Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои серғизо гаштани заминҳои боғ дар байни дарахтон дар масофаи 1,5 – 2,5 метр аз танаи дарах кишт намудани омехтаи баъзе аз зироатҳои кишоварзӣ ба монанди лубиёгиҳо, шабдар , мош , нахўд, каду, полезиҳо, сабзавот, катрошка, пахта, ғалладонагиҳо барои бо самар истифода бурдани майдони боғот мусоидат менамояд. Вале дар байни қаторҳои дарахтон кишт намудани ҷуворимакка, тамоку ва офтобпараст, ки танаи баланд доранд он қадар ба фоидаи кор нест.
Дар боғҳои лалмӣ охири фасли зимистон дар назди дарахтон барфро захира намуда, шибба намудани аз чорабиниҳои захира намудани намӣ ба шумор меравад. Ин чунин аввали баҳор дар назди танаи дарахтон тайёр намудани ҳалқаобҷамъкунак барои ҳар дарахт алоҳида фоидаи хуб дорад. Дар назди дарахтон инчунин бо хок омехта намудани поруи пусида ва хокистар низ барои захира гаштани намӣ дар боғҳои лалмӣ кўмак мерасонад.
Дар ҷумҳури олимон бисёр навъҳои серҳосили меваю ангурро ба даст овардаанд ва ба истеҳсолот тавсия додаанд.
Инчунин дар бисёр қишлоқҷойҳо навъҳои маҳалии хуштаъму серҳосил мавҷуданд. Бисёр хуб мешуд, ки барои ин навъҳои дар муддати солҳои дарози таърихӣ ба даст овардаи маҳалиро деҳқонони ботаҷриба нигоҳ доранд. Бо роҳи пайванд намудани ин навъҳои нодир, фоидаоварӣ ва умри онҳоро метавон дароз намуд.

БОБИ 9. ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ ЧОРВО
Хўрокаҳо. Хўрока маҳсулоти набототӣ ва чорвоӣ мебошад, ки дорои моддаҳои ғизоноки осон ҳазмшаванда буда, ба ҳолати сиҳатии чорво ва сифати маҳсулот таъсири манфӣ намерасонад.
Хўрок чорворо бо моддаҳои ғизоие, ки барои фаъолияту инкишофи организм ва ҳосил кардани маҳсулот заруранд, таъмин менамоянд.
Хўрокҳо аз рўи таркибӣ ботаникӣ, манбаи истеҳсол, ҳосилҳои технологӣ, таркиби химиявӣ ва таъсирашон ба организми чорво аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳамаи хўрокҳои дар чорводорӣ истифода мешудагиро мувофиқи стандартҳои мавҷуда бо гурўҳҳои зерин ҷудо мекунанд:
хўрокҳои растанигӣ; хўрокҳои маҳсули чорво; омехтаи хўрокҳои серғизо; препаратҳои синтетикӣ; боқимондаҳои хўрокаҳо; хўрокҳои минералӣ; иловаҳои биологии фаъол.

пешина
аз 164
навбатӣ