Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зангорӣ огоҳии сахт аз марг бидиҳад.
Аммо табақаҳои ранги сиёҳ чунинанд: бархе аз онҳо ранги сиёҳест, ки аз тариқи ранги заъфаронӣ ба сиёҳӣ расидааст, чунонки андар ярақон чунин аст. Ин [ранг] далел бар касиф шудан ва сӯхтани сафрост, балки [гузашта аз ин далел бар] савдое бошад, ки аз сафро падид омадааст ва [низ далел] бар ярақон бувад. Бархе ранги сиёҳе бошад, ки аз сурхи тираи моил ба сиёҳӣ падид омадааст ва далолат бар савдои хунӣ дорад. Дигар сиёҳе бошад, ки аз тариқи сабзӣ ва нилӣ падид омадааст ва далел бар савдои холис дорад. Умуман пешоби сиёҳ далел бар шиддати сӯхтагист, ё далел бар шиддати сардист, ё далел бар марг ва ҳазимати гармии модарзодист ва ё далел бар буҳрон ва бар рондани табиат фазлаҳои савдовиро бошад.
Бар [пешобе], ки аз сӯхтагист, бад-ин тариқ огоҳӣ пайдо кунанд, ки андар он ҷо сӯзиши сахте бошад, пеш аз он пешоби зард ва сурх омада бошад, тагшини он парешон, камрасида ва на чун ҳамешагӣ ҷамъу фишурда бошад, сахт сиёҳ набошад, балки шабеҳ ба ранги заъфаронӣ, зард ва ё сурхи тира бошад. Агар [ранги тагшин] ба зардӣ занад, бештари вақт ба ярақон далолат кунад.
Бар [пешобе], ки аз сардӣ бошад, бад-ин тариқ далел ҷӯянд: пеш аз он пешоб ба ранги сабз ва гирифта омада бошад, тагшин кам [ва] чунон ҷамъшуда бошад, ки гӯё хушк аст ва сиёҳӣ андар он холистар бошад. Гоҳе миёни ду мизоҷ чунин фарқ кунанд, ки агар пешоби сиёҳ бо бӯи сахт қавӣ бошад, далел бар гармист ва агар бе бӯй ва ё [бо бӯи] камқувват бошад, далел бар сардист. Бинобар ин, агар табиат сахт мунҳазим бигардад, пешобро бӯй набошад.
Бар [пешобе], ки аз фитодани ғариза падид омадааст, бад-ин тариқ далел бигиранд, ки аз паси афтидани қувва ва ҳал шудани он ба амал ояд.
Бар [пешобе], ки ба тариқи покшавӣ ва буҳрон ба амал ояд, чунин огоҳӣ ёбанд: он андар охирҳои таби чаҳоррӯзӣ, беҳ шудани бемориҳои испурч, дардҳои пушту заҳдон, табҳои савдовии рӯзонаву шабона ва ба ҳангоми офатҳое бошад, ки аз сабаби манъ шудани ҳайз ва баста шудани сайлони одатие аз қабили хуни мақъад ориз шуда бошанд. Ин хусусан ҳангоме бошад, ки агар табиат ва ё чорабиниҳои тиббӣ бар тохтани пешоб ёварӣ кунанд. Чунончи, ин гуна [ҳолат] ба занҳое расад, ки ҳайзашон манъ шуда бошад ва табиат хуни зиёдатиро напазирад. Ба ин тариқ, ки пеш аз он пешоби нопухтаи обӣ омада, тан баъди он сабукӣ ҳис кунад ва пешоб миқдоран зиёд ва фаровон бошад. Агар ин тавр набошад, пешоби сиёҳ, хусусан ҳангоми бемориҳои тез, нишонаи бад аст ва хусусан агар миқдораш кам бошад, аз камии он пайдост, ки тариро сӯзиш ба охир расондааст.
[89] Пешоб ҳар қадар ситабртар бошад, ҳамон қадар бадтар аст ва ҳар қадар, ки тунуктар бошад, бадияш камтар бошад. Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки пешоб ба сабаби ошомидани шаробе ба ранги сиёҳ ва сурхи хунӣ ояд, ки он бадин сифат буда, табиат аслан андар он кора накарда бошад ва бе дигаргунӣ берун шавад. Андар ин гуна [пешоб] ҳеҷ хатаре нест. Низ гоҳе [ин гуна пешоб] андар бемориҳои тез далели буҳрони дуруст бошад.
Пешобе, ки аз бемор тунук берун ояд ва андар ноҳия

ҳои мухталифи он шини овезон бошад, ин бисёр вақт бар сардард, бехобӣ, карӣ (самам) ва парешонии ақл далолат кунад. Хусусан агар пешоб кам-кам [ва] андар муддати дароз бирезад, бӯи тез дошта бошад ва ба ҳангоми табҳо бошад, бар сардард ва парешонии ақл сахт далолаткунада бувад. Агар ҳангоми [ин гуна пешоб] бехобӣ, карӣ, парешонии ақл ва дарди сар ҷой дошта бошанд, ин далолат бар он дорад, ки хуни бинӣ ба амал ояд. Ин [гуна пешоб] мумкин аст, сабабгори ба амал омадани санг бигардад.
Руфус гӯяд: «Пешоби сиёҳ андар бемориҳои гурда, обгаҳ ва бемориҳои аз хилтҳои ситабр бархоста дӯстдоштааст ва вай андар бемориҳои тез далели ҳалокатовар бувад». Мо гӯем, пешоби сиёҳ ҳангоми бемориҳои гурда ва обгаҳ, агар андар ин ҳол сӯзиши сахте ҷой дошта бошад, мумкин аст бад ҳам бошад. Ту дигар нишонаҳои [онро] тааммул фармо.
Пешоби сиёҳ андар пирон ба сабабе, ки туро маълум аст, бар суди эшон нест ва он ҷуз ба иллати табоҳии бузурге воқеъ нагардад. Ҳол андар занон ҳам чунин бошад. Пешоби сиёҳ баъди мондагӣ далолат бар турунҷидагӣ кунад.
Умуман, пешоби сиёҳ андар оғози (138) табҳо қатгол аст ва андар анҷоми онҳо ба шарте низ чунин бошад, ки агар бо вай сабукӣ ёр нагардад ва бар буҳрон далолат накунад.
Аз «пешоби сафед» ду маънӣ фаҳм карда шавад: якум он чизе, ки тунуки шаффоф бошад, чунки мардум гоҳе чизи шаффофро «сафед» номанд, чунонки обгинаи равшан ва булӯри равшанро низ «сафед» хонанд; дуввум сафеди ростин ва он чизе бошад миёни шир ва коғаз, ки дорои ранг буда, [қувваи] биноиро [бар худ] паҳн кунад ва на ҳамчун чизи шаффофе бошад, ки қувваи биноӣ андар вай бигузарад, зеро шаффофӣ ба ҳақиқат адами ҳамаи рангҳост.
Пас «[пешоби] сафед» ба маънои «шаффоф» умуман далел бар сардист ва аз пухтан ноумедкунандааст. Агар ҳамроҳи он ғализие бошад, далолат бар балғам кунад.
Пешоби сафеди ростинӣ ҷуз бо ситабрӣ нест. Бархе аз он чизе бошад, ки сафедияш чун сафедии хилмӣ буда, далолат бар бисёрии балғами хом дорад; бархе аз он чизе бошад, ки сафедияш сафеди равғанӣ буда, далолат бар гудозиши пиҳ кунад; бархе аз он чизе бошад, ки сафедияш сафедии равғанидумбагун буда, далолат бар балғам ва бар гудозише кунад, ки воқеъ аст ва ё ба вуқӯъ ояд; бархе аз он чизе бошад, ки сафедияш чун сафедии оби ҷав буда, тунук ва борик бошад ва далолат бар решҳои римдоре кунад, ки андар афзорҳои пешоб бошанд. Агар бо рим набошад, пас, ба иллати ғалабаи моддаи бисёр хоми норасида чунин бошад. Гоҳе [ин гуна пешоб] ҳамроҳи санги обгаҳ буда бошад; бархе аз он чизе бошад, ки маниро монад ва ин мумкин аст ҳамчун буҳрони омосҳои балғамӣ, фурӯҳиштагии андомҳои дарунӣ ва бемориҳои аз балғами обгинагун ба амал омада бошад. Аммо агар пешоб ба манӣ монад, вале на бар сабили буҳрон ва на ба иллати омосҳои балғамӣ, балки аз оғоз ба амал омада бошад, ин аз сакта ва ё фалаҷ огоҳӣ диҳад.
Агар пешоб андар ҳама марҳалаҳои таб сафед бошад, эҳтимоли он дорад, ки [таб] ба таби чаҳоррӯзӣ гузарад. Пешоби арзизии бе тагшин сахт бад бувад ва пешоби ширранг низ ҳангоми бемориҳои тез ҳалокатовар аст. Сафедии пешоб, баъди гум шудани ранг чӣ гунае набошад, ҳан гоми табҳои тез далолат ба он кунад, ки сафро ба сӯи андоми варамкунанда гароида аст ва ё рӯ ба исҳол дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ