Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Набзи] ба паҳно ва боло бешро «[набзи] ситабр» хонанд, [набзи] андар ҳар ду ноқисро «борик» хонанд ва андар миёни ин ду [набзи] миёна бошад.
Аммо ҷинсе, ки онро аз рӯи чигунагии захм задани раг бар ангуштон бигиранд, се навъ дорад: 1) набзи қавӣ, ки ба наздики боз шудан ангуштро муқовимат кунад; 2) набзи нотавон, ки муқобили қавӣ бошад; 3) [набзи] миёна, ки миёни ҳар ду бошад.
Аммо ҷинсе, ки онро аз рӯи замони ҳар як ҳаракат бигиранд, се навъ аст: 1) [набзи] тез ва он набзест, ки ҳаракатро андар муддати кӯтоҳе ба анҷом расонад; 2) [набзи] оҳиста, ки зидди [тез] бошад; 3) сипас [набзи] миёна, ки он миёнаи ҳар ду бошад.
Аммо ҷинсе, ки аз рӯи қивоми афзор бигиранд, се синф аст: 1) нарм ва он чунин бошад, ки [раг] ҳангоми зер кардан ба осонӣ ба сӯи андарун хам шавад; 2) сахт, ки зидди он бошад; 3) миёнаи [ҳар ду].
Аммо ҷинсе, ки онро аз рӯи ҳолати чизи андаруни [раг] буда бигиранд, бар се синф аст: 1) [набзи] пур ва он набзест, чунин бинамояд, ки андаруни рагро рутубати қобили эътиборе бигрифтааст, на тиҳигии (125) сирф; 2) [набзи] тиҳӣ, ки зидди пур бошад; 3) сипас [набзи] миёнаи ҳар ду.
Аммо ҷинсе, ки онро аз рӯи [чӣ гуна] ба ламс дарёфтани [набз] бигиранд, бар се синф аст: 1) [набзи] гарм; 2) набзи сард; 3) набзи миёна.
Ҷинсе, ки онро аз рӯи замони оромиш бигиранд, бар се синф аст: 1) [набзи] думодум, ки замони он кӯтоҳи андар миёни ду захм ҳисшаванда бошад ва онро «мутадорик» ва «мутакосиф» низ хонанд; 2) [набзи] гусаста, ки зидди [думодум] бошад ва инро «мутарохӣ» ва «мутахалхил» низ гӯянд; 3) андар миёни ҳар ду набзи миёна бошад. Сипас ин замон ба ҳасби он миқдор аз фарози ҳам омадани [набз] бошад, ки дарёфта шавад. Агар ҳаракати фарози ҳам омадан аслан дарёфта нашавад, пас ин [айни] замоне бошад, ки миёни ҳар як аз ду ҳаракати боз шудан воқеъ шудааст ва агар дарёфта шавад, ба эътибори замони ду тараф бошад.
Ҷинсе, ки онро аз рӯи ҳамворӣ ва ноҳамворӣ бигиранд ё [набзи] ҳамвор аст ва ё набзи гуногуни ғайри ҳамвор.
Ин ба эътибори ҳамонандии набзҳо ё ҷузъҳои як набз ва ё як ҷузъи як набз андар панҷ чиз бошад: бузургию хурдӣ, қуввату нотавонӣ, тезию оҳистагӣ, гусастагию думодумӣ ва сахтию нармӣ. Ҳатто ҷузъҳои ҳаракати бозшавандаи як набз мумкин аст ба иллати шиддати гармӣ тезтар ва ё ба иллати пастии он оҳистатар бошанд. Агар густариш додани ин гуфтаро хоҳӣ, бояд андар ҳамвору ноҳамвор будани бахшҳои ёдшудаи сегона ҳамаи бахшҳои дигарро ба эътибор бигирӣ, лекин асоси эътибор бояд бар ҳамин [се бахш] равона бошад. Набзи ҳамвор ба таври мутлақ андар ҷамиъи ин [бахшҳо] ҳамвор аст ва агар танҳо андар ягон чизе ҳамвор бошад, пас, вай танҳо андар ҳамон ҳамвор хоҳад буд, чунонки гӯӣ: «ба қувват ҳамвор» ва ё «ба суръат ҳамвор». [Набзи] гуногун ҳамчунин бошад. Вай набзест, ки ҳамвор нест: ё ба таври мутлақ ва ё андар чизе, ки нисбат ба он ҳамвор набошад.
Ҷинсе, ки онро аз низому бенизомӣ бигиранд, бар ду навъ аст: ноҳамвори мунтазам ва ноҳамвори ғайри мунтазам. Мунтазам набзест, ки ноҳамвории онро низоми устуворе бошад, ки бар он давр бизанад ва он бар ду рӯй аст: 1) ё ба таври

мутлақ мунтазам ва ин чунин бошад, ки такрорёбандаи ин [набзро] фақат як ноҳамворӣ аст; 2) ва ё мунтазаме, ки давр бизанад ва он чунин бошад, ки вайро ду даври ду ихтилоф ва ё беш аз он бошад. Мисли ин ки андар он ҷо давре бошад ва даври дигаре мухолифи он, вале онҳо пайдарпай баргашта, ҳамчун як давр бошанд. Агар ба таҳқиқ нигарӣ, ин ҷинси нуҳумро ҳамчун навъе аз ҷинси ҳаштум ва дохил андар зери [набзи] ноҳамвор дармеёбӣ.
Бояд бидонӣ, ки андар набз табиати мусиқорӣ мавҷуд аст. Чунонки пешаи мусиқӣ ҳангоме тамомият ёбад, ки нағмаҳо андар борикию (ҳиддат) гаронӣ ба як нисбат миёни худ таълиф ёбанд ва воқеъ шудани андозаи замонҳои захмҳоро аз ҳам ҷудокунанда ба шакли даврӣ бошад, ҳоли набз ҳам ҳамчунин аст. Нисбати замонҳои вай андар тезию думодумӣ чун нисбати иқоии [мусиқӣ] аст ва нисбати ҳолатҳои ин андар қуввату нотавонӣ ва андоза чун нисбати таълифии [мусиқист]. Чунонки замонҳои иқоъ ва андозаҳои нағмаҳо гоҳе муттафиқ ва гоҳе ғайри муттафиқанд, ҳамчунин ихтилофоти [набз] гоҳе мунтазаманд ва гоҳе ғайри мунтазам ва нисбатҳои ҳолатҳои набз андар қувват, нотавонӣ ва андоза мумкин аст муттафиқ ва мумкин аст ғайри муттафиқ, балки мухталиф бошанд. Ин берун аз ҷинсест, ки ба эътибори низом аст. Ба ақидаи Ҷолинус андозаеро, ки аз муносибатҳои вазн ба ҳис дарёбанд, чизест, ки бар яке аз ин нисбатҳои мусиқавии ёдшуда [мувофиқ бошад]: ё бар нисбати куллу панҷ, ки он бар нисбати сечанди як [андозаи фарзшуда] аст, зеро он нисбати дучандест, ки нимаи бар худ афзударо дарбар бигирад ва ин ҳамон чизест, ки «нисбати оне, ки ба панҷ»-аш хонанд ва он «зиёдаи ба ним» аст; ё бар нисбати оне, ки ба кулл аст ва он дучанд бошад; ё бар нисбати оне, ки бар панҷ аст ва он зиёдаи ба ним бошад; ё бар нисбати оне, ки ба чаҳор аст ва он ба сеяки [мавҷуд] афзуда бошад ва ё бар нисбати бо «чаҳоряк афзуда» бошад. Сипас ба ҳис андар наояд.
Ман забти ин нисбатҳоро бо ламс кардан кори бузурге медонам ва бар касе онро осон меҳисобам, ки аз рӯи пеша бар дараҷаҳои иқоъ ва таносуби нағмаҳо борҳо муроҷиат намуда, одат карда бошад. Сипас ин ки бар омӯхтани илми мусиқӣ тавоно буда, ҳунарро бо илм муқояса кунад. Ин одам агар бар набз тааммул кунад, бошад, ки нисбатҳоро бо ламс кардан фаҳмидан битавонад.
Ман гӯям: фардҳои ҷинси [набзи] мунтазам ва (126) номунтазам, ки яке аз даҳ ҷинс аст, ҳарчанд судманд аст, вале аз лиҳози тақсим дуруст нест, аз баҳри он ки ин ҷинс андар зери [набзи] мухталиф дохил аст ва гӯӣ навъе аз он бувад.
Аммо ҷинсе, ки онро аз вазн бигиранд, андар муқояса ба андозаҳои нисбатҳои чаҳор замонест, ки мансуб ба ду ҳаракат ва ду истанд ва агар [ҳисси] ламс аз дарёфтани ҳамаи ин кӯтоҳӣ кунад, пас, [ин ҷинсро] бад-ин гуна [бидонанд], ки андозаҳои нисбатҳои замонҳои [ҳаракати] бозшавандаро ба замоне, ки миёни ду ҳаракати боздошташаванда аст ва [ё] умуман замонеро, ки андар он ҳаракат аст, ба замоне, ки андар он оромист, муқояса кунанд. Касоне, ки муқоясаи [як] замони ҳаракатро ба замони [дигари] ҳаракат ва [як] замони оромиро ба замони [дигари] оромӣ андар ин боб меоранд, эшон як бобро андар боби дигар дароварда бошанд. [82] Ҳарчанд ин дохил кардан низ раво буда, ғайри муҳол аст, вале он нохуб бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ