Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бештар аз ҳама вай дар гилхокҳои хокистарии сиёҳ, дорчинранги сиёҳ, хокҳои дарёбод ба реаксияи ишкории суст (рН7-8) ҳосил мегардад.
Бинобар ин ҷуворимакка дар фарқият нисбат ба дигар зироатҳои емворӣ на дар системаи киштгардонӣ, балки майдонҳои доимӣ ва мавриди андохтани нуриҳои органикӣ ба миқдори зиёд ва маҳв намудани алафҳои бегона ба василаи гербитсидҳо парвариш карда мешаванд.
Дар айни замон дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои зиёд ва гибридҳои ҷуворимакка парвариш карда мешаванд. Аз ин рў интихоби дуруст барои шароитҳои хоку иқлими мушаххас шарти муҳими ба даст овардани ҳосили баланди хўрокаи пурқувват ба ҳисоб меравад. Ин бо он алоқаманд аст, ки ғун кардани моддаҳои ғизоии бештарро аз воҳиди майдони ҷуворимакка дар давраи нимдумбул гаштани дон соҳиб мегардад, аз ин рў чунин навъҳоеро коштан зарур аст, ки дар хоки иқлиму шароиташ мушаххас ба ҳамин давра мутобиқ бошанд.
Дар ноҳияҳое, ки давомнокии давраи нашвӣ басанда мебошад, ба хусус дар мавриди парвариши ҷуворимакка барои хўрока онро ба сифати зерзироат ва зироати даравшаванда истифода бурда, дар ин маврид ҳосили баланди хўроки чорво ба даст овардан мумкин аст.
Ҳангоми ҷамъоварии ҷуворимакка дар давраи нимдумбулии дон анбўҳи сабзи он миқдори зиёди карбогидрадҳои ба хубӣ ҳалшавандаро соҳиб буда ва хуб силос мешавад. Ҳангоми ҷамъоварӣ дар давраи нисбатан барвақти нашв, ки баъзан дар баъзе ноҳияҳои парваришкунандаи ин зироат ба мушоҳида мерасад, анбўҳи сабзи он намнокии зиёд (бештар аз 70%)-ро соҳиб аст, бинобар ин бо мақсади паст фаровардани талафёбии моддаҳои ғизоӣ ҷуворимаккаро бо иловаи растаниҳои хўроквории нисбатан хушк, бештар коҳ якҷоя силос мекунанд.
Офтобпараст. Офтобпараст зироати равғандиҳанда буда, то 400 с/га, дар мавриди шароитҳои мусоид бошад, то 800 с/га ва аз он ҳам зиёдтар анбўҳи сабз медиҳад; ба хубӣ ҳам дар шакли аслиаш ва ҳам дар омехтагӣ бо дигар растаниҳо силос мегардад.
Силоси он сафеда, карбогидрат, моддаҳои минералӣ ва витаминҳои сабукҳазмшаванда дорад. Аз рўи сифати емворӣ ва ҳосилнокиаш офтопараст каме аз ҷуворимакка қафо истад ҳам, нисбат ба гармӣ камталаб аст ва бо давраи нашвии кўтоҳаш фарқ мекунад.

пешина
аз 164
навбатӣ