Қонуни тиб

Бояд андар ҳоле ором бигирад, ки офтоб ба вай нарасад ва на боде вайро бишӯронад ва ё сард созад. [Ҳамин тавр] то ҷудо шудани тагшин бимонад ва бо ҳамин [кори] далелҷӯӣ пурра гардад.
Пешоб баробари рехтан, ҳатто ниҳоят пухта бошад ҳам, тагшин ҷудо накунад. Пешобро набояд андар шишае бигиранд, ки баъд аз пешоби аввала шуста нашуда бошад.
Пешобҳои бачагон, хусусан кӯдакон, далелҳои кам доранд, аз баҳри он ки пешобҳои эшон ширноканд ва низ аз баҳри он ки моддаи рангкунанда андар эшон сокин ва фурӯрафта буда, андар табъҳои эшон нотавонӣ ва бисёр об рафтан чандоне [муассир] бошанд, ки далелҳои пухтагиро нест кунанд.
Афзори гирифтани пешоб чун обгинаи холис ва булӯр ҷисми шаффофи покгавҳар бувад.
Бидон, ки пешобро ҳар қадар ба худ наздик бигирӣ, бештар ситабр намояд ва ҳар қадар дур бидорӣ, ҳамон андоза равшан бинамояд ва бо ҳамин [хислат] дигар омехтаҳоро, ки барои санҷиш ба пизишкон нишон бидиҳанд, фарқ тавон кард.
Ҳар гоҳ пешоб андар шиша бигрифта шавад, боистӣ аз таъсири сармо, офтоб ва бод дур бошад ва онро андар равшании [рӯз] бидуни бар вай афтидани шуои [офтоб] бояд дид, балки аз шуоъ пинҳон бояд дошт. Ана [баъд аз ҳамаи ин] метавон бар [пешоб] аз рӯи он аразҳое ҳукм баровард, ки андар вай дида шаванд.
Бояд донист, ки далолати аввалии пешоб далолат бар ҳоли ҷигар, гузаргоҳҳои [бахши] обӣ ва бар ҳолатҳои рагҳо бувад ва ба миёнҷии он бар бемориҳои дигар далолат кунад. Дурусттарини далелҳои вай онест, ки бо ёрии он бар ҷигар ва хусусан бар ҳолатҳои [бахши] кӯжии он огоҳӣ ёбанд.
Далелҳои аз пешоб бадастоянда (136) [88] аз ҳафт ҷинс берун оварда шаванд: ҷинси ранг; ҷинси қивом; ҷинси равшанӣ ва тирагӣ; ҷинси тагшин; ҷинси миқдори камию бешӣ; ҷинси бӯй; ҷинси кафк. Баъзе касон андар ин ҷинсҳо ҷинси совиш ва ҷинси таъмро дохил кунанд, вале мо ин дуро барандохтем.
«Ҷинси ранг» гуфта, мо чизе аз рангҳоро гӯем, ки биноӣ андар [пешоб] дарёбад, яъне сиёҳӣ, сафедӣ ва он чи ки миёни ҳардуст. Бо «ҷинси қивом» ҳолати ситабрӣ ва тунукиро бихоҳем ва бо «ҷинси равшанӣ ва тирагӣ» ҳолати ба осонӣ ва душворӣ андар он нуфуз кардани ҳисси биноиро бихоҳем. Фарқ миёни ин ҷинс ва ҷинси қивом он бошад, ки мумкин аст [пешоб] мисли сафедии хояи мурғ, мисли сирешуми гудохтаи моҳӣ ва мисли равғани зайтун андар қивом ситабру вале равшан бошад ва мумкин аст мисли оби тира, ки аз сафедии хояи мурғ дида хеле тунуктар аст, андар қивом тунуку вале тира бошад.
Сабаби тирагӣ омехта шудани ҷузвҳое бошад, ки ранги бегона ва тира доранд ва ё ранги дигареро ба худ гирифтаанд, ки фарқи он ба ҳис андар наояд ва ин [ҷузвҳо] бинишро боз доранд, худ ба танҳоӣ ба ҳис андарнаоянд ва аз тагшин барои он фарқ кунанд, ки тагшинро ҳис ҷудо кардан битавонад ва [худи тагшин] аз ранг бо он фарқ кунад, ки ранг андар гавҳари рутубат пароканда аст ва бо он аз [тагшин] дида бештар омехта шуда бошад.
Фасли дуввум
андар далелҳои рангҳои пешоб
Аз ҷумлаи рангҳои пешоб табақаҳои ранги зарданд, ки чунин бошанд: коҳӣ; турунҷӣ; зарди моил ба сурхӣ; зарди норинҷӣ: оташӣ, ки ба ранги заъфарон монанд буда, зарди баланд аст; заъфаронӣ, ки ба риштаи он монанд буда, ҳамон рангест, ки онро «сурхи равшан» гӯянд. Ҳамаи рангҳои баъд аз турунҷӣ омада ба гармӣ далолат кунанд ва мувофиқи дараҷаҳои он дигаргуна бигарданд. Ин [рангҳо] гоҳе ба муҷиби ҳаракатҳои сахт, дардҳо, гуруснагӣ, бурида шудани моддаи оби ошомидашуда падид оянд.
Аа паси ин табақаҳои ёдшуда табақаҳои ранги сурх оянд, ки чунин бошанд: сурхи ба тирози гулгун; гулгун; сурхи хунӣ ва сурхи ҷигарӣ (сиёҳчатоб). Ҳамаи инҳо далел бар ғалабаи хун буванд. Ҳар қадар ки онҳо ба ранги заъфаронӣ бизананд, сафро ғолибтар бувад ва ҳар қадар ки ба ранги сурхи хунӣ бизананд, хун ғолибтар бошад. Ранги оташӣ беш аз ранги сурхи ҷигарӣ ба гармӣ далолат кунад, чунонки зарда андар нафси худ гармтар аз хун бувад.
Ранги пешоб ҳангоми бемориҳои тези сӯзон ба ранги заъфаронӣ ва оташӣ бизанад ва агар андар он тунукие бошад, далел бар бархе аз пухтагист ва [далели он бошад, ки пухтагӣ] оғоз ёфтааст, вале ҳоло андар қивом зоҳир нагардида аст. Агар зардӣ ба дараҷаи ранги оташӣ ва то ба ниҳояти он расидан шиддат ёбад, пас, гармӣ сахт афзуда бошад ва он ранги зарди моил ба сурхи равшан аст. Агар [пешоб] бисёр равшан бошад, пас, гармӣ рӯ ба коҳиш аст.
Гоҳе ба ҳангоми бемориҳои тези хунӣ пешоб чун худи хун ояд, аз ғайри он ки андар он ҷо бозшудани раг ҷой дошта бошад. Ин далел бар пурхуние бувад, ки берун аз андоза аст. Агар пешоб кам-кам ояд ва бӯи бад бидиҳад, ин далели хатарноке буда, бими рехтани хун ба сӯи хафагоҳҳо бошад. Бадтарини ин гуна [пешоб] он аст, ки илова ба ранг ва ҳолати бӯйнокӣ бештар тунук бошад. Агар [пешоб] фаровон ояд, гоҳе андар табҳои тез ва омехта далели некӣ бошад, аз баҳри он ки бисёр вакт ин далели буҳрон ва рахт бастани беморист, вале агар андар ибтидо пеш аз ҳангоми буҳрон якбора тунук гардад, дар ин сурат далели баргаштани [беморӣ] бошад. Агар баъди буҳрон тадриҷан тунук нашавад, ҳамчунин [далели некӣ] бошад.
Ҳангоми ярақон агар пешоб ҳар қадар бештар сурх шуда, ба сиёҳӣ занад ва ҷомаро ба таври нозудуданӣ ранг кунад ва [миқдораш] ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар хубтар аст. Чунки пешоб ҳар гоҳ ҳангоми ин [беморӣ] сафед ва ё сурхи камранг ва ярақон ба ҳоли худ бошанд, бими истисқо бувад. Гуруснагӣ аз қабили чизҳоест, ки ранги пешобро зиёда намуда, онро ниҳоят тез кунад.
Сипас, табақаҳои ранги сабз оянд, ки онҳо чунинанд:
пешобе, ки [рангаш] ба пистагӣ занад; [пешоби] зангорӣ; осмонгунӣ; нилӣ; ганданоӣ. Ранги пистагӣ далел бар сардист ва низ ҳар ранге ба ҷуз ранги зангорӣ ва ганданоӣ, ки сабзчатоб бошад, ҳамчунин бувад. Аммо [ранги зангорӣ ва ганданоӣ] бар сӯхтагии сахт далолат кунанд, вале ганданоӣ беҳтар аз зангорист ва зангорӣ баъд аз мондагӣ далел бар турунҷидагӣ бошад. Андар кӯдакон пешоби сабз далели турунҷидагӣ аст.
[Ранги] осмонгунӣ аксар вақт далел бар сармои сахт бошад (137) ва пешоб пеш аз он ба ранги сабз ояд. Гӯянд, ки он далел бар ошомидани заҳр буда, агар бо тагшин бошад, умеди зиндагист ва агар не, худованди варо бими [ҳалок] аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё