Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Пешобе], ки аз тунукӣ ба бастагӣ гарояд ва давомнок бошад, беҳтар аз оне бувад, ки андар бештари вақтҳо бар ҳоли бастагӣ истода бошад. Бисёр бошад, ки пешоб аз барои афтидани қувват ситабр ва тира бигардад, на аз барои рондани табиат.
Пешобе, ки ҳамчун об берун ояд ва ҳамчун об боқӣ бимонад, пас, ин, албатта, далел бар адами пухтагист. Сутудатарини пешоби ситабр он бошад, ки ба осонӣ берун ояд ва якбора бисёр бирезад. Ин гуна [пешоб] бемории фалаҷ ва ҳар чизи ба равиши он бударо шифо бахшад.
Агар пешобҳо ситабр буда, сипас тадриҷан баробари фаравон омадан тунук шудан гиранд, ин сутуда бошад.
Гоҳе аз паси [пешоби] ситабри тираи кам [пешоби] ситабри тираи зиёд ояд, ки ин далели хуб аст ва ин ҳангоме бошад, ки [пешоби] ситабри тираи кам-кам оянда фаввора занад ва якбора пешоби бисёре ба осонӣ берун ояд. Бисёр бошад, ки бо ҳамин беморӣ бартараф гардад ва он хоҳ ягон табе аз табҳои тез бошаду хоҳ ғайри он буда, яке аз бемориҳои пурӣ бошад ва хоҳ пурие бошад, ки ягон бемории маълуме аз он падид наомада бошад, [фарқе надорад]. Ин навъи пешоб нодир аст.
Агар пешоби рангаш табиӣ андар ситабрӣ ба ифрот бирасад, гоҳо аз хубии афшонда шудани моддаҳои зиёд гувоҳӣ диҳад ва инро ба осонӣ берун шудани [пешоб] тасдиқ намояд ва гоҳо мумкин аст ба иллати огоҳӣ додан аз бисёрии хилтҳо ва нотавонии қувват бар талафшавӣ далолат кунад ва ба душворӣ берун омадани [пешоб] ва камии миқдори беруномада аз он гувоҳӣ диҳанд.
Андар пешоби ситабри хубе, ки он буҳрони бемориҳои испурч ва табҳои омехта бошад, яксонии [тагшинро] набояд интизор шуд, зеро табиат кори рондан бикунад.
Пешоби ба ҷумлагӣ пошхӯрда бар бисёрии хилтҳо ва бар машғул будани табиат бо онҳо ва бо пазондани онҳо далолат бикунад.
Пешоби ситабре, ки дорои тагшини зайтиранг аст, далолат бар санг дорад.
Аз пешоби ситабри аз кафидани омосҳо огоҳидиҳанда аз тариқи он чизе, ки бо вай омехтааст ва аз тариқи он чизе, ки пеш аз вай биёяд, далел бигиранд: аз тариқи чизи бо вай омехта ин тавр дарёбанд, ки масалан, агар рим бошад, бӯи бад ва пардачаҳои гусастае бар вай далолат кунанд, ки чун пулакчаҳои сафед ва ё сурх, ё чун сабӯс ва ё чун ғайри он аз чизҳое бошанд, ки аз онҳо баъд огоҳӣ пайдо карда хоҳад шуд; аммо аз тариқи чизи пеш аз вай омада бошад, ин тавр дарёфта шавад: агар пеш аз ин нишонаи омос ва ё реше андар обгаҳ, ё гурда, ё ҷигар ва ё атрофи сина ҷой дошта бошад, [ин пешоб] огоҳӣ аз он диҳад, ки омос кафидааст; агар пеш аз вай пешобе ба ранги мағзобаи гӯшти тоза омада бошад, пас, [ин пешоб] аз [омоси] кӯжии ҷигар [хабар диҳад] ва ё [агар] бироз ҳам чунин бошад, пас, омос андар бари фурӯрафтаи [ҷигар] аст; агар пеш аз он тангии нафас, сурфаи хушк ва андар андомҳои сина дарди сихзананда ба амал омада бошанд, пас ин [пешоб нишони он аст], ки зоту-л-ҷанб ҷой дорад ва он кафида, [рими он] аз ноҳияи шараёни бузург берун шуда аст.
Агар андар [пешобе], ки рим аст, пухтагӣ бошад, сутуда аст. Гоҳе пешоби каси тандурусти тарки варзиш карда мумкин аст чун рим ва зардоб берун ояд, ки аз ин бадани вай покиза шуда, фурӯҳиштагии ба иллати тарки варзиш падидомада аз ӯ биравад.
Инчунин агар андар ҷигар ва он чи ки баъди вай ояд, суддаҳо бошанд, гоҳе ситабрии пешоб ба кушода шудани онҳо ва берун омадани моддаи онҳо вобастааст ва ин ситабрӣ рим нахоҳад буд, балки он ситабрие рим хоҳад буд, ки аз кафидани [омос] аст. Агар ин пешоб ба изофаи ситабрӣ ба сиёҳӣ гарояд ва бо вай андар ноҳияи чап дард [ҳис карда шавад], пас ин [зардоб] аз ноҳияи испурч бувад. Ба ҳамин қиёс агар [дард] бар фарози ноф ва ё болотар аз шикам [ҳис карда шавад], пас, он аз ноҳияи меъда бувад. Бештари ин [рим] аз ҷигар ва аз гузаргоҳҳои пешоб бошад.
Пешоби тира бисёр бошад, ки бар афтодагии қувва далолат кунад. Ҳар гоҳ қувват биафтад, сардӣ фармонраво бигардад ва [сардии пешоб] чун сардии беруна бошад. Пешоби тирае, ки ба ранги шароби бад ва ё нахӯдоб монанд аст, занони обистанро ва худовандони омосҳои гарми дерраверо, ки андар андомҳои дарунӣ ҷой доранд, чунин бошад.
Пешобе, ки пешобҳои харон ва пешобҳои чаҳорпоёнро монад ва ба иллати зиёдии кафк чунон бувад, ки гӯӣ афшондаанд, далолат бар табоҳии хилтҳои тан бикунад. Бештар вақт ин бар [моддаи] хоме далолат кунад, ки ягон гармие андар он кора карда, боди (142) ситабре аз худ бинҳодааст ва ба ин сабаб гоҳе бар сардарде далолат кунад, ки мавҷуд аст ва ё падид хоҳад омад ва гоҳе, агар дер бимонад, бар лисарғус далолат кунад.
Пешобе, ки ба ранги ягон андоме монандӣ дорад, давом ёфтани он далели ягон беморӣ андар он андом бувад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар андар зери пешоб [чизе] ба мисли абр ва ё дуде бинишинад, беморӣ дер бикашад ва агар андар тамоми беморӣ чунин бошад, аз марг огоҳӣ диҳад.
[Пешоби] хом аз рим бо бӯи бад фарқ кунад. Пешобе, ки аз ҷузвҳои мухталиф иборат аст, агар ҷузвҳои бузург ҳар андоза бештар бошанд, ҳамон андоза бештар далолат бар он дорад, ки табиат андар вай бештар коракунанда ва тавонотар аст ва масом бештар кушода бувад.
Пешобе, ки андар вай [чизҳои] нахмонанди бо якдигар омехта дида шаванд, далолат бад-он дорад, ки пешоб бар асари ҷимоъ берун омадааст.
Фасли чаҳорум андар далелҳои бӯи пешоб

Гуфтаанд, ки ягон пешоби беморе ёфт намешавад, ки бӯяш ба бӯи пешоби тандурустон рост ояд. Мо гӯем: агар пешобро ягон бӯе набошад, далел бар сардии мизоҷ ва хомии беандоза дорад ва гоҳе андар бемориҳои тез бар марги [гармии] модарзодӣ далолат кунад. Агар дорои бӯи бад бошад ва [низ] нишонаҳои пухтагӣ дошта бошад, сабаби он гар ва решҳоеанд, ки андар афзорҳои пешоб падид омадаанд ва аз тариқи нишонаҳои онҳо бар ин огоҳӣ пайдо кунанд. Агар пухтагӣ набошад, равост, ки ба иллати гандидан бошад.
Агар ин гуна [пешоб] ҳангоми табҳои тез буда, ба сабаби андомҳои пешоб набошад, пас, вай далели баде хоҳад буд. Агар [бӯи] он ба турушӣ гарояд, далели он бошад, ки гандидан андар хилтҳои сардгавҳар ба иллати ғолиб омадани гармии бегона бар онҳо падид омадааст. Аммо агар беморӣ тез бошад, [ин гуна пешоб] далели марг аст, аз баҳри он ки вай бар хомӯш шудани гармии модарзодӣ ва ғолиб омадани сардӣ андар табъ ҳамроҳи гармии бегона далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ