Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе гусастани пайвастагӣ пинҳон буда, аз роҳи нишонаҳои куллии ёдшуда бад-он огоҳӣ ёфтан нашавад ва андар баёни ин эҳтиёҷ ба гуфторҳои ҷузъие бошад, ки ба ҳасби ҳар як андом оянд. Ин бад-он сабаб бошад, ки андомро ҳис набошад ва ё андар хеш на рутубате дошта бошад, ки аз он ҷорӣ шавад, на маҷоле дошта бошад, ки аз ҷояш биҷунбад ва на бар андоме такя дошта бошад, ки то бо дур шудани он аз ҷой биҷунбад.
Бидон, ки душвортарини омосҳо аз ҷиҳати аразҳо ва душ

вортарини гусастагии пайвастагӣ аз ҷиҳати аразҳо чизе бошад, ки андар андомҳои асабдори сахт ҳассос падид ояд ва ин гоҳе ҳалокатовар бошад. Ҳамеша бар асари ин [омосҳо] беҳушӣ ва ташаннуҷ зоҳир гарданд: беҳушӣ ба сабаби сахтии дард ва ташаннуҷ ба сабаби асабнок будани андом. Сипас [аз ҷиҳати душворӣ омосҳое] бошанд, ки бар пайвандгоҳҳо падид оянд. Онҳо ба иллати серҳаракатии пайвандгоҳҳо ва ба иллати фазое, ки ба наздики пайвандгоҳ буда, пазирои рехтани моддаҳо ба сӯи хеш аст, илоҷро ба оҳистагӣ пазиранд.
Азбаски набз ва пешоб аз ҷумлаи нишонаҳои куллии ҳолатҳои тан ба шумор бираванд, мо боистӣ андар баёни ин ҳар ду сухан биронем.

Ҷумлаи нахустин
АНДАР НАБЗ,
ки аз нуздаҳ фасл иборат аст

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни набз

Набз ҳаракатест аз сӯи рагҳои рӯҳ, ки аз боз шудану фишурда шудан таълиф ёфта, барои бо насим хунук сохтани рӯҳ бувад. Нигаристан андар [ҳоли] набз ё куллист ва ё ба ҳасби ҳар як беморӣ ҷузъӣ бувад.
Мо андар ин ҷо аз қонунҳои куллии илми набз сухан ронем ва [қонунҳои] ҷузъии онро то ба ҳангоми гуфтор андар бемориҳои ҷузъӣ мавқуф гузорем.
Мо гӯем: Ҳар набзе аз ду ҳаракат ва аз ду оромиш таркиб ёфтааст, аз баҳри он ки ҳар як набз аз боз шудану фишурда шудан иборат буда, сипас чора нест, ки андар миёни ҳар як аз ин ду ҳаракати бо ҳам зид оромише ҷой дошта бошад, зеро ба миёнҷии ҳаракат пайваст шудани як ҳаракат бо дигарӣ, баъд аз он ки масофаи он билфеъл ниҳоят ва тарафе ҳосил карда бошад, мустаҳил аст. Ин аз қабили чизҳоест, ки андар илми табиӣ баён карда шавад. Модом ки чунин аст, чорае нест, ки ҳар як набзро барои он ки аз паси дигаре ояд, чаҳор бахш бошад – ду ҳаракат ва ду оромиш:

  1. ҳаракати боз шудан; 2) оромише, ки миёни боз шудану фароҳам омадан аст; 3) ҳаракати фишурда шудан; 4) оромише, ки миёни фишурдашавӣ ва бозшавист.
    Ҳаракати фишурдашавӣ ба наздики (124) бисёре аз пизишкон бехӣ ба ҳис донистан нашояд ва ба наздики бархе аз эшон гоҳе шояд, ки [ҳаракати] фишурдашавӣ андар набзи қавӣ ба иллати қавӣ будани он, андар набзи азим ба иллати баланд будани он, андар набзи сахт ба иллати сахт муқовимат варзидани он ва андар набзи оҳиста ба иллати дарозии муддати ҳаракати он ба ҳис дарёфта шавад. Ҷолинус гӯяд: «Ман як муддате аз [ҳаракати] фишурдашавӣ ғофил будам, сипас пайваста тааммул намудам, то ба чизе аз он пай бурдам. Баъд аз муддате ин [дониши худро] устувор сохтам ва сипас дарҳои [илми] набз бар ман кушода шуданд. Ҳар кӣ ин кори маро бикунад, дарёфтани маро дарёбад». Ҳарчанд ин кор ба таврест, ки гӯянд, вале фароҳамоӣ андар бештари ҳол ба ҳис андар наёяд.
    Сабаб андар ихтиёри раги соид аз барои набзҷӯӣ се чиз бошад: 1) ба осонӣ битавон намуд; 2) намудани он камҳазар бошад; 3) баробари дил росто буда, ба вай наздик аст.
    Ба ҳангоми ҷустани [набз] бояд даст бар паҳлӯ дошт, аз баҳри он ки агар дастро бар рӯй даргардонанд, паҳнтару афроштатар ва тӯли он камтар бигардад, хоса лоғаронро.
    Агар бар пушт бозгардонанд, баландтару дарозтар намояд ва паҳноияш камтар бошад. [Набзро] бояд ба ҳангоме ҷуст, ки худованди он аз хашму шодӣ, ранҷу тамоми инфиолот, аз серии гарониовару гуруснагӣ, аз ҳоли тарки чизҳои одатӣ ва пеш гирифтани одатҳои нав холӣ бошад. Бояд набзи муътадили хубро имтиҳон кард, то ғайрашро ба он муқояса тавон кард.
    Сипас мо гӯем: Ҷинсҳое, ки аз онҳо пизишкон ҳоли набзро шиносанд, ба ҳасби тавсифи эшон даҳ ҷинс аст, ҳарчанд бар онҳо воҷиб аст, нуҳ шуморанд: 1) як ҷинс аз рӯи андозаи боз шудан; 2) як ҷинс аз рӯи чигунагии захм задани ҳаракат ба ангуштон; 3) як ҷинс аз рӯи замони ҳар як ҳаракат; 4) як ҷинс аз рӯи қивоми афзор; 5) як ҷинс аз рӯи тиҳигӣ ва пурии раг; 6) як ҷинс аз рӯи замони оромиш; 7) як ҷинс [81] аз рӯи баробарӣ ва мухталиф будани набз; 8) як ҷинс аз рӯи низоми набз андар ихтилоф ва ё бенизом будани он; 9) як ҷинс аз рӯи вазн; 10) як ҷинс аз рӯи гармӣ ва сардии маҳалли ламс кардани раг.
    Аммо ҷинси андозаи набз аз андозаи се қутри он дониста шавад, ки онҳо дарозо, паҳно ва умқ аст. Пас, ҳолҳои набз андар ин [ҷинс] нуҳ навъи сода ва [якчанд] навъи мураккаб бошанд. Нуҳ навъи сода инҳоянд: [набзи] дароз, кӯтоҳ, миёна, паҳн, танг, миёна, паст, баланд ва миёна. [Набзи] дароз набзест, ки ҷузъҳои он андар дарозо аз набзи табиии мутлақ, ки он мизоҷи муътадили ростиниро бошад ва ё аз набзи табиии хосси ин шахс, ки он [мизоҷи] муътадили хосси онро аст, беш ҳис карда шавад. Ту фарқи миёни ин ду [мизоҷро] пеш аз ин донистӣ. [Набзи] кӯтоҳ зидди [дароз] буда, андар миёни ин ду [набзи] миёна бошад. Шаш [набзи] боқимондаро бар ҳамин қиёс ҳукм бикун.
    Аммо набзҳое, ки аз ин содаҳо таркиб ёфтаанд, бархеро ном бошад ва бархеро ном набошад. [Набзи] андар дарозо, паҳно ва баландӣ бешро «набзи бузург» хонанд, набзи андар ҳар се ноқисро «[набзи] хурд» хонанд ва набзи миёни ҳар дуро «миёна» гӯянд.
пешина
аз 1215
навбатӣ