Қонуни тиб

Инчунин аз баҳри он чунин бошад, ки (132) қувват якбора табиатан ба рондани оризае биҷаҳад ва аз ин ҷо ҳаракатҳои гуногун падид омада, набз биларзад. Лекин набз бад-ин ҳол дер напояд, балки зуд ба эътидол ояд, зеро сабаби он ҳарчанд ба қавӣ монанд аст, вале камустувор бувад ва бекор шудани он зуд ба ҳис андарояд.
Фасли сездаҳум андар ҳукмҳои набзи варзишӣ
Андар оғози варзиш, то даме ки муътадил аст, набз бузургтар ва қавитар бигардад. Ин бад-он сабаб бошад, ки гармии модарзодӣ ва қавӣ гардидани он афзоиш ёбад. Инчунин [набз] ниҳоят тез ва думодум бигардад, ба иллати он ки ҳоҷати ба муҷиби ҳаракатбуда ба ифрот бирасад. Агар [варзиш] давом карда, дер бикашад ва ё агар кӯтоҳ бошаду вале ниҳоят сахт, чизе, ки ба муҷиби қувват бошад, бекор бигардад ва набз ба иллати пароканда шудани гармии модарзодӣ нотавон ва хурд шавад, лекин ба сабаби ду амр тезу думодум бувад: яке шиддат ёфтани ҳоҷат; дуввум аз уҳдаи бузургӣ афзудани [набз] набаромадани қувват.
Сипас ба андозаи нотавон шудани қувват тезӣ коҳиш ва думодумӣ афзоиш ёфтан бигиранд. Баъд андар поёни кор агар варзиш дер кашида, мондагӣ оварад, набз ба иллати нотавонӣ ва шиддати думодумӣ мӯрчагӣ бигардад.
Агар [варзиш] ба дараҷаи ифрот расад ва қариб боиси ҳалокат бигардад, ҷамиъи он чизеро ба амал оварад, ки аз [анвоъи] ҳалшавиҳо ба амал оянд ва набз ба набзи кирмӣ баргашта, сипас ба изофаи нотавонию хурдӣ ба сӯи ноҳамворию оҳистагӣ бигарояд.
Фасли чаҳордаҳум андар ҳукмҳои набзи гармобаравандагон
Гармоба кардан ё ба оби гарм бувад, ё ба оби сард. Гармоба кардане, ки ба оби гарм бувад, ба аввал муҷиби ҳукмҳои қувват ва ҳоҷат бигардад ва чун [қуввату ҳароратро] ба ифрот ҳал намояд, боиси нотавонии набз бигардад. Ҷолинус гӯяд: «Он гоҳ [набз] хурд, оҳиста ва ноҳамвор хоҳад шуд». Мо гӯем: зеро нотавон ва хурд гардидани набз бошанд, чизеанд, ки аз он чора нест, лекин оби гарм чун андар даруни тан ба сабаби гармии аразии худ гармшуданеро ба амал оварад, гоҳе он дер накашад, балки муқтазои табиати [об], ки сардсозист, бар [гармшавӣ] ғолиб ояд.
Гоҳе дер бикашад ва худро нигоҳ дорад. Пас, агар ҳукми кайфияти аразӣ ғолиб ояд, набз тези думодум бигардад ва агар муқтазои табиат ғолиб ояд, набз оҳистаи ноҳамвор бигардад. Агар гармифизоии аразии [об] ҳалшавии қувваро ба ифрот расонда, қариб боиси беҳушӣ бигардад, набз низ оҳистаи ноҳамвор хоҳад шуд.
Аммо гармоба кардане, ки бо оби сард бошад, чунон аст, ки сардии [об] агар ба андарун биравад, набзро нотавон ва хурд созад ва ноҳамворию оҳистагӣ падид орад ва агар ба андарун наравад, балки гармиро ҷамъ намояд, қувват афзоиш ёфта, [аз он набз] каме бузург бигардад ва ё суръату думодумии [он] бикоҳад.
Обҳое, ки андар гармобаҳоянд, чунонанд, ки хушкиоварандагони онҳо набзро сахтӣ физоянд ва бузургияшро бикоҳанд, гармиоварандаҳои онҳо набзро тезӣ физоянд, ва
ле қувватро ҳал созанд ва саранҷом чизе ба амал ояд, ки мо аз зикри он фориғ шудем.
Фасли понздаҳум андар набзе, ки хоси занон аст ва он набзи обистан шудагон бувад
Ҳоҷат андар занони обистан ба сабаби анбозии ҷанин андар насиме, ки кашида шавад, сахттар бувад ва гӯё эшон аз барои ду ҳоҷат ва аз барои ду нафар нафас ҳамегиранд.
Аммо қувват ночор на биафзояд ва на низ чандоне бикоҳад, балки ба андозае бикоҳад, ки ба муҷиби каме мондагии аз бардоштани бор ба амал омада бувад. Бинобар ин ҳукмҳои қуввати миёна ва ҳоҷати сахт ғолиб оянд ва набз бузург, тез ва думодум бигардад.
Фасли шонздаҳум андар набзи дардҳо
Дард ё ба иллати сахтии худ, ё ба иллати он ки андар андоми сарвар аст ва ё ба иллати дер кашидани худ набзро бигардонад. Дард агар андар аввали [падидоии] хеш қувватро бедор намуда, ба муқовимату дифоъ равон созад ва гармӣ биафрӯзад, набз бузург, тез ва сахт ноҳамвор бигардад, аз баҳри он ки зарурат бузургию тезӣ тақозо кунад. Дард ҳар гоҳ ба сабаби ваҷҳҳое, ки мо онҳоро ёд кардем, андар қувват ба зиёнкорӣ бирасад, (134) [набз] рӯ ба афтодан ниҳода, ҷабран ба андозае пас равад, ки бузургию тезиро гум кунад ва ҷои онҳоро нахуст шиддати думодумӣ ва сипас хурдӣ ва кирмию мӯрчагӣ шудан бигиранд. Агар [дард беш аз ин] зиёда бигардад, ба ноҳамвории [набз] ва ба марг бирасонад.
Фасли ҳафтдаҳум андар набзи омосҳо
Аз ҷумла омосҳоеанд, ки ба иллати бузургии худ ва ё ба иллати гиромӣ будани андом боиси таб гарданд ва бинобар он набзро андар тамоми тан бигардонанд, яъне манзури ман гардонданест, ки хоси таб бошад ва мо онро ба ҷои худ равшан хоҳем кард.
Бархе [дигар омосҳоеанд], ки таб ба амал наоваранд ва аз ин ҷо набзи хос ба андомеро бигардонанд, ки худ ба зот андар он [андом] буванд. Гоҳе мумкин аст ин [омосҳо набзро] ба араз андар тамоми тан бигардонанд, яъне на аз он ҷиҳат [бигардонанд], ки омосанд, балки аз он ҷиҳат [бигардонанд], ки дард кунанд.
Омосе, ки набзро бигардонад, ё ба навъи хеш бигардонад, ё ба марҳалаҳои хеш бигардонад, ё ба андозаи худ бигардонад, ё ба сабаби андоме бигардонад, ки худ андар он бувад ва ё ба аразе бигардонад, ки натиҷа ва ёри вай бувад. Аммо ба навъ гардониданаш чунин бошад, ки масалан, омоси гарм ба навъи худ набзро аррагӣ, таканда (иртиод), ларзон, тез ва думодум бигардонад, ба шарте ки ягон сабаби тарифизояндае онро халал нарасонад, зеро он аррагиро бекор сохта, ба ҷои он мавҷиро оварад. [87] Аммо такандагӣ, тезӣ ва думодумӣ андар ҳама ҳол ёри ин [омосанд]. Чуноне ки бархе аз сабабҳо набзро аз аррагӣ боз дорад, ҳамчунин баъзе сабабҳо аррагӣ будани набзро афзоиш дода, онро зоҳир кунад. Омоси нарм набзро мавҷӣ бигардонад ва агар он сахт сард бошад, [набзро] оҳиста ва ноҳамвор созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё