Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳангоми бемориҳои тез бар нотавонии қувваи гуворанда ва адами пухтагӣ далолат намояд. Гоҳе далолат бар он дорад, ки дигар қувваҳо ба андозае нотавон шудаанд, ки албатта, андар об тасарруф кардан натавонанд ва [об] ҳамон тавре, ки андарун рафтааст, берун билағжад.
Пешоби тунуки бад-ин сифат андар бачагон бадтар аз он бувад, ки андар барноён бошад, аз баҳри он ки пешоби табиии бачагон ситабртар аз пешоби барноён аст. Чунки бачагонро тарӣ бештар бувад ва низ баданҳои эшон рутубатҳоро бештар бикашанд, чаро ки онҳо ба иллати болиш ба моддаи зиёд ниёзманданд. Бинобар он, ҳар гоҳ пешоби эшон ба ҳангоми табҳои тез ниҳоят тунук бошад, аз ҳолати табиии хеш (140) ниҳоят дур шуда бошанд ва давом намудани ин ҳоли эшон бар хатар далолат кунад ва агар он [бештар] бимонад, далели ҳалокат бувад. Вале агар ҳамроҳи ин нишонаҳои нек ва пойдории қувва ҷой дошта бошанд, дар ин сурат бар хуроҷе далолат кунад, ки хусусан андар зери ноҳияи ҷигар падид хоҳад омад, ҳамчунин агар ин бе дигаргунӣ мардумони тандурустро давом кунад, далел бар омосе бошад, ки андар маҳалли эҳсоси дарддиҳанда падид хоҳад омад. Бештар эшонро чунин рӯй диҳад, ки ба изофаи он андар камаргоҳ ва гурда дард ҳис кунанд ва ин далели пазирои омос будани он ҷо бувад. Агар баробари он дард ва гаронӣ ба ноҳияе хос набошанд, балки ҳамаро фаро бигиранд, ин далел бар табишҳо, обила ва омосҳое бошад, ки танро фаро бигиранд. На ба тадриҷ тунук шудани пешоб ба ҳангоми буҳрон аз баргаштани [беморӣ] ҳушдор бидиҳад.
Пешоби сахт ситабр андар бештари ҳолатҳо бар адами пухтагӣ далолат кунад ва камтари он ба пухтагии хилтҳое далолат кунад, ки андар қивом ситабранд ва андар поёни табҳои хилтӣ ва ё кафидани омосҳо ба амал омада, бештари далолати он андар бемориҳои тез бар бадӣ бувад. Лекин давом намудани тунукӣ бар бадӣ бештар далолат намояд. Чунки [пешоби] ситабр бар гувориши чизе далолат кунад, ки бахшандаи қивоми [пешоб] аст. Пас, [ин пешоб] аз он ҷиҳат, ки бар гувориш ва машғул будани қувва ба рондан гувоҳӣ медиҳад, мавриди умедворист ва аз он ҷиҳат, ки бар табаҳ шудани модда, бекории он ва аз пухтагии ҷудосозандаи тагшин оваранда боз истодани он далолат кунад, бар бадӣ гувоҳидиҳанда бувад. Аз ғолиби ин ду амр ба ин тариқ далел бигиранд, ки бар асари он чизе аз осудагӣ ва ё афзудани нотавонӣ ба амал хоҳад омад.
Дурусттарин [пешоб] аз ҷинси пешоби ситабр андар табҳо он пешобе бувад, ки якбора миқдори бисёре аз он берун ояд. Аммо пешобе, ки кам-кам берун ояд, далолат бар бисёрии хилтҳо ва нотавонии қувват кунад. [Бахши] судманди [пешоби ситабр] он [пешобе] бошад, ки аз паси он пешоби муътадил ва роҳатфизо ояд.
Ҳар гоҳ андар бемориҳои тез пешоби тунук ба [пешоби] ситабр бигардад ва аз паси он осоиш набошад, далели гудозиши [тан] бувад. Агар тандурустро пешоби ситабр да

вом ёбад ва андар ноҳияҳои сар дарде ва шикастагие ҳис кунад, ин ӯро ҳушдоре аз таб бувад. Гоҳе мумкин аст ин [пешоб] вайро ба сабаби фазлаҳое бошад, ки ронда шаванд ва ё [ба сабаби] кафидани решҳое бошад, ки андар атрофи гузаргоҳҳои пешоб [ба амал омадаанд].
Ситабрӣ ва тунукӣ ҳар ду барои он бар адами пухтагӣ далолат кунанд, ки аз паси пухтагӣ эътидоли қивом ба амал ояд. Бинобар он, пухтагии ситабр ин пухта, ба тунукӣ расидан ва пухтагии тунук ин пухта, ба сахтӣ расидан бувад.
Пешоби ситабр, чунонки собиқан гуфтем, мумкин аст равшани шаффоф бошад ва мумкин аст тира. Фарқи миёни [пешоби] ситабри шаффоф аз [пешоби] тунук чунин аст, ки пешоби ситабри шаффофро агар биҷунбонанд, бахшҳои мавҷзанандаи он хурд набуванд, балки андар он мавҷҳои бузург падид оянд ва ҳаракати онҳо оҳиста бувад.
Агар кафк бароварад, кафкаш дорои ҳубобҳои зиёди дер маҳвшаванда бошад. Агар ранги [кафк] ба зардӣ занад, мисли ин гуна [кафк] аз балғами хуб гуворида ва ё аз сафрои ба зардии хоя монанд падид омада бошад ва агар беранг бошад, далолат бар ҳал шудани балғами обгинагун бинамояд, ки ин бештар вақт андар пишобҳои касони ба саръ гирифтор рӯй бидиҳад.
[Пешоби] тунуке, ки бисёр рангин аст, пайдост, ки ранги вай аз пухтагӣ набошад, вагарна пухтагӣ нахуст қивомро ба амал меоварад, балки он аз омехтани талха чунин бувад. Чунки нахустин кори пазиш қивом додан ва сипас ранг бахшидан бувад. Пухтагии қивом беҳтар аз пухтагии ранг аст ва бад-ин сабаб пешоби тунуки зард, агар ҳамзамон бо бемории тезрав давом ёбад, аломати бад буда, бар афтодани қувваи гуворанда далолат кунад.
Ҳар гоҳ пешоби тунукеро бибинӣ, ки андар вай ҷузвҳои зарду сурх рафтуо доранд, пас, бар мондагии афрӯзандае ҳадс бизан ва агар [пешоби] тунукеро [бибинӣ], ки андар он чизҳое ба сони сабӯсанд [ва] андар обгаҳ иллате набошад, ин ба сабаби сӯхтагии балғам бувад. Умуман, пешоби ситабр андар бемориҳои тез [91] бар бисёрии хилтҳо далолат кунад ва гоҳе бар гудозиш. Ин пешобе бошад, ки агар соате бимонад, ях баста, ситабр бигардад. Ба таври умум тирагии пешоб ба иллати [бахши] хокии ҳамроҳ бо бодест, ки бо [бахши] обӣ омехта бошад. Ҳар гоҳ инҳо омехта гарданд, тирагӣ падид ояд ва бо ҷудо шудани бархе он аз бархе дигар равшанӣ тамомият ёбад.
Сипас, бояд ба ҳолатҳои сегона нигарист, зеро ин [пешоб]: 1) ё тунук ояд ва сипас ситабр гардад, дар ин сурат далели он бошад, ки табиат кӯшидааст, то он пухта гардад, вале модда баробари мутаассир шудан аз ҳама сӯ зери бори фармон нарафтааст ва ин гоҳе бар гудозиш гувоҳӣ диҳад; 2) ё ситабр берун ояд ва сипас равшани соф гашта, ситабрӣ ҳамчун тагшин аз он ҷудо гардад, дар ин сурат далолат бад-он дорад, ки табиат моддаро ҷабран пазондааст ва (141) равшанӣ ҳар андоза бештар ва тагшин шудан фаровонтару тезтар бошад, ин [ҳолат] ҳамон андоза бештар ба пухтагӣ далолат кунад; 3) ҳолати миёна, ки миёни якумӣ ва дигарист, агар давом кунад ва табиат қавию қувват устувор бошад, эҳтимоли он дорад, ки аз он пухтагии пурра ба амал хоҳад омад. Агар қувват устувор набошад, бими он аст, ки ҳалокат пеш аз пухтагӣ ояд. Агар ин ҳол дер бикашад ва нишонаи бимноке набошад, аз дарди сар ҳушдор диҳад, аз баҳри он ки [ин ҳол] бар ҷӯшиши [хилтҳо] ва бар бодҳои бухорӣ далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ