Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас чун андар тан гарм бигардад, он чиро, ки муҷиб дорад, анқариб аз байн бибарад.
Шароб чун андар тан ба ҳоле бидарояд, ки гарм бошад, аз ҳадди [гармии] модарзодӣ чандон дур набувад ва зуд андар маърази ҳал шудан қарор бигирад. Агар сард андарояд, андар зиён расонидан ба дараҷае бошад, ки дигар чизҳои сарди ғайри он ба дараҷаи вай нахоҳанд расид, аз баҳри он ки онҳо ба оҳистагӣ рафта, гарм шаванд ва ба мисли шароб зуд нуфуз накунанд. Ин бошад, пеш аз гармшавияш пурра гардидан ба нуфуз кардан шитобад. Зиёни ин хусусан баданҳоеро азим бувад, ки пазирои зиёни он бошанд ва ин на чунон зиёне бошад, ки аз гармкардашудаи он бирасад, зеро агар шароб ҳамчун гармкардашуда андарояд, сӯзонидани он андар ибтидои дучороӣ на ба андозае бошад, ки зиёни расое бирасонад, балки табиат [ошомидании гармро] гирифта, тақсим, пароканда ва ҳал созад. Аммо [шароби] сард мумкин аст табиатро аз по биафтонад ва қувваҳои онро пеш аз он ки барои тақсим, пароканда ва ҳал кардан бархезанд, хомӯш созад. Ин буд он чи ки шароб ба тавассути бисёрии миқдори гармӣ ва сардӣ муҷиби он бигардад.
Аммо агар [шароб] аз ҷиҳати қавигардонии он ба эътибор гирифта шавад, дорои ҳукмҳои дигаре ҳаст, зеро вай ба зоти худ тандурустонро қувват бахшад ва аз роҳи афзун сохтани гавҳари рӯҳ қувватро зуд боло бибарад. Сард сохтану гарм намудане, ки аз [шароб] ба амал оянд, агарчи андар қиёс ба бештари танҳо зиёнваранд, вале ҳар як аз ин ду ба як мизоҷ мумкин аст созгор (132) ва мумкин аст носозгор ояд. Чизҳои сард онҳоеро қавӣ бигардонанд, ки ба бадмизоҷии гарм гирифторанд, чунонки Ҷолинус фармояд: «Оби анор касони гарммизоҷро ва оби ангубин касони сардмизоҷро ҳамеша қувват бахшанд». Пас, шароб аз ҷиҳати он ки гармтабъ аст ё сардтабъ, мумкин аст гурӯҳеро қувват бахшад ва гурӯҳеро нотавон созад. Гуфтаи мо ҳоло андар ин хусус нест, балки андар баёни қувваест, ки [шароб] ба ёрии он зуд ба рӯҳ табдил ёбад ва ин кор ба зоти худ ҳамеша қавигардонанда бувад. Бинобар ин, агар яке аз ин ду [кайфият] шаробро андар бадан ёварӣ кунад, қувватбахшандагии он фузунтар хоҳад шуд ва агар мухолафат кунад, қувват бахшидани он ба ҳасби ин [мухолафат] коҳиш ёбад. Ҳамин тариқ, набзро дигаргун сохтани шароб ба ҳасби ин кор бувад: [шароб] агар қавӣ гардонад, набз андар қувват зиёда бигардад, агар гармӣ бахшад, ҳоҷат зиёда кунад ва агар сардӣ бахшад, миқдори ҳоҷат бикоҳад. [Шароб] андар бештари ҳолҳо қувватро зиёда кунад, то набз андар суръат фузунӣ ёбад.
Аммо об аз он ҷиҳат қувват бахшад, ки ғизоро бигузаронад ва кори он ба кори хамр монанд аст, вале азбаски он на гармӣ, балки сардӣ оварад, бинобар он, андар фузун сохтани ҳоҷат ба дараҷаи хамр нарасад.
Фасли дувоздаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби хобу бедорӣ андар набз падид оянд

Ҳукмҳои набз ҳангоми хоб ба ҳасби вақти хоб ва ба
ҳасби ҳолати гувориш гуногун буванд. Набз ба аввали хоб

хурди нотавон бувад, аз баҳри он ки ҳаракати гармии модарзодӣ андар он ҳангом рӯ ба фарози ҳам омадан ва андарун фурӯ рафтан бувад, на ба сӯи аз ҳам боз шудан ва ба зоҳир омадан, зеро [гармии модарзодӣ] андар он ҳангом ба таҳрики нафс бо тамомияти хеш ба сӯи андарун равонааст, то ки ғизоро бигуворад ва фазлаҳоро бипазад ва он ночор ҳамчун гирифторшуда ва боздошташуда бувад.
[Набз ба аввали хоб] инчунин бисёр оҳиста ва ноҳамвор бувад, чунки гармӣ ҳарчанд ба ҳасби боздошт ва ҷамъ шудан афзоише ёфтааст, вале он афзоишеро аз даст додааст, ки вайро ҳангоми бедорӣ ба ҳасби ҳаракати гармифизоянда ҷой дорад. Ҳаракат афрӯхтагиро сахттар намуда, ба сӯи бадмизоҷӣ бештар майл диҳад. Ҷамъ шудану боздошта шудани муътадил бошанд, камтар афрӯхтагӣ оваранд ва гармиро камтар боиси беоромӣ бигардонад. Инро ту аз он ҷо бидонӣ, ки нафаси каси мондашуда ва безобитагии вай аз нафаси каси гармияш боздошташуда ва безобитагии ӯ ба сабабе, ки шабеҳи хоб бошад, хеле зиёд аст. Мисоли ин каси ба ҳоли бедорӣ андар оби сардияш муътадил фурӯраванда бувад. Ин одамро ҳарчанд гармӣ боздошта шуда, аз ин роҳ қавӣ бигардад ҳам, вале ин кор андар бузург гардидани нафас на ба дараҷаи мондагӣ ва варзишест, ки ба [мондагӣ] наздикӣ дорад. Агар нек бингарӣ, ягон сабабе намеёбӣ, ки беш аз ҳаракат гармӣ биоварад.
Бедорӣ на ба ҳаракати тан муҷиби гармиафзоӣ аст, то агар тан ором бошад, он воҷиб наояд, балки аз роҳи равона шудани рӯҳ ба сӯи берун ва пайваста аз паси зодан ба он сӯй дар ҳаракат будани он муҷиби гармифизоӣ бувад.
Баъд, чун ҳангоми хоб таом аз худ шавад, набз аз нав қувват бигирад, аз баҳри он ки қувват бо ғизо афзоиш ёбад ва он чи аз [гармӣ] ба андарун фурӯ рафта буд, то ки кори ғизоро бикунад, рӯ ба берун ва ба мабдаи хеш оварад. Набз ҳам бад-ин сабаб, ҳам ба сабаби аз ғизо афзудани гармии мизоҷ, чунонки гуфтем ва инчунин ба сабаби нармтар шудани афзор бар асари нуфузи миқдоре аз ғизо андар он бузургтар бигардад, вале ба суръату думодумӣ чандон афзоиш наёбад, зеро [хоб] на аз қабили чизест, ки ҳоҷатро афзоиш бидиҳад ва на низ андар он ҷой барои бо як худи бузургӣ адо намудани эҳтиёҷ мамониате бошад. Сипас агар хусбандаро хоб дер бикашад, набз дубора нотавон бигардад, аз баҳри он ки гармии модарзодӣ дамгир ва қувва зери бори фазлаҳое фишурда бигарданд, ки бояд ба намудҳои гуногуни истифроғи ҳангоми бедорӣ суратгиранда берун бираванд. Аз ҷумлаи ин [намудҳо] варзиш ва истифроғҳои ҳисшаванда ва ғайри ҳисшаванда мебошанд.
Баъд, агар хоб ба аввали вақт бо шиками тиҳӣ рост ояд ва чизе наёбад, ки ба гуворидани он бипардозад, мизоҷро ба сӯи сардӣ равона кунад ва набз ба хурд, оҳиста ва ноҳамвор шудан давом карда, то рафт [онҳо] афзоиш ёбанд.
Бедориро низ ҳукмҳои гуногун буванд. Хусбида агар ба табъи хеш бедор шавад, набз тадриҷан ба сӯи бузургию суръат бигарояд ва ба ҳолати табиии хеш боз ояд.
Аммо касе, ки ба сабаби ногаҳоние якбора аз хоб бедор шавад, ӯро баробари аз ҷой ҷунбидан чунин рӯй бидиҳад, ки набз ба якбора нотавон шавад, зеро қувваташ аз ҳуҷуми ногаҳонӣ гурехта бошад. Сипас ӯро набзе боз ояд, ки бузург, тез, думодум, ноҳамвори моил ба ларзанда бувад, аз баҳри он ки ин ҳаракат шабеҳи ҳаракати қасрист ва ин низ гармӣ афрӯзад.

пешина
аз 1215
навбатӣ