Қонуни тиб

Сабаби думодумӣ нотавонӣ ва ё бисёрии ҳоҷат ба гармӣ бошад. Сабаби тафовут ё қуввае бувад, ки андар бузургӣ ба андозаи ҳоҷат расидааст ё сармои сахте бувад, ки ҳоҷатро бикоҳад ва ё ба ғояти афтодагӣ расидани қувват ва наздик расидани марг бувад.
Сабабҳои нотавонии набз, ки аз ҷинси сабабҳои дигаргунсозандаанд, инҳо бошанд: андӯҳ, бехобӣ, истифроғ, лоғарӣ, хилти бекора, варзиши беш аз андоза, ҳаракатҳои хилтҳо, расидани онҳо ба андомҳое, ки сахт ҳассосанд ва ё андар ҳамсоягии дил бошанд ва ҳамаи он чи ки таҳлил оварад.
Сабабҳои сахтии набз хушкии ҷирми раг ё сахт аз ҳам кашида шудани он ва ё сахтии сармое бувад, ки ях бибандонад. Гоҳе набз ҳангоми буҳронҳо ба сабаби шиддати муҷоҳада ва азҳамкашидагии ба ҷиҳати рондани табиат буда сахт бигардад.
Сабабҳои нармии [набз] сабабҳои тарифизояндаи табиие чун ғизо ва ё сабабҳои тарифизояндаи ҳолати беморӣ, чун истисқо ва лисорғус буванд. Ё сабабҳое буванд, ки чун гармоба кардан на табиӣ бошанд ва на аз беморӣ.
Сабаби ихтилофи набз ба ҳангоми пойдории қувват гаронии ягон моддае аз таом ва ё хилт бувад ва ба ҳангоми нотавонии қувват набард бо иллату беморӣ бувад. Аз ҷумлаи сабабҳои ихтилоф он бошад, ки рагҳо аз хун пур шаванд. Ин гуна ҳолат бо раг задан биравад. Чизе, ки аз ҳама беш муҷиби ихтилоф бигардад, он аст, ки хун часпак бигардад ва хусусан агар ин фарози ҳам омадан андар наздикии дил бошад, рӯҳи андар шараёнҳо дар ҳаракат бударо хафа кунад. Аз ҷумла сабабҳое, ки андар муддати кӯтоҳ муҷиби ихтилоф бигарданд, пурии меъда, андӯҳ ва андеша намудан андар коре бувад. Аммо агар андар меъда хилти палиде бошад, баробари он ихтилоф давом бикунад ва бисёр бошад, ки он боиси хафақон шуда, набз набзи хафақонӣ бигардад.
Сабаби [набзи] аррагӣ чунин аст: андар уфунат, норасидагӣ ва пухтагӣ мухталиф будани чизе, ки андар ҷирми раг биравад; андар сахтию нармӣ мухталиф будани ҳолати раг; афтидани омос андар андомҳои серасаб.
[Набзи] дузахмиро сабаб чунин аст: бисёрии қувват ва ҳоҷат; сахтии афзор, ки бар адои он миқдор густарише, ки қувват ба як бор аз вай бихоҳад, гардан наниҳад, чунон ки як кас бихоҳад чизеро ба як захм бибуррад, вале он гардан наниҳад, пас [захме] дигар бар вай бирасонад. Ин [набз] хусусан ҳангоме бошад, ки [84] ҳоҷат ба як бора бисёр бувад.
Сабаби набзи думимушӣ чунин бошад, ки қувват нотавон гашта бошад ва ба тадриҷ аз кӯшиш рӯ ба осудан биниҳад ва аз осудан рӯ ба кӯшиш. [Набзи] ба як ҳолат устувор аз ҳама бештар бар нотавонии қувват далолат кунад ва набзи думимушӣ ва бад-он монанд бар ягон қувват ва бар он далолат кунанд, ки нотавонӣ на ба ғоят расида бошад. Бадтарини [навъи думимушӣ] набзи сипаришаванда, сипас устувор ва баъд думимушии бозгуна бувад.
Сабаби [набзи] фосиладор мондагии қувват ва орамидани он бошад ва ё рӯйдоди ногаҳоние бошад, ки нафсу табиат ба якборагӣ ба он овора бигарданд.
Сабаби набзи турунҷида ҳаракатҳои ғайри табиии қувват ва бадқивомии афзор буванд.
Набзи ларзанда аз қувват, аз афзори сахт ва ҳоҷати бисёр бархезад. Аз ғайри инҳо ларзиши он воҷиб наояд.
[Набзи] мавҷиро сабаб андар бештари ҳол нотавонии қувват бошад, ки [рагро] танҳо кам-кам густариш додан битавонад. Нармии афзор гоҳе мумкин аст ҳангоме сабаби [набзи мавҷӣ] бигардад, ки агар қувват сахт нотавон набошад, зеро афзори тари нарм ларзиш ва ҳаракати ҷузъ ба ҷузъ равандаро мисли афзори хушки сахт пазируфтан натавонад. Чунки хушкӣ қобилияти пазируфтани ларзишу такон бахшад. Охири [афзори] сахт хушк аз ҳаракати бахши аввали он ба ҳаракат ояд, аммо афзори тари нармро равост, ки чун як ҷузъ ба ҳаракат ояд, ҷузъи дигари он ба иллати зуд пазируфтани ҷудоӣ, таҳшавӣ ва тағйири ҳайат аз ин ҳаракат мутаассир нагардад.
Сабаби набзи кирмӣ ва [набзи] мӯрчагӣ шиддати нотавонист, ки ҳатто оҳистагӣ, думодумӣ ва ихтилофе, ки андар ҷузъҳои набз аст, ба ҳам ҷамъ оянд, аз баҳри он ки қувват афзорро ба якборагӣ густариш додан натавонад, балки кам-кам густариш бидиҳад.
Сабаби набзи бадвазн, агар камӣ андар ҳолатҳои замони оромиш ҷой дошта бошад, фузунии ҳоҷат бувад ва ё агар камӣ андар ҳолатҳои замони ҳаракат ҷой дошта бошад, он гоҳ фузунии нотавонӣ ва ё адами ҳоҷат бошад.
Аммо камии замони ҳаракат ба сабаби суръати ҳаракати бозшаванда бувад, ки он ғайри ин аст.
Сабаби [набзҳои] пур, тиҳӣ, гарм, сард, баланд ва паст худ ошкорост.
Фасли ҳафтум андар набзи мардону занон ва набзи синҳо
(130) Набзи мардон ба сабаби шидати қувват ва ҳоҷати эшон бисёр бузург ва қавӣ бошад, аз баҳри он ки ҳоҷати эшон ба бузургии набз бианҷомад. Аз ин ҷо набзи эшон ба аксари ҳол оҳистатар ва ба тафовут шадидтар аз набзи занон бошад. Ҳар набзе, ки андар он қувват устувор аст ва думодум ояд, пас, ночор боистӣ, ки тез бошад, зеро тезӣ пеш аз думодумӣ аст. Бад-ин сабаб, чунонки набзи мардон оҳистатар аст, ҳамчунин тафовуташ ҳам шадидтар бошад.
Набзи бачагон ба иллати тарӣ нармтар, нотавонтар ва бештар думодум бувад, аз баҳри он ки гармӣ [андар эшон] қавӣ буда, қувват қавӣ набошад, зеро эшон ҳанӯз камолёфта нестанд. Набзи бачагон ба қиёси андозаҳои танҳои эшон азим бувад, аз баҳри он ки афзори эшон сахт нарм ва ҳоҷаташон бисёр буда, қувваташон нисбат ба андозаҳои танҳояшон нотавон нест, зеро танҳои эшон ба андоза хурд буванд. Вале набзи бачагон андар қиёс ба набзи камолёфтагон азим нест, лекин ба иллати ҳоҷат тезтар ва андар думодумӣ шадидтар бошад. Бачагонро бисёр бошад, ки ба сабаби бисёр гувориданашон ва думодум будани [гувориш] андар [тан] бухори дудӣ ҷамъ ояд. Бад-ин сабаб андар эшон ҳоҷат ба берун сохтани [бухор] ва ба бод додани гармии модарзодии худ бештар бувад.
Аммо набзи барноён андар бузургӣ афзун бувад, андар тезӣ на афзун, балки андар он ва андар думодумӣ хеле кам буда, рӯ ба ноҳамворӣ (тафовут) ниҳода бошад. Лекин набзи онҳое, ки андар оғози барноиянд, бузургтар ва набзи онҳое, ки андар миёнаҳои барноиянд, қавитар бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё