дар ин маврид 100 с/га ва аз он ҳам зиёдтар, анбўҳи сабзиш 700-1000 с/га-ро ташкил медиҳад. Қимати емвории чӣ дон ва чӣ анбўҳи сабзаш хело баланд аст. Дони ҷуворимаккаро барои истеҳсоли камбикорм, анбўҳи сабзашро бошад, ҳам барои ғизои иловагии чорво дар давраи тобистон ва ҳам барои тайёр намудани силоси сифатан баланд истифода мебаранд.
Ҷуворимакка бо як қатор хусусиятҳои биологиаш тавсиф меёбад, ки барои ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат донистани он муҳим аст. Дар давраи аввали нашвӣ он бо рушди сусти худ ва талаботи баланд ба рўшноӣ фарқ мекунад. Ба ғайр аз ин дар ҳамин давра аз нуқтаи назари рушди растаниҳо асоси ҳамаи узвҳои он гузошта мешаванд ва аз ҳамин сабаб дар 20-30 рўзи аввали нашваш тоқати алафҳои бегонаро надорад.
Пайдоиши алафҳои бегона дар киштзори ҷуворимакка дар ҳамин давра ҳосилнокии онро паст мефарорад ва дар ибтидои партофтани майсаҳо танҳо қариб 40%-и ҳамаи элементҳои ғизоӣ, ки барои ташуккули ҳосил заруранд, ғун карда мешаванд. Бар асари ин қабл аз он, ки қаторҳо бо ҳам наздик мешаванд, додани ғизои иловагӣ, нуриҳо зарур аст. Ба ғайр аз ин дар ғизогирии ҷуворимакка микронабототи аэробӣ нақши муҳим мебозад, ки барои талаботи баланди ин зироат на танҳо ҳосилхезӣ, балки сифатҳои физикию кимиёии хок мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё