Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми ба вуҷуд омадани кулўхпораҳо то зоҳир гаштани майсаҳо киштро дар қаторҳо бо молаи сабуки ЗБП-0,6 аз бар ба бар (кундаланг) молакашӣ мекунанд. Ҳангоми коркарди байни қаторхо хокро бо култиватори КПИ-4,2А ба миқдори 3-4 маротиба то ба ҳам расиши қаторҳо молакашӣ мекунанд.
Ягонакунии ниҳолҳоро бо хишова дар як маврид мегузаронанд:
бори аввал ҳангоми ташаккул ёфтани баргҳои асосӣ ба масофаи 6-10 см ва бори дуюм ба масофаи 18-20 см ҳангоми ташаккул ёфтани 3-4 барг. Пас аз борон ё обёрӣ растаниҳоро каланд мекунанд.
Парвариши кўчатҳо дар гармхонаҳо. Аз хоки кушод, дар мавриди бо усулҳои парвариши кўчатҳо, ду-се ҳафта барвақттар назар ба кишти тухмиҳо дар хок, бодиринги барвақтӣ ба даст овардан имкон дорад. Барои чунин усул навъҳои тезраси бодирингро интихоб намуда кўчатҳоро дар тубак ё қуттиҳо ҷой дода, дар гармхонаҳо ё парвардахонаҳои плёнкагин дар гардиши дуюми кишти чаҳорчўбагӣ парвариш мекунанд. Синни кўчатҳо барои шинондан дар хоки кушод бояд 22-24 рўза ва давраи нашвиашон 2-3 баргиро ташкил диҳад. Бодиринг зироати соябардор аст ва метавонад дар давраҳои зимистонию баҳорӣ ва тирамоҳию зимистонӣ сабзиш кунад. Вале дар давраи самарбандӣ рушноии муносиб дар гармхона на камтар 8000 лк ташкил медиҳад. Тарзи кишти бодирингҳоро мувофиқи сохти гармхона интихоб менамоянд. Дар гармхонаҳои нави ангар растаниҳоро ба тарзи ҷўяк дар як қатор ва ба масофаи 160 см байни обраву дар 2 қатор дар масофаи 60 см байни обравҳо ва 80 см байни қаторҳою 45 см байни растаниҳо мешинонанд. Масофаи байни обёрикунандаҳо дар қаторҳо 90, 100, 120 см-ро ташкил медиҳад. Растаниҳоро мутобиқан дар масофаи 35-40; 30-35; ва 25-
30 см аз ҳамдигар дур мешинонанд. Дар ибтидои самароварӣ ҳарорати ҳаворо дар ҳар моҳ дар рўзҳои офтобӣ ба миқдори 22- 240С; абрнок 29-200С ва шабона 17-180С ва ҳарорати хокро бошад, ба миқдори 22-240С нигоҳ медоранд. Ҳосилғундориро пас аз 30-40 рўз пас аз кишти кўчатҳо оғоз мекунанд. Дар ин маврид кўшиш мекунанд, ки ба растаниҳо осеб нарасад. Ҷамъоварии 2-3 ҳосили аввалро пас аз 2-3 рўз ва сипас 3 маротиба дар 1 ҳафта амалӣ мегардонад.
Зироатҳои хўроки чорво
Дар ҷумҳурӣ дар мавриди ҷой додани зироатҳои кишоварзӣ дар киштгардон бо мақсади таъмин намудани чорво бо хўроки обдору консентратсионӣ, ҳамчунин нигоҳ доштану баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва тозагии он аз алафҳои бегонаю зараррасонҳо зироатҳои хўрокиро васеъ истифода мебаранд.

пешина
аз 164
навбатӣ