Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо далел ҷустан бар [бодҳо] аз тариқи ламс бад-ин гуна бошад, ки ба ҳисси ламс миёни дамиш ва домғул фарқ тавон ниҳод, зеро он чи аз кашидашавие, ки андар он ҷой аст, ё ҳамроҳи фурӯравӣ андар ғайри рутубати равони лаппишнок аст ва ё ҳамроҳи хилти часпак. Ҳисси ламсӣ онро фарқ хоҳад кард. Фарқи миёни дамиш ва бод на андар гавҳар аст, балки андар ҳайати ҳаракат, оромӣ (рукуд) ва бесомонист.
Фасли даҳум андар нишонаҳое, ки далел бар омосҳоянд

[Омосҳои] зоҳирро ба ҳис ва мушоҳада тавон дид. Аммо [омосҳои] дарунӣ бошанд, бад-ин гуна буванд: аз ҷумла бар омоси гарм таби монда далолат кунад, агар он андар андоме бошад, ки беҳис аст, гаронӣ ва ё агар андоми омосгирифтаро ҳис бошад, гаронӣ бо дарди халакунанда [бар омос гувоҳӣ диҳанд]. Он чи ки далолат [бар омос] тавонад кард ва ё андар шинохтан ёрӣ бидиҳад, осебест, ки андар корҳои он андом ворид шуда бошад. Яке аз чизҳое, ки далолатро собит кунад, ба ҳис дарёфтани дамиш андар ноҳияи он андом аст, ба шарте ки ҳисро андар он роҳ бошад.
Аммо [омосҳои дарунии] сардро ночор дард падид наояд ва ишорат ба нишонаҳои куллии онҳо душвор бошад.
Агар осон бошад ҳам, вале ба гуфтори малоловаре эҳтиёҷ дорад. Бинобар он, беҳтар он аст, ки мо гуфторро андар хусуси он то ба ҳангоми овардани гуфторҳои ҷузъӣ андар баёни ҳар як андом ба таъхир супорем.
Он чи ки андар ин ҷой гуфта ояд, ин аст, ки ҳар гоҳ ҳис карда нашавад ва ба замми ин далелҳои ғалабаи балғам ҷой дошта бошанд, боистӣ чунин ҳадс бизад, ки [омос] балғамист. Агар бо ин [гаронӣ] нишонаҳои ғалабаи савдо зоҳир бигарданд, пас, омос савдовист, хоса агар ҳангоми басовидан сахт дарёфта шавад. Сахтӣ беҳтарини далелҳо бар [омосҳои савдовист].
Агар омосҳои гарм андар асабҳо падид оянд, дард сахт ва ё табҳо қавӣ буда, зуд боиси азҳам кашидашавӣ ва шӯридагии ақл бигарданд ва андар ҳаракатҳои хаму ростшавӣ офат падид оранд.
Ҳамаи омосҳои андомҳои дарунӣ андар мароқ тунукӣ ва лоғарӣ падид оранд. Ҳар гоҳ омосҳои андомҳои дарунӣ рим карда, роҳи хуроҷ шуданро пеш бигиранд, дарду таб ниҳоят сахт шаванд, забон ниҳоят дурушт бигардад, бехобӣ шиддат ёбад, аразҳо бузургтар ва гаронӣ бештар бигарданд. Бисёр бошад, ки сахтшавӣ ва ба марказшитобӣ ҳис карда шаванд ва бисёр бошад, ки андар тан зуд лоғарӣ падид ояд ва чашмон сахт фурӯ бираванд. Ҳар гоҳ омоси гирдшуда рим кунад, шиддати гармӣ, дард ва тапидан бимонанд ва ба ҷои дард чизе падид ояд, ки мисли хоридан аст. Агар сурхӣ ва сахтӣ ҷой дошта бошанд, сурхӣ кам шавад ва маҳалли зеркардашаванда нарм бошад. Ҳамаи аразҳои дарднок сокит шаванд ва гаронӣ ба ғояти худ бирасад. Ҳар гоҳ [омос] бикафад, нахуст ба иллати сӯзонии хуноба табларза ба амал ояд ва сипас ба сабаби сӯзонии модда таб зоҳир бигардад, набз ба иллати берун шудани [модда] паҳну дигаргун шуда, роҳи нотавон шудан, хурд шудан, дер задан ва ҳархела буданро пеш бигирад ва иштиҳо паст биравад. Бисёр бошад, ки дасту пойҳо бад-он са

баб битафсанд. Аммо модда ба ҳасби ҷиҳати хеш берун шавад: ё аз роҳи балғамафканӣ, ё аз роҳи пешоб ва ё аз роҳи бироз. Нишонаи хуб баъд аз кафидан инҳост: таб тамоман паст шавад; нафасгирӣ осон бигардад; қувват аз нав ҷон гирад; ва модда аз роҳи худ зуд берун шавад.
Бисёр бошад, ки модда андар омосҳои дарунӣ аз як андом ба андоми дигар гузарад ва ин гузариш гоҳе хуб аст ва гоҳе бад. Хуб он аст, ки аз андоми гиромӣ ба сӯи андоми фурӯмоя бигузарад, чунонки агар чизе аз омосҳои мағз ба паси гӯшҳо ва [ё] чизе аз омосҳои ҷигар ба пайғулаҳои рон гузар кунад. Бад он бошад, ки аз андоми фурӯмоя ба андоми гиромӣ ва ё [ба андоми] ба оризаҳо камтар тобовар бигузарад, чунонки ҳар гоҳ моддаи барсом ба ноҳияи дил бигузарад ва ё ба омоси шуш [табдил] ёбад.
Ба барсӯ ва ба фурӯсӯ гузаштани омосҳои дарунӣ ва моддаҳои хуроҷҳои дарунӣ дорои нишонаҳост. Ҳар гоҳ онҳо (123) ҳангоми гузариш ба фурӯсӯ майл кунанд, андар зери сарҳои паҳлуҳо азҳамкашидагӣ ва гаронӣ падид оянд ва агар ҳангоми гузариш ба барсӯ майл кунанд, нишонаҳои он чунин бошанд, ки ҳоли нафасгирӣ бад шавад, нафас тангу душвор ва сина фишурда бигарданд, илтиҳобе аз фурӯсӯ оғоз ёфта, ба барсӯ биравад, андар ноҳияи охурак гаронӣ падид ояд, дарди сар ориз бигардад ва бисёр бошад, ки андар бозу ва соид асари он зуҳур кунад.
Оне, ки майл ба барсӯ дорад, агар бар мағз бирасад, бад буда, андар он хатар аст. Агар он ба сӯи гӯшти нарме, ки андар паси гӯшҳо аст, майл кунад, андар ин умеди наҷот хоҳад буд. Аз бинӣ хун омадан андар ин [ҳолат] ва андар ҷамиъи омосҳои андомҳои дарунӣ далели хуб аст.
Барои пурра дарёфтани ин бояд интизори он чизе буд, ки мо онро сипас биоварем ва андар он ҷой каломро андар баёни омосҳо ба ғояти худ расонида, ҳоли омосҳои дарунии ҳар як андомро ёд хоҳем кард.
Фасли ёздаҳум андар нишонаҳои гусастагии пайвастагӣ

Гусастагии пайвастагӣ агар андар андомҳои берунӣ падид ояд, онро ба ҳис тавон дарёфт ва агар андар андомҳои
дарунӣ афтад ва хусусан агар бе таб бошад, дардҳои сӯрохкунанда, халакунанда ва хӯранда аз он гувоҳӣ диҳанд. Бисёр бошад, ки аз паси [гусастагии пайвастагӣ] ҷорӣ шудани ягон хилте рӯй диҳад, чунон ки хун партофта шавад, ё
ба фазои [холӣ] хун резад ва ё агар ин баъд аз зоҳир шудани нишонаҳои омосҳо ва пухтани онҳо бошад, хуноба
ва рим берун оянд. Он гусастагии пайвастагие, ки аз паси
омосҳо ба амал ояд, гоҳе бар кафидане гувоҳӣ диҳад, ки
аз пухтагии [омос] аст ва гоҳе не. Агар [кафидан] аз пухтагӣ бошад, баробари он таб паст шавад, рим берун ояд
ва гаронӣ коҳиш ёфта, сабук бигардад. Агар чунин набошад, дард сахттар шуда, афзун бигардад. Бисёр бошад, ки
аз тариқи баромадани андомҳо аз ҷойҳои худ ва дур шудани андом аз маҳалли хеш, агарчи набаромада бошад ҳам,
чунонки ҳангоми фатқ [чунин бошад], бар гусастагии пайвастагӣ огоҳӣ пайдо кунанд ва гоҳе аз тариқи боздошта
шудани чизҳои беруншаванда аз маҷроҳои [худ] аз он огоҳӣ ёбанд, чунки бисёр бошад, ки [чизҳои берунраванда]
ба фазое бирезанд, ки аз роҳи пора шудани пайвастагӣ бадон ҷой расида бошанд ва аз роҳи табиии [худ] берун наоянд, чунончи, баъзеро чунин рӯй диҳад, ки чун бирозаш боздошта бигардад, [далели он бошад], ки рӯдаҳояш сӯрох шудаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ