Қонуни тиб

Мо баён намудем, ки гармӣ андар бачагон ва барноён қариб яксон аст, бинобар он, ҳоҷат андар эшон [низ] қариб яксон бувад.
Лекин қувват андар барноён беш буда, андар бузургӣ ба ҳадде бирасад, ки аз суръату думодумӣ бениёз гардонад. Асоси кор андар эҷоби бузургӣ қувват бувад, аммо ҳоҷат сабаби ба амал омадан ва афзор ёваранд.
Набзи думӯягон хурдтар бувад ва он ба иллати нотавонӣ чунин бувад. Низ бад-он сабаб ва ба сабаби набудани ҳоҷат камтар тез аст ва бинобар ин камтар ноҳамвор бувад.
Набзи пирони солхӯрда ноҳамвор ва оҳиста бувад ва гоҳе ба сабаби рутубатҳои бегона, на модарзодӣ, нарм бигардад.
Фасли ҳаштум андар набзҳои мизоҷҳо
Мизоҷи гармро ҳоҷат шадидтар бувад ва агар қуввату афзор ёварӣ кунанд, набз бузург ояд ва агар яке аз онҳо мухолиф бошад, ба тавре ояд, ки андар гуфтаҳои гузашта ба тафсил ёд шуд. Агар нармӣ на ба сабаби бадии мизоҷ, балки табиӣ бошад, мизоҷ қавӣ ва дуруст ва қувват сахт қавӣ буванд. Ҳаргиз чунин гумон набар, ки афзоиши гармии модарзодӣ ба андозаи расидаи худ боиси камии қувват бигардад, балки боиси қуввати гавҳари рӯҳ ва ҳушёрии нафс хоҳад шуд. Гармие, ки натиҷаи бадмизоҷист, ҳар андоза шиддат ёбад, қувва ҳамон андоза нотавонтар шавад.
Аммо мизоҷи сард набзро ба ҷиҳатҳои коҳиш, хусусан [ба ҷиҳати] масалан, хурдӣ, дарангӣ ва ноҳамворӣ майл бидиҳад. Агар афзор нарм бувад, паҳнои он беш бигардад ва дарангию ноҳамвории он низ чунин буванд. Агар [афзор] сахт бувад, на он гуна хоҳад буд. Нотавоние, ки аз бадии мизоҷи сард ба мерос бирасад, бештар аз нотавоние бувад, ки аз бадии мизоҷи гарм ба мерос бирасад, аз баҳри он ки [мизоҷи гарм] ба [гармии] модарзодӣ бештар созгор аст.
Аммо мизоҷи тар боиси мавҷӣ ва паҳн гардидани [набз] бигардад. Мизоҷи хушк бошад, боиси борикӣ ва сахтии он хоҳад шуд. Сипас қувват қавӣ ва ҳоҷат шадид бошад, [набзҳои] дузахмӣ, турунҷида ва ларзанда падид оянд.
Баъдашро ту худ бояд бинобар аз ёд донистани аслҳои [набз] таркиб [бидиҳӣ].
Гоҳе як одамро мумкин аст чунин рӯй диҳад, ки мизоҷи ҳар ду нимаи ӯ гуногун буда, як нима сардмизоҷ ва дигар нима гарммизоҷ бошанд ва бинобар он мумкин аст ӯро чунин ориз бигардад, ки набзи ду нимаи ӯ мувофиқи ихтилофе, ки ба муҷиби гармию хунукист, мухталиф бошад ва набзи нимае, ки мизоҷи гарм дорад, чун набзи мизоҷи гарм ва набзи нимае, ки мизоҷи сард дорад, чун набзи мизоҷи сард буванд.
Аз ин ҷо дониста шавад, ки набз андар боз шудану фишурда шудан на бар равиши мадду ҷазри дил бувад, балки бар равиши боз шудану фишурда шудани худи ҷирми шараён бувад.
Фасли нуҳум андар набзи фаслҳо
Андар баҳор набз ба ҳама бобат муътадил, вале ба қувват беш бувад.
Андар тобистон [набз] ба иллати ҳоҷат тези (131) думодум [ва] ба иллати коҳиши қувват ба сабаби ҳал шудани рӯҳ аз гармии берунии ғолиби ба ифрот хурду борик бувад.
Андар зимистон [набз] ба изофаи хурд будан бештар ноҳамвор, оҳиста ва нотавон бувад, аз баҳри он ки қувват нотавон бигардад. Андар бархе аз баданҳо чунин иттифоқ биафтад, ки [85] гармӣ андар жарфо боздошта ва ҷамъ бигардад ва қувват қавӣ шавад. Ин ҳангоме бувад, ки мизоҷи гарм ғолиб бошад ва бар зидди сардӣ истодагӣ намуда, аз он мутаассир нагардад ва сардӣ ба андарун наравад.
Аммо андар хазон набз ноҳамвор ва рӯ ба нотавонист.
Ноҳамвории он бад-он сабаб бошад, ки мизоҷи аразӣ андар хазон бисёр дигаргун шуда, боре рӯ ба гармӣ ниҳад ва боре рӯ ба сардӣ. Аммо нотавонии [набз] низ бад-он сабаб бошад, чунки мизоҷи ноҳамвор ҳар вақт беш аз [мизоҷи] яксони ҳамвор, ки агарчи бад бошад, зиёнвар бувад.
[Инчунин] аз баҳри он чунин бошад, ки хазон замони мухолифи табиати ҳаёт бувад, зеро гармӣ андар он нотавон ва хушкӣ беш бигарданд.
Аммо набзи фаслҳое, ки андар миёни фаслҳост, муносиби фаслҳое бувад, ки [ин фаслҳоро] дарбар бигиранд.
Фасли даҳум андар набзи шаҳрҳо
Баъзе шаҳрҳо муътадили баҳорӣ, баъзе гарми тобистонӣ, баъзе сарди зимистонӣ ва баъзе хушки хазонӣ буванд.
Ҳукмҳои набз андар инҳо андар қиёси он чизе буванд, ки аз [ҳоли] набзи фаслҳо донистӣ.
Фасли ёздаҳум андар набзе, ба муҷиби хӯрданиҳост
Хӯрданӣ ҳоли набзро ба кайфият ва камияти худ бигардонад. Аммо ба кайфияти худ бад-ин тариқ [бигардонад], ки рӯ ба гарм кардан ва ё сард намудан дошта, [набзро] ба муқтазои он бигардонад. Аммо ба камият [бад-ин тариқ бигардонад], ки агар [ба андозаи] муътадил бувад, набз ба иллати бисёрии қувват ва гармӣ андар бузургӣ, тезӣ ва думодумӣ афзоиш ёбад ва ин таъсир муддате бар ҷой бимонад; агар [хӯрданӣ] ниҳоят бисёр бошад, набз бе ягон низоме ноҳамвор бигардад, аз баҳри он ки таом бар қувват гаронӣ оварад ва ҳар гароние муҷиби ноҳамвории набз бигардад.
Аркоғонис чунин пиндорад, ки суръати набз беш аз думодумии он аст. Ин дигаргунӣ ночор дер бимонад, аз баҳри он ки сабаб дер поянда бувад; агар [хӯрданӣ] ба бисёрӣ камтар аз ин [миқдор] бошад, ноҳамвории набз ба низом бошад; агар андозаи хӯрданӣ кам бошад, набз камтар ноҳамвор, бузург ва тез бувад ва ин дигаргунии он дер напояд, аз баҳри он ки модда камтар буда, зуд гуворида бигардад.
Сипас агар қувват аз бисёрӣ ва ё камии [таом], ҳар кадом, ки набошад, хору нотавон гардад, кор ба ҷое бирасад, ки саранҷом ду набз андар хурдию ноҳамворӣ ба ҳам монанд бигарданд ва ҳар гоҳ ки табиат ба гуворидану дигаргун сохтан қувват ёбад, ба ҳоли эътидол боз ояд.
Шаробро хусусиятест ва он чунин аст, ки бештари он, агарчи муҷиби ноҳамвории [набз] бигардад, вале на ба андозае муҷиби ноҳамворӣ бигардад, ки қобили мулоҳаза ва баробар ба [ноҳамвории] ба муҷиби ҳамин андоза аз ғизоҳо ба амал оянда бошад. Ин аз баҳри он бошад, ки гавҳари шароб ковок, латиф, тунук ва сабук аст. Аммо агар шароб ба феъл сард бошад, муҷиби он хурдсозие бигардад, ки ба муҷиби чизҳои андар мизоҷи сард бувад ва [низ] зуд боиси ноҳамворӣ ва оҳистагии [набз] шавад, зеро [сардӣ] ба зудӣ андарун бигзарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё