Қонуни тиб

Вале бештар бар он далолат кунад, ки [сафро] рӯ ба ноҳияи сар ниҳодааст. Ҳамин тавр, агар пешоб ҳангоми табҳо тунук бошаду сипас ба якбора сафед гардад, бар парешонии ақле гувоҳӣ диҳад, ки падид хоҳад омад ва агар пешоб андар ҳолати тандурустӣ бар ранги сафед бимонад, далел бар адами пухтагӣ бувад. [Пешоби] равғанидумбагуни ба равғани зайтун монанд ҳангоми табҳои тез аз марг ва ё диққ ҳушдор бидиҳад.
Бидон, ки гоҳе мумкин аст пешоб ҳангоми мизоҷи гарми сафровӣ сафед ва ҳангоми мизоҷи сарди балғамӣ сурх бошад. Чунки сафро ҳар гоҳ аз роҳи пешоб дур шавад ва бо пешоб омехта нагардад, пешоб сафед бимонад. Пешоби сафедро бояд тааммул кард, агар ранги [пешоб| тобишнок, тагшини он фаровону ситабр ва қивомаш ба изофаи он моил ба ситабрӣ бошанд, бидон, ки сафедӣ аз сабаби сардӣ ва балғам бувад. Аммо агар ранг тобишнок набошад, тагшин на фаровон ва на ҷудо аз об бошад ва сафедӣ ба тирагӣ нагарояд, бидон, ки ин ба иллати нуҳуфтагии сафро бувад. Ҳар гоҳ пешоб ҳангоми бемории тез сафед бошад ва андар айни ҳол далелҳои саломатие вуҷуд дошта бошанд, ки ҳамроҳи онҳо бими сарсом ва монанди он ҷой надошта бошанд, бидон, ки моддаи тез ба сӯи маҷрои дигар майл кардааст ва рӯдаҳоро хуншоршавӣ ориз хоҳад гашт.
Иллати сурх гаштани ранги пешоб ҳангоми бемориҳои сард вобаста ба яке аз чизҳои [зерин] аст: ё шиддати дард ва сафроро ҳал намудани он бошад, чунонки ҳангоми қулинҷи сард чунин рӯй диҳад; ё суддае бошад, ки аз ғалабаи балғам андар гузаргоҳи миёни заҳра ва рӯдаҳо ба амал омадааст ва бинобар он талха ба шакли табиии ҳамешагӣ ба рӯдаҳо рехтан натавонад, балки маҷбур аст бо пешоб ҳамроҳӣ намуда, бо он берун ояд, чунонки ин ҳам андар кулинҷи сард падид ояд; ё нотавонии ҷигар ва [бахши] обиро аз хун ҷудо кардан натавонистани қувваи он бошад, чунонки ҳангоми истисқои сард ва андар бемориҳои нотавонии ҷигар бештар вақт ҳамин тавр буда, пешоб оберо монад, ки андар он гӯшти тоза шуста бошанд; ё иҳтиқоне бошад, ки ба муҷиби суддаҳо падид ояд ва ба иллати гандагии бар асари ин [иҳтиқон] рӯйдода ранги балғам андар рагҳо бигардад. Нишонаи ин он бошад, ки бахши обии пешоб ва тагшинии он бар шакли ёдшуда буванд. Сипас ранги [пешоб] камранги ғайри тобишдиҳанда бигардад, вале пешоби сафровиро ранг тобишнок бошад. Бисёр бошад, ки пешоб андар ибтидои бемориҳо сафед бувад ва сипас сиёҳ ва бадбӯй бигардад, чунонки пешобро ба ҳангоми ярақон (139) пас аз хӯрдани таом сафедӣ ориз гардад ва бад-ин ҳол то замоне бимонад, ки гувориш оғоз ёбад ва он гоҳ [пешоб] рангин шудан гирад. Бад-ин сабаб пешоби худовандони бехобӣ сафед бувад ва онро [андар ин кор] ҳал шудани гармии модарзодӣ ёрӣ бидиҳад. Лекин ба иллати адами пухтагӣ ғайри тобанда, балки моил ба тирагӣ бувад.
Ранги сурхи [пешоб] андар бемориҳои тез беҳтар аз [пешоби ба ранги] обӣ будааст ва сафед ба иллати қивоми хеш низ хубтар аз обист. [Пешоби] сурхи хунӣ назар ба сурхи сафровӣ эминтар аст. [Пешоби] сурхи хунӣ, агар сафро ором бошад, низ чандон бимнок нест, вале агар [сафро] андар гардиш бошад, бимнок хоҳад буд. Пешоби сурх андар бемориҳои гурда бад аст, он бештар вақт бар омоси гарм далолат кунад ва андар дардҳои сар аз шӯридаақлӣ ҳушдор бидиҳад.
Агар пешоб ҳангоми бемориҳои тез бо ранги сурх оғоз ёбад ва бад-ин ҳол боқӣ монда, тагшин нагардад, аз он бими ҳалок бошад ва бар омоси гурда далолат кунад. Агар ба изофаи сурхӣ тира бошад ва бад-ин ҳол боқӣ монад, далолат бар омоси ҷигар ва нотавон шудани гармии модарзодӣ дорад.
Бахше аз рангҳои пешоб рангҳое буванд, ки мураккабанд. Аз ҷумла рангест монанд ба обе, ки андар вай гӯшти тоза шуста бошанд [90] ва ё хунеро монад, ки андар об гудохта бошанд. Ин гоҳе аз нотавонии ҷигар ва гоҳе аз бешии хун бувад. Аксар вақт аз сабаби он бошад, ки ҷигар аз ғолиб омадани ягон бадмизоҷие нотавон бигардад ва нотавонии гувориш ва ҳал шудани қувва бар ин далолат кунанд. Агар қувва қавӣ бошад, пас, сабаби он ҷуз ин нест, ки худ бисёр ва беш аз андозаест, ки қувваи ҷудокунанда онро пурра ҷудо кардан битавонад.
Аз он ҷумла ранги зайтист, ки он зардчаи омехта бо [ранги] чугундарист ва ба иллати часпандагӣ равғани зайтунро монад, ки дорои часпандагист, ба изофаи тобандагии равғанӣ шаффоф аст ва қивомаш шаффофи моил ба ситабрист. [Ин ранг] андар бештари ҳолатҳо бар бадӣ далолат кунад, на бар некӣ, пухтагӣ ва дурустӣ. Гоҳе ба нудрат далолат ба истифроғи моддаҳои равғанӣ кунад, ки аз тариқи буҳрон бошад. Ин ҳангоме бувад, ки аз паси он осудагие ба амал ояд.
Навъи ҳалоккунандаи ин [пешоб] ҳамоне бошад, ки ба изофаи равғанӣ будан бадбӯй бувад, хусусан он пешобе, ки кам-кам ояд. Ҳар гоҳ бо вай чизе омехта бошад, ки оби гӯшти тоза шустаро монад, ин аз ҳама бад бувад. Ин [пешоб] аксар вақт ҳангоми истисқо, сил ва қулинҷи бад рӯй диҳад. Гоҳе пешоби зайтӣ пас аз пешоби сиёҳе ояд, ки пеш аз он омада бошад ва ин нишонаи беҳ шудан бувад.
Бештар вақт пешоби зайтӣ ба рӯзи чаҳорум далолат бар он кунад, ки бемор ба рӯзи ҳафтум, яъне андар бемориҳои тез, хоҳад мурд.
Умуман пешоби зайтӣ бар се синф аст: ё ҳамаи он, ё фақат бахши фурӯсӯвини он ва ё бахши барсӯвини он равғанӣ бошад. Инчунин вай ё фақат андар ранг зайтӣ аст, чунонки андар сил ва хусусан ҳангоми оғози он чунин бошад, ё фақат андар қивом зайтист ва ё андар ҳар ду якҷоя, чунонки андар бемориҳои гурда ва андар марҳалаи камол ва поёни сил чунин бошад.
Аз ҷумлаи [рангҳои мураккаб] арғавонист, ки он палиди қаттол бувад, аз баҳри он ки далолат бар сӯхтагии ҳар ду талха дорад. Гоҳе ранги сурхро сиёҳӣ омехта бошад ва ин далолат бар табҳои мураккаб ва табҳое дорад, ки аз хилтҳои ситабр падид омадаанд.
Агар равшантар буда, сиёҳӣ бештар ба сари [пешоб] майл дошта бошад, далолат бар барсом кунад.
Фасли севвум андар қивоми пешоб ва равшанию тирагии он
Қивоми пешоб ё тунук, ё ситабр ва ё муътадил бувад.
Ниҳоят тунук ё андар ҳама ҳол далолат бар адами пухтагӣ кунад, ё далолат бар суддаҳои рагҳо кунад, ё далолат бар нотавонии гурда ва гузаргоҳҳои пешоб кунад, ки онҳо ба ҷуз [пешоби] тунук чизеро накашанд ва ё бикашанду вале ҷуз тунуки қобили рондашавӣ чизе берун наронанд, ё далолат бар бисёр ошомидани об кунад ва ё далолат бар мизоҷи ниҳоят сарде кунад, ки бо хушкӣ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё