Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Омоси] сахт [хусусан] аррагии набзро афзоиш бидиҳад. Аммо хуроҷ агар рим кунад, ба иллати тарифизоӣ ва нармсозии дар дунбол дошта набзро аз аррагӣ ба мавҷӣ шудан кашонад ва ба иллати гаронии хеш ноҳамвории онро афзоиш бидиҳад. Аммо тезию думодумӣ ба иллати он, ки гармии оризшуда аз сабаби пухтагӣ ором бигирад, хеле сабуктар хоҳанд шуд.
Аммо дигаргунии [набз] ба ҳасби марҳалаҳои [омос] бошад, чунин аст: То ҳангоме ки омоси гарм рӯ ба афзоиш аст, аррагӣ шудани [набз] ва дигар чизҳое, ки ёд кардем, рӯ ба афзоиш буванд ва сахтии [набз] ба иллати тамаддуди зиёдшаванда ва такандагии он ба иллати дард пайваста биафзоянд. Ҳар гоҳ [омос] ба интиҳо ёфтан наздик расад, ҳамаи аразҳо афзоиш ёбанд, ба ҷуз онҳое, ки тобеъ ба қувватанд, зеро инҳо андар набз нотавон шуда, думодумӣ ва тезӣ афзун бигарданд. Сипас агар [омос] дер бикашад, суръат бекор шуда, [набз] мӯрчагӣ бигардад ва агар паст шуда, ҳал шавад ва ё бикафад, набз ба сабаби бархостани гаронӣ аз қувват қавӣ гардад ва такандагии он ба сабаби коҳиш ёфтани дарди аз ҳам кашанда сабуктар бигардад.
Аммо [дигаргуние], ки аз ҷиҳати андозаи [омос] аст, чунин бошад, ки бузургии [он] боиси бузургӣ ва афзоиши ин ҳолатҳо бигардад ва хурдии [он] боиси кам ва хурд шудани онҳо.
[Дигаргуние], ки аз ҷиҳати андоми омос аст, чунин бувад, ки андомҳои серасаб муҷиби афзоиши сахтӣ ва аррагӣ шудани набз бигарданд, андомҳои рагӣ муҷиби афзоиши бузургӣ ва шиддати ноҳамворӣ бигарданд, хусусан агар андар миёни онҳо шараёнҳо ғолиб бошанд, чунон ки андар испурч ва шуш чунин бошад. Ин бузургиро танҳо он чизе нигоҳ дорад, ки қувватро нигоҳ дорад. Андомҳои тари нарм аз қабили мағз ва шуш [набзро] мавҷӣ бигардонанд.
Аммо ба миёнҷии араз набзро дигаргун сохтани омос чунин аст, ки масалан, омоси шуш набзро ба набзи хафакунанда, омоси ҷигар ба набзи лоғарӣ, омоси гурда ба набзи каси сангдор ва омоси андоми сахт ҳассос мисли даҳони меъда ва ҳиҷоб, ба набзи ташаннуҷии беҳушиовар бигардонанд.

Фасли ҳаждаҳум
андар ҳукмҳои набз, ки
аз қабили аразҳои нафсонӣ буванд

Аммо хашм, ки ба якборагӣ қувватро ба шӯр оварда, рӯҳро густариш бидиҳад, набзро бузург, ниҳоят баланд, тез ва думодум кунад, вале муҷиби андар он ба амал омадани ноҳамворӣ нагардад, аз баҳри он ки мутаассиршавӣ яксон бувад. Вале агар бо он тарс биомезад ва гоҳе он ва гоҳе ин ғолиб оянд, [боиси ноҳамворӣ хоҳад шуд]. Агар он бо хиҷолат ё фурӯнишондани андеша ва ё такаллуфи худдорӣ аз тез шудану ба сабабгори хашм дарафтидан омехта бошад, низ чунин бувад.
Лаззат азбаски ба нармӣ берун ояд, андар ба амал овардани чи суръат ва чи думодумӣ ба андозаи хашм нарасад, балки гоҳе бузургии [набз] ҳоҷатро кифоят кунад ва [набз] оҳиставу ноҳамвор ояд.
Набзи шодӣ низ чунин бошад. Вай аксар вақт мумкин аст набзро ба изофаи нармӣ бузургӣ бахшад ва [набз] рӯ ба оҳиста ва ноҳамвор шудан оварад.
(135) Андӯҳ азбаски боиси дамгир шудан ва фурӯ рафтани гармӣ ва нотавонии қувват бигардад, ба муҷиби он набз тез, паррон, ноҳамвор, хурд, нотавон, гуногун ва оҳиста шавад.
Ҳарос бошад, ногаҳонии он набзро бенизом гардонад ва давомноку тадриҷии он набзро ба сони [набзи] андӯҳ бигардонад.
Фасли нуздаҳум андар маҷмӯи дигаргунсозии чизҳои мухолифи табиати ҳайати набз

Дигаргунсозии онҳо: ё ба сабаби он бошад, ки аз онҳо бадмизоҷӣ падид ояд ва набзи ҳар мизоҷе дониста шуд; ё бад-он сабаб бувад, ки қувват фишурда шуда, боиси ноҳамвории набз бигардад ва агар фишор ниҳоят сахт бувад, набз бенизом ва бевазн бигардад. Ин фишордиҳанда ҳама гуна бисёрии моддавии чи омос ва чи ғайри омос будааст; ё бадон сабаб бувад, ки қувватро ҳал кунад ва [аз он] набз нотавон бигардад, чунонки дарди сахт ва дардҳои нафсоние, ки боиси ҳалшавии қавӣ бигарданд, чунин бошанд.

Ҷумлаи дуввум
АНДАР ПЕШОБ ВА БИРОЗ,
ки сездаҳ фасл аст

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни пешоб

Ба тариқаи аз роҳи ҳолатҳои пешоб [бар беморӣ] огоҳӣ
пайдо кардан ҳангоме бояд бовар намуд, ки шартҳои [зерин] риоя шуда бошанд: бояд пешоб аввали пешобе бошад, ки бо он бомдод аз хоб бихезанд; дербоз нигоҳ дошта нашуда бошад; худованди он пас аз хоб хестан об наошомида ва таом нахӯрда бошад; хӯрданиву ошомиданиҳои рангкунанда нахӯрда бошад, чунончи, заъфарон ва
хиёршанбар, ки ранги зарду сурх, тараҳо ранги сабз ва
обкома ранги сиёҳ бидиҳанд ва шароби масткунанда пешобро ба ранги худ бигардонад; пӯсти [танаш] бо чизе
рангбароранда дучор наомада бошад, масалан, аз қабили
ҳино, ки мумкин аст, пешоби каси бо он хизобкарда аз он
рангин бигардад; набояд чизе хӯрад, ки боиси тозондани

ягон хилте бигардад, масалан, сафро ва балғамро битозонад; бояд аз ҳаракатҳо, корҳо ва ҳолатҳои берун аз равиши табиӣ ягон чизе ба амал наоварда бошад, ки он ранги пешобро бигардонад, масалан, рӯза доштан, бехобӣ, мондагӣ, гуруснагӣ ва хашм, ки ҳамаи инҳо пешобро ба ранги зард ва сурх бигардонанд. Ҷимоъ бошад, пешобро сахт равғанӣ кунад, қай ва истифроғ низ ранг ва қивоми лозимаи обро бигардонанд. Гузаштани соатҳо бар пешоб низ ҳамчуннн аст. Бинобар он, гуфтаанд: «Бар пешобе, ки аз он шаш соат гузаштааст, набояд нигарист, зеро далелҳои он нотавон шаванд, рангаш бигардад ва шинаш об шуда, дигаргун гардад ва ё бештар зич шавад». Вале ман гӯям:
«як соат ҳам бошад, набояд [нигарист]».
Бояд ҳамаи пешоб андар шишаи васее гирифта шавад ва чизе аз он нарезад. Ҳоли онро на ҳангоми мезидан, балки баъди ором гирифтан андар шиша [муайян кунанд].

пешина
аз 1215
навбатӣ