Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
САРСУХАН
Баъди пошхўрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳангоми амали намудани программаи ислоҳот бисёр колхозу совхозҳо таҷдид гардида, дар заминаи онҳо хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) ташкил карда шуданд. Дар муддати солҳои 1992-2004 (моҳи апрел) дар Ҷумҳури зиёда аз 20743 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаҳои хурд, кооперативҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои иҷоравӣ ташкил карда шуданд. Холо дар ихтиёри онхо
4 590 070 гектар замин вогузор шудааст. Хоҷагиҳои дехконӣ соҳиби 415 147 гектар замини корам мебошанд, ки аз ин 286 674 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.
Раванди таҷдиди сохторҳои кўҳна имрўзҳо низ давом дорад ва он бо суръати суст амалӣ мешавад. Инчунин баъзе монеъаҳое мавҷуданд, ки хилофи хуқуқу манфиатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Роҳбарони баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мутахассиси соҳаи кишоварзӣ нестанд. Хоҷагиҳо техника, тухмӣ надоранд. Манбаъи иттилоотӣ мавҷуд нест, инфракструктураҳои маишӣ ва истехсолӣ намерасанд. Маҷмуаҳои қонунгузории соҳаи кишоварзӣ дастраси ҳамагон нестанд ва ғайра.
Мо тасмим гирифтем, ки дар китоби мазкур масъалаҳои ташкил, инкишоф, ҳимояи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), андоз ва андозбандӣ, маблағгузории хурд, агромаркетинг, менеҷмент, техналогияи парвариши зироатҳо, боғдорӣ, баъзе масъалаҳои муҳими чорводорӣ, мурғпарварӣ, замбурпарварӣ ва ғайраҳо дар шакли содда ва оммафаҳм ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), соҳибкорони хурд ва ба ҳамаи зарурмандон, ки ба чунин роҳнамо, дастур ё ин ки ба чунин маълумоту тавсияҳо мўҳтоҷанд, пешкаш намоем.
Китоби мазкур ба сарварон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин ба мақомотҳои давлатӣ, ки бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) сару кор доранд, имконият медиҳад, ки мустақилона, бо масъулияти баланд ва аз рўи талаботҳои ҳуқуқӣ раванди истеҳсолотро дар соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат – кишоварзӣ ба роҳ монанд.
Китоби мазкур кушиши аввалини тартибдиҳандагон аст, ки дар шакли умумӣ ба хонандагони гиромӣ пешкаш мегардад.
Мумкин аст, ки вай аз баъзе норасогиҳо холӣ набошад. Бинбар ин мо умед мебандем, ки барои пурра ва беҳтар гардонидани дастури мазкур дар оянда хонандагони мўҳтарам фикру андешаҳои худро ба мо ирсол менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё