Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Хўрокҳои растанигӣ ба ҳаҷмнок ва серғизо ҷудо мешаванд.
Хўрокҳои ҳазмнок-хўрокҳои дурушт ва ширадор мебошанд. Ба ин гурўҳ хўрокҳое дохил мешаванд, ки дар 1кг онҳо аз 0,65 воҳиди хўрокӣ зиёд нест.
Ба хўрокҳои дурушт беда, коҳ, пахол, резамайдаи хўрокӣ, сутаи бедони ҷуворимакка ва пояи ҷуворимакка мансубанд.
Хўрокҳои ширадор ба сершира ва сероб ҷудо мешаванд. Ба гурўҳи ҳурокҳои сершира хўрокҳои сабз, силос, тарбеда, бехмеваҳо, хўрокҳои полизӣ, ба хўрокҳои сероб тилф, дурда ва дигар боқимондаҳои сероби корхонаҳои қандбарорӣ, винопазӣ, пивопазӣ, крахмалбарорӣ дохил мешаванд.
Ба хўрокҳои серғизо ғалладонагиҳо, маҳсулоти коркарди онҳо, боқимондаҳои истеҳсолоти равған ва орди алаф дохил мешаванд.
Ба хўрокҳои маҳсули чорво инҳо мансубанд: орди хун, орди гўшт, орди гўшту устухон, орди моҳӣ, шир ва маҳсулоти коркарди он.
Омехтаи хўрокҳои серғизо (комбикорм) барои чорвои алоҳида намудҳо ва синну соли гуногун дар заводҳои махсус аз рўи ресептҳои илман асоснок кардашуда истеҳсол карда мешаванд.
Препаратҳои синтетикӣ низ дар корхонаҳои махсус истеҳсол мешаванд.
Боқимондаҳои хўрокаҳо-ин боқимондаҳои ошхонаҳо, тарабхонаҳо, дигар муасиссаҳои хўрокӣ умумӣ ва аҳолӣ мебошад, ки дар хўронидани хукҳо истифода бурда мешавад.
Ба хўрокҳои минералӣ намаки ошӣ, бўр, фосфатҳо, намакҳои микроэлементҳо ва ғ., ба иловаҳои биологии фаъол-препаратҳои витаминӣ, ферментӣ, антибиотикҳои хўрокӣ ва дигар моддаҳои биологии фаъол дохил мешаванд.
Дар хўронидани чорво асосан хўрокҳои растанигӣ истифода бурда мешавад, ки ба таркиб ва ғизонокии онҳо омилҳои зерин таъсир мерасонанд: намуд ва навъи растанӣ; типи хок ва водии парвариш; боду ҳаво; агротехникаи парвариш; меъёри истифодабарии нуриҳо; давраи кашфи зироат; тарзи тайёр кардан; шароити нигоҳдорӣ; технологияи тайёр кардан ба хўронидан.
Таркиби химиявӣ ва ғизонокии хўрокҳо (дар 1кг).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё