Қонуни тиб

Некфарҷомтари ин он бошад, ки тагшин сиёҳу об сиёҳ набошад; [тагшини] сурх далели серхунӣ ва нопухтагист; [тагшини] зард бар шиддати гармӣ ва палидии беморӣ далолат кунад; [тагшини] сафед бошад, чи тавре ки гуфтем, баъзеи он сутуда ва баъзеи он накӯҳида буда, хилмӣ, римӣ ва кафкие бувад, ки мухолифи пухтагист; [тагшини] сабз бошад, онро низ роҳ ба сӯи сиёҳист; 2) ё ба бӯй бувад ва ин ба гунаест, ки оварда шуд.
[Далолати тагшин] аз ҷиҳати ниҳод чунин аст, ки [ё] аз ҷиҳати ҳамвории худ ва [ё] аз ҷиҳати парокандагии худ [далолат кунад]. Ҳамворӣ андар тагшини сутуда хубтар ва андар накӯҳида бадтар бувад. Парешонӣ далолат бар бодҳо ва нотавонии гувориш кунад.
Далели тагшин аз ҷиҳати ҷойгузинӣ чунин аст: ё бар сари пешоб бошад ва онро «абр» (ғамом) хонанд; ё овезон буда, андар миёнҷо истода бувад ва ин беш аз аввалӣ пухтатар бошад. Беҳтарин тагшини овехта он аст, ки [майли] пурзҳо ва ҳаракати он ба фурӯсӯ буванд; ё андар зер нишаста бошад ва он аз ҷиҳати пухтагӣ аз ҳама беҳтар бувад. Ин буд андар хусуси тагшини сутуда.
Аммо тагшини накӯҳида бошад, [чунин аст]: дурусттари он сабуктари он бошад, масалан, тагшини сиёҳ ва ин андар табҳои тез чунин аст. Инчунин агар хилт балғамӣ ва ё савдовӣ бошад, «абр» беҳтар аз нишастааст, зеро он далолат ба тунукшавӣ дорад, вале сабаби гардиш боде бувад, ки ниҳоят зиёд аст. Агар чунин набошад, шини гарданда хубтар бошад. Сипас шини овезон ояд ва бади он ба зер раванда бошад. Сабаби гардиши [он] гармии ба барсӯ бароянда ва ё бод бувад.
Тагшини аз об ҷудошаванда андар [пешоби] ситабр, хусусан агар он сабук бошад, бар сари об биистад ва андар пешоби тунук ба зер нишинад.
[Тагшини] овезон ва бар сари об гарданда агар андар ибтидои беморӣ падид омада, сипас давом бикунад, далолат бар он дорад, ки буҳрон аз тариқи хуроҷ ба амал ояд, лекин лоғаронро ба иллати он чи ки пеш ёд кардем, беморӣ бо [зуҳури] тагшини сутудае, ки бар сари об ва ё овезон аст, бигзарад.
Тагшини бар сари об истода ва овезони пиҳӣ агар ба бофтаи тортанак монанд ва ё чун барҳам нишастани зулбиё (зулобӣ) бошад, нишонаи бад аст.
Бисёр бошад, ки туфолаи бар сари об гардандани нохубе падид ояд ва аз он бим кунанд, вале он оғози пухтан ва хуб гардидан буда, сипас овезон шавад ва баъд аз он ба зер нишинад, ки ин далели ғайри бад бувад. Аммо агар аз паси он тагшинҳои бад оянд, [94] пас, биме воҷиб ояд, ки ба оғози кор ба миён омада буд.
Далолати тагшин аз ҷиҳати замони худ чунин аст, ки агар баробари пешоб кардан тагшин ба нишастан шитобад, нишонаи хуби пухтагист ва агар дарангӣ намуда, ба зер нанишинад, далели ба қадри ҳоли хеш нопухта будан аст.
Далолат аз ҷиҳати ҳайати омехтан ҳамон таврест, ки ҳангоми баён намудани пешоби хун ва равған ёд кардем.
Фасли ҳафтум андар далелҳои бешию камии пешоб
Камии миқдори пешоб нишони нотавонии қувват аст.
Пешобе, ки аз [миқдори чизи] ошомида камтар бошад, бар
ҳалшавии зиёд, ё кушодагии шикам, ё пазирои истисқо гардидан гувоҳӣ диҳад.
[Пешоби] миқдораш бисёр гоҳе аз гудозиш ва аз берун омадани фазлаҳои андар тан обшуда огоҳӣ диҳад ва бар донистани фарқи миёни ҳар ду ба тавассути ҳоли қувват роҳ метавон ёфт.
Пешоби бадранге, ки бар бадӣ далолат дорад, ҳар андоза фаровонтар ояд, некфарҷомтар хоҳад буд ва агар канда-канда ояд, бештар ба бадӣ далолат кунад, чунонки пешоби сиёҳ ва ситабр ҳамин гуна бувад.
Пешобе, ки ҳолатҳои шӯрида дошта, гоҳе бисёр ояд, гоҳе кам ва гоҳе боздошта гардад, далели он бошад, ки ғариза кӯшиши тоқатфарсое дорад ва ин далели бад бувад.
Пешоби фаровон ба ҳангоми бемориҳои тезрав, агар аз паси он осудагие ҳосил нашавад, далели диққ ва ё турунҷидагие бошад, ки аз илтиҳоб ба амал ояд. Арақ ҳам ҳамчунин аст.
Пешобе, ки ҳангоми бемориҳои тезрав аз ғайри рехтан чакра-чакра бичакад, далели офате андар мағз бошад, ки ба сӯи асаб ва мушакҳо бигузарад. Агар таб сокин бошад ва (146) нишонаҳо ҳама нишонаҳои тандурустӣ бошанд, аз [падид омадани] хуни бинӣ ҳушдор бидиҳад, вагарна бар шӯридагии ақл ва табоҳии [зеҳн] далолат кунад.
Агар пешоби каси тандуруст кам шуда, тунук бигардад ва бад-ин ҳол дер давом намуда, гаронӣ ва дарде андар камар ҳис карда шавад, далели он бошад, ки андар атрофи гурда омоси сахт аст.
Ҳар гоҳ ҳангоми бемории қулинҷ пешоб фаровон ояд, алалхусус агар сафед бошад ва ба осонӣ бирезад, аз беҳбудӣ мужда диҳад.
Фасли ҳаштум гуфтори ҳамагонӣ андар пешоби пухтаи солим ва хуб
Ин [пешоб] андар қивом муътадил, рангаш латифу моил ба турунҷӣ, тагшинаш сутуда буда, бар сифатҳое бошад, аз қабили сафедӣ, сабукӣ, ҳамворӣ ва гирдашаклӣ, ки ёд шуданд ва бӯяш бояд муътадил буда, на ганда бошад ва на бебӯй.
Мисли ин гуна пешоб агар ҳангоми беморие, ки ба ғояти тезӣ расидааст, якбора пайдо шавад, далели беҳбудие бошад, ки андар рӯзи дуввум оғоз ёбад.
Фасли нуҳум андар пешобҳои синҳо
Пешоби кӯдакон аз ҷиҳати ғизо ва тарии мизоҷи эшон ба [ранги] ширӣ наздик буда, бештар ба сафедӣ гарояд. Пешоби бачагон ситабртару рӯиҳамрафтатар аз [пешоби] барноён буда, бештар кафковар аст, ки мо инро пеш аз ин ёд кардем. Пешоби барноён ба ранги оташӣ бизанад ва андар қивом муътадил бувад.
Пешоби думӯягон ба сафедӣ ва тунукӣ гарояд ва гоҳе ба ҳасби фазлаҳои эшон ва зиёдии берун омадани онҳо ситабр бувад.
Пешоби пирон сахт тунук ва сафед бувад ва ситабрии ёдшуда андар [пешоби] эшон ба нудрат рӯй диҳад. Ҳар гоҳ пешоби эшон сахт ситабр бошад, дар маърази падид омадани санг бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё