Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин ниҳоят бад буда, аз ҳамаи синфҳои тагшин, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард, бадтар аст ва далолат бар он дорад, ки аз қишрҳои андомҳои аслӣ канда шудаанд.
Ду ҷинси нахустин, албатта, аксар вақт зиёне надоранд, балки гоҳе обгаҳро тоза хоҳанд кард. Баъзе касон ҳикоят кунанд, ки чун мардеро коғанаҳо додаанд, пӯстлохҳои сафеде пешоб кардааст, ки мисли пардаи болои хояи мурғ буда, чун андар об бимолидаанд, ҳал гардида, ранги сурх аз худ баровардааст. Ин [мард] шифо ёфта, боз зиндагӣ кардааст.
Аз [тагшини] тарошамонанд чизест, ки ба паҳно хурдтар аз ҳар ду тагшини ёдшуда ва андар қивом сахттар [аз онҳо] бувад. Агар сурх бошад, «говдонаӣ»-яш хонанд ва агар сурх набошад, «сабӯсӣ»-яш гӯянд. Агар [тагшини] говдонаӣ сурх бошад, гоҳе ҷузъҳои сӯхтае бошанд, ки аз ҷигар оянд, гоҳе мумкин аст хуне бошад, ки андар он сӯхтааст ва гоҳе аз гурда ояд, лекин [говдонаии] аз (144) гурда буда бештар часпон ва гӯштист ва ду [навъи] дигар бештар чизеро монанд, ки гӯштӣ нест ва зудтар аз ҳам резанда бувад. Агар бисёр ба зардӣ бизанад, пас он ночор аз гурда бошад. Оне, ки аз ҷигар аст, ба сурхи сиёҳхеста бизанад ва гоҳе андар ин [ранг] бо вай оне анбозӣ кунад, ки аз гурда ояд.
Аммо [тагшини] сабӯсӣ мумкин аст аз гари обгаҳ ва ё [93] аз гудозиши андомҳо бошад ва фарқ миёни ҳар ду он аст, ки агар андар ин ҳол андар буни нара хорише ва [тагшини омада] бадбӯй бошанд, пас, вай аз обгаҳ бувад. Хусусан агар пеш аз он пешоби римнок омада бошад ва хусусан агар ҳамаи дигар далелҳо бар пухтагии пешоб далолат кунанд, он гоҳ чунин бармеояд, ки мизоҷи рагҳои болоӣ дуруст буда, ҳеҷ иллате надоранд, балки [иллат] обгаҳро бувад. Аммо агар [чунин пешоб] ҳамроҳ бо афрӯхтагӣ, нотавонии қувват ва саломатии андомҳои пешоб бошад ва ранги [он] ба тирагӣ гарояд, пас, вай аз гудозиши [андомҳо] бувад.
Бештари [тагшини] пистӣ ва ба гандуми нимкӯфта монанд аз сӯхтагии хун ва моил ба сурхист. Агар ба сафедӣ гарояд, мумкин аст бештар аз гудозиши андомҳо ва рандидани онҳо ва гоҳе низ аз обгаҳи ба гарӣ гирифтор ба амал ояд. Ту метавонӣ ваҷҳи фарқро миёни ин ду ба ёрии он чи ки донистӣ, муайян созӣ.
Агар [тагшини ба гандуми нимкӯфта монанд] ба сиёҳӣ гарояд, пас, он хусусан андар испурч аз сӯхтани хун падид омада бошад.
Ҳамаи тагшинҳои баргакие, ки аз сабаби андар обгаҳ, гурда ва роҳҳои пешоб ҷойдошта нестанд, ҳангоми бемориҳои тез бад ва ҳалокатоваранд ва ту аз миёни онҳо ҳоли [тагшини] гӯштиро донистӣ, ки бештар вақт он аз гурда ояд ва чӣ вақт аз гурда наояд. Вай ҳангоме аз гурда бошад, ки гӯшти [шини] гӯштӣ дуруст буда, андар бадан гудозише набошад ва пешоб пухта бошад. Агар таб бошад ва пешоб нопухта бошад, пас, он аз гудозиши андомҳои тан бувад.
Пешоби пухтагӣ далели дурустии варидҳост. Чунки иллатҳои гурда пухтани пешобро боз намедоранд, зеро пухтан қабл аз расидан ба [гурда] аст.
Тагшини пиҳӣ далели гудозиши пиҳ, равған ва низ гӯшт аст. Расидатарини он ба оби зар монанд аст. Ба саргаҳи он аз тариқи камию бешӣ ва аз омехтаю холис будани он огоҳӣ пайдо кунанд. Агар вай бисёр бошад ва ҷудо шуда истад, пас, эҳтимоли аз ноҳияи гурда омаданро дорад ва

ба иллати гудозиши пиҳи он бувад. Агар андак ва сахт омехта бошад, пас, вай аз маҳалли дуртаре омадааст. Агар андар пешоб пораи сафедеро бибинӣ, ки донаи анорро монад, пас, он аз пиҳи гурда бувад.
[Тагшини] римӣ далели реши кафидае бошад, ки хусусан андар андомҳои пешоб [ҷой дорад] ва ин хусусан [ҳангоме бошад], ки туфолаи сутудаи ба зер раванда бошад.
[Тагшини] хилмӣ бар хилти ситабри хоме далолат кунад, ки ё андар тан бисёр аст, ё аз афзорҳои пешоб берун ронда шудааст ва ё ҳамчун буҳрони қавин ва дарди пайвандгоҳҳо бувад. Бар он аз тариқи сабукие огоҳӣ пайдо кунанд, ки бар асари он ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст латифу тунук гардида, ҳамчун тагшини сутуда пиндошта шавад. Бад-ин сабаб андар бемориҳои тез агар вақти пухтан нарасида бошад ва далеле андар даст набошад, бо дидани он чи ба ҳайати тагшини сутудааст, набояд ғарра шуд. Гоҳе ин [тагшин] бар шиддати сардии мизоҷи гурда далолат кунад.
Фарқ миёни тагшини римӣ ва хом он аст, ки римӣ бадбӯй бувад, пеш аз он далели омос омада бошад ва ҷузвҳои он ба осонӣ ба ҳам боз оянд ва аз ҳам ҷудо шаванд. Баъзеи он бо бахши [обӣ] сахт биомезад ва баъзеи дигар ҷудо бошад. Аммо [тагшини] хом тираи ситабр буда, ба осонӣ фароҳам наояд ва ба осонӣ парешон нагардад.
Пешобе, ки андар он тагшини хилмӣ зиёд аст, агар фаровон ояд ва андар анҷоми ниқрис ва дарди пайвандгоҳҳо бошад, аз некӣ огоҳӣ диҳад.
[Тагшини] мӯймонанд ба сабаби он бошад, ки тарӣ аз гармии андар вай коракунанда ба дарозо баста гардад. Гоҳе сафед ва гоҳе сурх бувад ва андар гурда баста гардад.
Гӯянд, ки гоҳе дарозии он ба якчанд ваҷаб бирасад.
[Тагшине], ки пораҳои хамири гудохтаро монад, бар нотавонии меъдаю рӯдаҳо ва бадгуворидани онҳо далолат кунад. Гоҳе сабаби [ин тагшин] хӯрдани ширу панир бувад.
[Тагшини] регӣ ҳамеша бар санги сахтшуда, ё сахтшуда истода, ё ҳалшаванда гувоҳӣ диҳад. Сурхранги он аз гурда ояд ва оне, ки сурх нест, аз обгаҳ омада бошад.
[Тагшини] хокистарӣ бештар бар балғам ва ё риме далолат кунад, ки дер истодан ранги вайро бигардонад ва ҷузвҳоро бибурад. Гоҳе ин [тагшин] ба сабаби сӯзише бошад, ки [балғаму римро] ориз бигардад.
Тагшини ба хуни баста монанд, агар сахт омехта бошад, ба нотавонии ҷигар далолат кунад ва ё агар чунин набошад, бар реши роҳҳои пешоб ва гусастагии пайвастагии (145) онҳо далолат хоҳад кард. Агар ин [тагшин] ҷудо шавад, пас, бештар аз обгаҳ ва нара омадааст ва мо инро андар бемориҳои ҷузъӣ андар боби «пешоби хун» муфассал баён хоҳем кард. Агар андар пешоб мисли хуни бастаи сурх [чизе] бошад ва бемор ба бемории испурч гирифтор бошад, испурчи ӯ пажмурда шавад. Бидон, ки ҳангоми бемориҳои обгаҳ хуни зиёде наояд, зеро рагҳои он бо ҳам омехта буда, андар гавҳари он пинҳонанд ва борику кам бошанд.
Аммо далолати тагшин аз ҷиҳати камияти он чунин аст:
[тагшин] ё аз ҷиҳати бешию камии худ бар бисёрӣ ва камии сабаби онро ба амал оваранда ва ё аз ҷиҳати андоза бар хурдию бузургии он далолат кунад, чунонки мо андар баёни тагшини тарошамонанд ёд кардем.
Далолати тагшин аз ҷиҳати кайфияти он: 1) ё ба ранг бувад. Аз ҷумла [тагшини] сиёҳ далели баде бар ҳолатҳои ёдшуда бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ