Қонуни тиб

Вазн он чизест, ки андар он нисбатҳои мусиқавӣ воқеъ бигарданд. Мо гӯем, ки набз ё хубвазн бошад ва ё бадвазн. Набзи бадвазн се навъ аст: яке набзи вазнаш дигаргуншавандаи аз вазн гузаранда ва он вазни набзи синнест, ки аз паси синни худованди он ояд, чунонки бачагонро вазни набзи барноён бошад; дуввум набзи аз вазн дур, чунонки бачагонро мисли набзи пирон бошад; ва севвум набзи берун аз вазн ва он набзест, ки андар вазни худ ба ягон набзе аз набзҳои инсонӣ монанд набошад. Берун шудани набз аз вазн бисёр вақт бар дигаргунии бузурги ҳолат гувоҳӣ бидиҳад.
Фасли дуввум андар набзи ҳамвор ва ноҳамвор (мухталиф)
Гӯянд, ки ихтилофи набзи мухталиф ё андар зарбаҳои бисёр бошад ва ё андар як зарба. Ихтилофи набзи андар як зарба мухталиф ё андар ҷузъҳои бисёр бошад, яъне андар маҳалҳои ангуштони гуногун ва ё андар як ҷузъ, яъне андар маҳалли як ангушт. Аз ҷумлаи набзи андар зарбаҳои бисёр мухталиф набзи мухталифест, ки [ихтилофаш] ба тадриҷ ҳамвор биравад. Он чунон бошад, ки ба тадриҷи якранг аз як зарба шурӯъ шуда, ба бештар аз он ва ё ба камтар аз он бигузарад ва бар ҳамин равиш давом намуда, то ба ғояти камӣ ва ё то ба ғояти бешӣ бирасад. Сипас ё бозгуна ба бузургии нахустин боз омада, бигсилад ва ё пай дар пай аз кӯчакии хеш бигардад. Ба тарзе ки андар ҳар ду ҳолат баргаштани вай (баъди аз ибтидои ба ҳамин сифат рӯ овардан ба интиҳои ба ҳамин сифат) ба маъхази нахустин ё якранг бошад ва ё мухолиф.
[Набз] гоҳе ба ғоят бирасад, гоҳе нарасида бигсилад, гоҳе ҳангоме бигсилад, ки аз ғоят бигзашта бошад, гоҳе андар миёна ба муддате бигсилад. Гоҳе хилофи бигсилидан ба амал ояд, яъне андар миёни он ҳаракат афтад.
Набзи дорои фосила он набзи мухталифест, ки ҳар ҷо андар вай ҳаракат чашм дорӣ, оромиш ояд. [Набзи] андар миён афтанда набзи мухталифе бошад, ки ҳар ҷо андар вай оромиш чашм дорӣ, ҳаракат ояд.
Аммо ихтилофи набз андар ҷузъҳои бисёри як зарба ё андар ниҳоди ҷузъҳои он аст ва ё андар ҳаракати ҷузъҳои он. Аммо ихтилофе, ки андар ниҳодҳои ҷузъҳост, ин ихтилофи нисбати бахшҳои раг ба ҷиҳатҳо бошад ва азбаски ҷиҳатҳо шаштоанд, ҳар чи аз ихтилоф андар онҳо биафтад, чунин бошад. Аммо ихтилоф андар ҳаракат ё ба тезию оҳистагӣ, ё ба пешию сипасӣ, яъне як ҷузъ пеш аз гоҳи ҳаракат ва ё баъд аз гоҳи он ҳаракат карда бошад, ё ба қуввату нотавонӣ ва ё ба бузургию кӯчакӣ бошад. Ҳамаи инҳо ё бар як тартиби баробар равон бошанд ва ё ба ҳар гуна тартибе, ки бо афзудану костан гуногун бигардад ва ин ё андар ду, ё андар се, ё андар чаҳор ҷузъ бошад, яъне манзури ман мавқеъҳои ангуштон аст. Ту бояд аз таркиб ва таълифи [онҳо] бо хабар бошӣ.
Ихтилофи набз андар як ҷузъ чунин аст: яке гусилида (мунқатеъ), яке бозгуна ва яке пайваста.
Гусилида он бошад, ки андар як ҷузъ ба фосилаи ростиние гусаста гардад. Ду тарафи як ҷузъ, ки бо фосила аз он гусаста гаштааст, мумкин аст ба тезӣ, дарангӣ ва ҳамонандӣ мухталиф бошанд.
Аммо бозгуна чунон бошад, ки набзи бузург андар як ҷузъ кӯчак бигардад ва сипас ба нармӣ бозгардад. Аз ҳамин навъ набзи дарҳамрафта бошад. Он чунин аст, ки як зарба ба сабаби ихтилоф ду зарба намояд ва ё ду зарба ба иллати дарҳам рафтан як зарба бинамояд ва ин ба ҳасби (127) раъйи онҳоест, ки андар он ихтилоф карданд.
Аммо пайваста он бошад, ки ихтилофаш ба тадриҷ пайваста буда, гусастагии он ба ҳангоми дигаргун шудан ва аз ҳоли тезӣ ба дарангӣ, ё баръакс ва ё ба ҳоли эътидол омадан, ё аз эътидоли миёни ҳар ду, ё аз ҳоли бузургӣ, ё аз кӯчакӣ ва ё аз эътидоли миёни ин ду ба сӯи чизе омадан, ки бад-он интиқол ёбад, ба ҳис андарнаояд. Ин гоҳе бар як намуд давом бикунад ва гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки дар баробари пайваста буданаш андар бархе аз ҷузъҳо ихтилофаш бештар ва андар бархе дигар камтар бошад.
Фасли севвум андар гунаҳои набзи мураккаб, ки ба номҳои ҷудогона махсусанд
Аз он ҷумла [набзи] оҳугист. Ин аз ҷумлаи набзи ба як бахш мухталиф бувад. Вай чунин аст, ки [нахуст] гарон ояд, сипас бурида гардад ва ба як бор тез бишавад.
Яке аз онҳо [набзи] мавҷист ва он [набзест], ки андар бузургӣ, кӯчакӣ ва ё баландии ҷузъҳои раг, андар паҳноӣ, пешию сипасии саршавии ҳаракати набз мухталиф буда, дорои нармист, сахт хурд нест ва дорои як миқдор паҳноист. Вай чунин аст, ки гӯӣ мавҷҳое паси ҳам рост меоянд ва миёни онҳо андар баландӣ, пастӣ, тезӣ ва дарангӣ ихтилоф бувад.
Аз он ҷумла набзи кирмист ва он ба [набзи мавҷӣ] монанд аст, валекин хурдтар ва сахт думодум. Думодумии он пиндори тезӣ бидиҳад, вале начандон тез бошад.
Набзи мӯрчагӣ ба ғояти хурдӣ бувад ва андар думодумӣ сахттар. Зуҳури ихтилофи [набзҳои] кирмӣ ва мӯрчагӣ ҳангоми ҷустан андар баландӣ ва андар пешию сипасӣ бештар аз [зуҳури] ихтилофи онҳо андар паҳноӣ бошад, балки ин мумкин аст қариб зоҳир нагардад.
Аз ҷумла набзи аррагист ва он андар ихтилофи ҷузъҳо, андар баландию паҳно ва андар пешию сипасӣ ҳамчун [набзи] мавҷӣ бувад, валекин сахт ва бо вуҷуди сахтӣ ҷузъҳои он андар сахтӣ мухталиф буванд. Пас набзи аррагӣ набзи тез, думодум, сахт ва ҷузъҳояш андар бузургии ҳаракати бозшавӣ, сахтӣ ва нармӣ мухталиф буванд.
Аз ҷумла набзи думимушӣ аст ва он набзест, ки андар ихтилоф ба тадриҷ аз камшавӣ ба зиёдӣ ва ё аз зиёдӣ ба камӣ ояд. Думимушӣ мумкин аст гоҳе андар зарбаҳои бисёр, гоҳе андар як зарба, [вале] андар ҷузъҳои бисёр ва ё андар як ҷузъ [чунин] бошад. Ихтилофи аз ҳама хоси ӯ онест, ки ба бузургӣ вобастагӣ дорад. Гоҳе ба эътибори оҳистагию тезӣ ва қуввату нотавонӣ [мухталиф] бувад.
Аз ҷумла набзи ҷуволдӯзӣ аст ва он набзест, ки аз камӣ ба ҳадди зиёдат ояд, он гоҳ ба тадриҷ пас гашта, то ба ҳадди нахустини камӣ бирасад. Пас, он чун ду думимушӣ бошад, ки ба наздикии сари бузуруг ба ҳам бипайванданд.
Аз ҷумла [набзи] дузахмӣ аст. Пизишкон андар он ихтилоф доранд. Бархе аз эшон онро як зарбаи андар пешию сипасӣ мухталиф шуморанд ва бархе дигар гӯянд: «Он ду зарбаест, ки паси ҳам расида буванд». Вале умуман миёни ҳар ду замон ба андозае нест, ки фишурда шудан ва сипас боз шуданро биғунҷонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё