Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Бинобар ин дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ онро дар якҷоягӣ бо ҷуворимакка ё дар шакли аслӣ мекоранд. Дар чунин шароитҳо вай дар таркиби анбўҳи сабзи худ нисбат ба ҷуворимакка моддаи хушки баландсифатро соҳиб мебошад, ки барои ба даст овардани силоси арзишнокро таъмин мекунад. Ба ғайр аз ин тухмии офтобпараст дар ҳарорати нисбатан паст (4- 60С) месабзанд, майсаҳояш бошанд, аз хунукиҳои кўтоҳмуддат зарар намебинанд. Ин имконият медиҳад, ки офтобпараст хеле барвақт кишт карда шавад ва бо ин давраи нашвиро хубтар истифода баранд.
Навъҳои офтобпараст аз ҷиҳати махсусиятҳои биологиашон хело гуногун мебошанд, аз ин рў шаклҳои хўрокии онро, ки аз қабили ҷамъ намудани анбўҳи нашвии боқувват бошанд, кишт намудан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Бештар аз ҳама барои кишти офтобпараст хокҳои гилӣ (гилхок) ва регин (регхок), ки аз пору бой мебошанд, мувофиқ аст. Парвариши он дар дарёбодҳо натиҷаи хуб медиҳад. Дар хокҳои сабуки регдор ва гарми гилин офтобпараст бе пошидани нуриҳои органикӣ ва минералӣ ба миқдори зиёд ҳосили баланд намедиҳад. Вай дар хокҳои турш низ бад мерўяд.
Бо мақсади баланд бардоштани сафеда дар офтобпарасти барои силос таъингашта баъзан онро бо зироатҳои лўбиёӣ-нахўд, лўбиё, ҳамчунин сулӣ кишт мекунанд. Ҷузъҳои чунин омехтаро баъзан ба тарзи алоҳида низ мекоранд: офтобпарастро барвақттар, дар байни ниҳолҳои он пас аз коркарди қаторӣ, дигар зироатҳоро ҷой медиҳанд.
Офтобпарасти барои силос таъингаштаро дар оғози гулкунӣ, то дағал гаштани пояаш ҷамъоварӣ мекунанд. Агар силос барои хўрокаи чорвои калони шохдор таъин шуда бошад, он гоҳ офтобпарастро дар давраи ташаккул ёфтани сабадчааш то гулкунӣ медараванд. Дар мавридҳое, ки офтобпарастро дар якҷоягӣ бо ҷуворимакка мекоранд, мўҳлати ғундоштани ҳосилро барои силос аз рўи ҷуворимакка муайян мекунанд.
Бехмевагиҳои хўрокӣ чорво. Бехмевагиҳои хўрокӣ, гарчи нисбатан қисмати ками майдонҳои киштро ишғол менамоянд, ба шарофати махсусиятҳои сифатии хеш дар мувозинати хўрокӣ нақши хеле зиёдро мебозанд. Онҳо моддаҳои ғизоии арзишноки бешумор дошта ва барои говҳо воситаи шировар ба шумор мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё