Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

На ҳар чизе, ки аз он ду захм ба ҳис андарояд, боистӣ, ки ду набз бошад. Вагарна набзи боз шуданаш бигсилидаи бозгуна ду набз бувад. Балки онро ҳангоме боистӣ ду набз шумурд, ки чун оғоз ёбад, ҳаракати боз шудан кунад, сипас фишурда шуда, ба сӯи умқ пас гардад ва боз бори дигар ҳаракати боз шудан кунад.
Аз ҷумла набзи фосиладор ва набзи андар миён афтода буванд, ки ҳар ду ёд шуданд. Фарқи миёни набзе, ки андар миён афтода аст ва набзи оҳугӣ он бошад, ки андар оҳугӣ дуввумӣ пеш аз сипарӣ шудани якумӣ бирасад, вале андар набзе, ки андар миён афтодааст, захми сипас ояндаи он андар замони оромиш ва сипарӣ шудани захми нахустин бирасад.
Аз ҳамин бобҳо набзи турунҷида, ларзанда ва тобдор бошанд, ки гӯӣ чун ришта ҳамепечад ва фатила ҳамегардад. Ҳамаи ин аз боби ихтилоф андар пешию сипасӣ [83] ва ниҳоду паҳно буванд.
[Набзи] думодум оянда ҷинсест, ки аз ҷумлаи набзи тобдор буда, ба [набзи] ларзанда монандӣ дорад, вале боз шудан андар думодум оянда ноаёнтар аст. Инчунин аз ростии вазъи баландӣ берун омадан андар думодум оянда пинҳонтар бошад. Кашидагӣ андар думодум зоҳиртар бувад ва бошад, ки майли он фақат ба як сӯ бошад. Бештари он чизе, ки аз қабили думодум оянда, тобдор ва яксӯгаро падид ояд, андар бемориҳои хушк падид ояд.
Аз ҷумлаи набзҳои мураккаб синфҳоеанд, ки қариб андар шумор наоянд ва онҳоро ҳеҷ номе нест.
Фасли чаҳорум андар бахши табиии гунаҳои набз

(128) Аз миёни ҳар як аз ҷинсҳои ёдшуда, ки андар зиёдию нуқсон тафовут пазиранд, табиӣ он аст, ки муътадил бошад, вале ба истиснои [ҷинси] қавӣ, ки табиӣ андар он фузуноянда бувад. Агар ягон набзе аз гунаҳои дигар бар асари афзоиши қувват афзоиш ёфта, аз якчанди худ бузургтар бигардад, пас, ин аз барои [он нерӯи] қавӣ табиӣ бувад. Аммо ҷинсҳое, ки эҳтимоли бештару камтар шудан надоранд, табиии онҳо онест, ки ҳамвор, мунтазам ва хубвазн бошад.
Фасли панҷум андар сабабҳои навъҳои ёдшудаи набз

Бархе аз сабабҳои набз умумӣ, зарурӣ, зотӣ [ва] андар қавом додани он дохиланд, ки онҳоро «боздоранда»
(мосика) хонанд ва бархе дигар аз онҳо сабабҳоеанд, ки андар қивоми набз дохил нестанд ва бахше аз онҳо ҳамроҳикунанда ва бо дигаргун шудани худ дигаргунсозандаи ҳукмҳои набз буда, «сабабҳои ҳамроҳикунанда» ном доранд ва бахше дигар аз онҳо ғайри ҳамроҳикунанда буда, ба таври мутлақ «дигаргунсозанда» хонда шаванд.
Сабабҳои боздоранда сеанд:яке қувваи ҳайвонии ҷунбонандаи набз, ки андар дил аст ва ту онро андар боби «қувваҳои ҳайвонӣ» шинохтӣ; дуввум афзор, ки он раги ҷаҳанда аст ва ту онро ҳангоми ёд намудани андомҳо донистӣ; севвум ҳоҷат ба хомӯш кардани [гармӣ] ва он ба миқдори муайяне хомӯш кардани [гармӣ] бихоҳад, ки ин миқдор ба андозаи ҳадди гармӣ андар тезӣ, ё нотавонӣ ва ё муътадилӣ муайян карда шавад. Феълҳои сабабҳои нигоҳдоранда ба ҳасби қарин гардидани сабабҳои ҳамроҳикунанда ва ба таври мутлақ дигаргунсозанда дигаргун бигарданд.
Фасли шашум андар [ҳолатҳое], ки ба муҷиби танҳо сабабҳои нигоҳдоранда буванд

Агар нармии афзор фармонбардор, қувват қавӣ ва ҳоҷати хомӯш кардани гармӣ бисёр буванд, тапиши раг бузург ояд ва аз миёни ҳар се ҳоҷат аз ҳама бештар бар он ёрирасон бошад. Агар қувват нотавон бошад, бар асари он ночор тапиш хурд бувад ва агар ба изофаи он афзор сахт ва ҳоҷат ночиз бошанд, тапиш аз он ҳам хурдтар хоҳад буд. Сахтӣ низ гоҳе боиси хурдии [тапиш] бигардад, вале хурдие, ки ба сабаби сахтии [раг] аст, аз хурдии ба сабаби нотавонии [қувват] буда бо он фарқ дорад, ки сахт бошад, нотавон набошад ва андар кӯтоҳию пастӣ ба ифрот нарасад, чунонки ба ҳангоми нотавонии қувват [ба ифрот бирасад]. Камии ҳоҷат низ боиси хурдӣ бигардад, вале андар он нотавонӣ набошад.
Ҳеҷ як аз ин се [сабаб] ба андозае, ки боиси нотавонӣ бигардад, боиси хурдӣ нагардад. Хурдии сахтӣ, ки ҳамроҳи қувват аст, бештар аз хурдии адами ҳоҷатест, ки ҳамроҳи қувват бошад, аз баҳри он ки қувват ҳамроҳи адами ҳоҷат аз муътадил чизи бисёре накоҳад, зеро чизе нест, то онро аз густариш боз дорад, балки бештар майл ба тарки [миқдори] аз эътидол зиёд кунад, чунки бад-он ҳоҷат набошад.
Агар ҳоҷат бисёр, қувват қавӣ ва афзор ба иллати сахтии худ нофармонбардор бошанд, набз азим наояд ва ночор тез бигардад, то он чиро аз бузургӣ, ки ба сабаби сахтӣ аз даст додааст, бо суръат ба даст орад. Агар қувват нотавон бошад ва на бузург гардондани набз ва на падид овардани суръат ҷой надошта бошанд, набз ночор думодум бигардад, то он чиро аз бузургию суръат, ки аз даст рафтааст, аз тариқи думодумӣ ҳосил кунад ва шумораи зиёди [тапиданҳо] ҷои як [тапидани] кофии бузург ва ё ду [тапидани] тезро бигиранд. Инро метавон ба ҳоли касе ташбеҳ дод, ки эҳтиёҷ ба бурдани бори гароне дорад. Пас, ӯ агар ба якборагӣ онро бардоштан тавонад, бибардорад, агар не, онро бар ду ним созад ва бишитобад ва агар [боз ҳам] натавонад, он гоҳ бар бахшҳои бисёр тақсим кунад, ҳар бахшеро ба ҳар гунае, ки тавонад, хоҳ оҳиста биравад, хоҳ тез бибарад. Сипас агар ӯ оҳиста биравад, миёни ҳар ду омадушуд шитоб накунад, вагарна ба ғояти нотавонӣ расида, монда бигардад ва борро ба заҳмат бурда, ба оҳистагӣ бозгардад.
Агар қувват қавӣ, афзор фармонбардор, вале ҳоҷат беш аз ҳадди эътидол шиддатнок бошанд, қувват ба изофаи бузургӣ суръатро афзоиш диҳад. Агар ҳоҷат [аз он ҳам] шадидтар бувад, қувват ба изофаи бузургию суръат думодумӣ ба амал оварад.
Дарозии [набзро] ё ба ҳақиқат сабабҳои бузургӣ ҳангоме ба амал оранд, ки агар боздорандае аз паҳн шудану баланд гаштан боз дорад, чунончи, сахтии [раг] аз паҳншавӣ ва зичии гӯшту пӯст аз баланд шудан боз доранд ва ё ба араз лоғарӣ андар падид омадани он ёрӣ диҳад.
Паҳноиро ё холигии рагҳо ба амал оварад ва табақаи болоӣ бар табақаи поёнӣ майл намуда, паҳн бигардад ва ё сахт (129) нарм будани афзор ба амал оварад.

пешина
аз 1215
навбатӣ