Қонуни тиб

Бӯе, ки ба ширинӣ бизанад, [92] бар ғалабаи хун гувоҳӣ диҳад. Бӯи ниҳоят бад сафровӣ ва бӯи баде, ки ба турушӣ бигарояд, савдовист.
Пешоби бадбӯй агар тандурустонро давом кунад, далолат бар табҳое дорад, ки аз гандидан падид оянд ва ё далолат бар афшонда шудани гандагии андар тани эшон боздошташуда дорад. Бар ин [ҳол] вуҷуди сабукие шаҳодат бидиҳад, ки бар асари ин [пешоб] ба амал хоҳад омад.
Агар ҳангоми бемориҳои тез аз пешоби бадбӯй бӯи андар ин ҳангом лозимаи он ҷудо шуда, нест шавад ва ин нестшавӣ якбора буда, аз паси он осудагие ба амал нояд, пас, ин нишонаи афтидани қувваҳо хоҳад буд.
Фасли панҷум андар далелҳое, ки аз кафкҳо бигиранд
Кафкҳо аз тарӣ ва боди андар об ҷойшуда баробари резиши пешоб падид оянд. Боде, ки ҳамроҳи пешоб берун ояд, [низ] ночор ёрӣ диҳад. Хусусан ин ҳангоме бошад, ки агар бод андар об ғолиб бошад, чунонки андар пешоби худовандони тамаддуд ҳубобҳои зиёде ба амал оянд.
Кафк ё бо ранги худ далолат кунад, чунонки бо сиёҳӣ ва сурхчатобӣ бар ярақон гувоҳӣ диҳад, ё бо бузургию хурдии худ далолат кунад, чунонки бузургии он далели часпак будани вай аст, ё бо камию бешии худ далолат кунад, чунонки бисёрии он далолат бар часпакӣ ва боди зиёд бошад, ё бо дер ва ё зуд кафидани [ҳубобҳои худ] далолат кунад, чунонки дер кафидани [ҳубобҳои] он далел бар часпакист ва боқӣ мондани ҳубобҳо ҳангоми бемориҳои гурда ба дер кашидани беморӣ далолат кунад, зеро он далели бодҳо ва часпакист. Умуман, хилти часпак андар бемориҳои гурда бад аст ва бар хилтҳои бад ва сардӣ гувоҳӣ диҳад.
Фасли шашум андар далелҳои анвоъи тагшинҳо
Нахуст гӯем: истилоҳи пизишкон андар ба кор бурдани калимаҳои «тагшин» (русуб) ва «туфола» (суфл) аз равиши мутаориф берун рафтааст, чунки эшон «тагшин» ва «туфола» гуфта, на танҳо чизеро хоҳанд, ки андар зер бинишинад, балки ҳар гуна гавҳареро бихоҳанд, ки қивомаш аз [гавҳари] обӣ ситабртар буда, аз он ҷудо бувад ва агар овезон ва бар [сари пешоб] бошад ҳам, [фарқе надорад].
Пас мо гӯем: бо ёрии тагшин аз чанд руй огоҳӣ пайдо кунанд: аз роҳи гавҳари он; аз роҳи камияти он; аз роҳи кайфияти он; аз роҳи ниҳоди ҷузвҳои он; аз роҳи қароргоҳи он; аз роҳи ҳангоми он; аз роҳи чигунагии омехтани он.
Аммо далолат аз ҷиҳати гавҳари он чунин бошад: вай ё тагшини табиии сутуда буда, бар гувориш ва пухтагии табиӣ далолат кунад. Ин [тагшин] (143) сафед, ба зер хобанда, ҷузвҳояш бо ҳам пайваста, монанд ва ҳамвор буванд. Бояд он гирдашакл, ҳамвор, латиф ва ба тагшини гулоб монанд буда, нисбати далолаташ бар пухтагии модда андар тамоми тан чун нисбати далолати рими сафеди ҳамвори андар қивом якранг бар пухтагии омос бувад, лекин рим касиф буда, ин латиф аст. Тагшин ва туфола агарчи беранг ва
ноҳамвор бошанд ҳам, далели хубанд.
Ҳамворӣ ба наздики [пизишкони] пешини пешиниён бар пухтагӣ беш аз ранг далолат кунад, зеро [тагшини] ҳамворе, ки на он қадар сафед, балки сурх аст, беҳтар аз сафеди дурушт бувад.
Бештар вақт тагшин ба ранги пешоб аст. Хубтарини он тагшине бошад, ки баъди сафед ояд ва он сурх, сипас зард ва баъд зирнихист. [Тагшини] бад аз наскгуни он оғоз ёбад.
Ту бар он чи ки дигарон гӯянд, диққат надеҳ, зеро сафедӣ гоҳе мумкин аст на ба иллати пухтагӣ бошад, вале ҳамворӣ ҷуз ба иллати пухтагӣ нест. Гоҳе сафедӣ аз сабаби боде бошад, ки сахт омехтааст.
Аммо тагшинҳои бади накӯҳида бошанд, парокандагии онҳо беҳтар аз ҳамвории онҳост. Тагшини бад он тагшине аст, ки ба наздикӣ хоҳӣ донист.
Аммо тагшини хуб, ки гуфтори мо андар баёни вай аст, гоҳе ба рими тунук ва [хилти] хоми тунук монанд аст. Лекин рим бо бадбӯӣ ва [хилти] хом бо дарҳам рафтагии ҷузвҳои хеш аз он фарқ кунанд ва худи он аз ҳар дуи онҳо бо тунукию сабукӣ фарқ дорад. Ин тагшин андар бемориҳо матлуб аст, вале андар ҳоли тандурустӣ номатлуб бувад.
Аз баҳри он ки шубҳае нест, андар тан ва рагҳои бемор моддаҳои бад боздошт шудаанд ва агар напазанд, ин далел бар табоҳӣ бошад. Аммо тандурустро на ҳамеша воҷиб аст, то андар рагҳои вай хилте бошад, ки афшонда шавад, балки савоб он аст, ки ин [ҳоли] эшон бар фазлаҳое аз ғизо далолат кунад, ки андар тани эшон ногуворида боқӣ мондаанд ва сипас ҳамчун фазла ҷудо гашта, андар пешоби пухта ва ё нопухта тагшин бигарданд.
Лоғарон ва хусусан касони ҳамеша бо варзиш машғул ва худовандони пешаҳои меҳнатталабро андар ҳоли тандурустӣ тагшини ба сӯи зер раванда кам бувад. Ин тагшин андар пешоби одамони фарбеҳи бекор фаровон аст. Бадин сабаб низ набояд андар пешоби беморони лоғар он тагшинеро интизор шуд, ки андар пешоби беморони фарбеҳ [аз он] интизорӣ равад, зеро бемориҳои эшон аксар вақт тавре гузашта раванд, ки [аз пешоби онҳо] чизе тагшин нагардад ва бисёр бошад, ки тагшини пешоби эшон то ба ҷудо шудан нарасад, балки гоҳе чизи каме аз он ба сари пешоб бибарояд ва ё овехта бимонад. На ҳар пешобе, ба ҷуз пешоби ниҳоят пухта, баробари рехтан тагшин шавад, балки бояд барои ин андаке сабр намуд.
Аммо тагшини ғайри табиӣ бошад, бархе аз он тарошамонанди сабӯсӣ, ё говдонаӣ, ё монанди гандуми нимкӯфта ва ё ба зирнихи сурх ва зарди хира монанд аст. Бархе аз он гӯштӣ, бархе пиҳӣ, бархе римӣ, бархе хилмӣ, бархе ба хамирпораҳои гудохта монанд, бархе шабеҳи хуни баста, бархе мӯймонанд, бархе регии сангӣ ва бархе хокистарӣ буванд.
Баъзе аз тагшини тарошамонанди пӯстӣ, ки пулакчамонанди ҷузвҳояш бузурганд, сафед ва сурх буда, бештар вақт бар он далолат кунад, ки онҳо аз андомҳои наздик ба баромадгоҳи пешоб, яъне аз андомҳои пешоб кандашуда бошанд. Сафеди ин [тагшин] далолат бар он дорад, ки вай аз обгаҳ аст ва ба сабаби он аст, ки андар [обгаҳ] решҳо, ё гар ва ё хӯра вуҷуд доранд.
[Пулакчаҳои] сурхи гӯштӣ гувоҳӣ бар он доранд, ки онҳо аз гурдаанд. Гоҳе чизе аз [тагшини] пулакчаӣ мумкин аст, тираранг буда, нилгун ва ё ба пулакчаҳои моҳӣ монанд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё