Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Масалан, касе хоб бинад, ки ҳаракат кардан ва аз ҷой бархостан натавонад, ё бори гароне бибардорад ва ё сухан гуфтан натавонад, чунонки андар хоб парвоз кардан ва тез ҳаракат намудан гувоҳӣ бар он диҳанд, ки хилтҳо тунук ва ба андозаи муътадиланд.
Нишонаҳои пурӣ ба ҳасби қувват чунинанд: ин [пурӣ низ] андар гаронӣ, ланҷӣ ва камиштиҳоӣ бо пурии нахустин ҳамтоӣ дорад. Лекин агар пурӣ ба ҳасби қувват сода бошад, рагҳо сахт дамида, пӯст сахт аз ҳам кашида, набз сахт пур ва бузург, пешоб бисёр ғализ, ранг сахт сурх нахоҳанд буд. Касро баъд аз ҳаракат ва машғулият шикастагӣ ва мондагӣ падид оянд, хобҳояш эҳсоси хоридан, газидан, сӯзиш ва бӯйҳои нохуш бидиҳанд.
Инчунин ба хилти ғолиб аз роҳи далелҳое огоҳӣ ёфта шавад, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард. Аксар вақт пурӣ ба ҳасби қувват пеш аз устувор гаштани нишонаҳои худ беморӣ тавлид бикунад.
Фасли ҳафтум андар нишонаҳои ғолиб омадани ҳар як хилт

Агар хун ғолиб ояд, нишонаҳояш ба нишонаҳои пурӣ ба ҳасби рагҳо наздикӣ доранд. Бад-ин сабаб гоҳе аз ғалабаи он андар тан ва хусусан андар буни чашмон, сар ва ҳар ду гиҷгоҳӣ гаронӣ, хамёза, даҳонфожа, маниши гаштан, ғунудан, тирагии ҳавос, кундфикрӣ, хастагӣ бидуни кашидани ранҷе, ки пеш омада бошад, ширинии даҳон, ки ғайри муқаррарӣ бошад ва сурхии забон падид оянд. Гоҳе андар бадан думмалҳо ва андар даҳон табишҳо зоҳир бигарданд ва аз ҷойҳои (121) ба осонӣ кафанда, мисли бинӣ, мақъад ва буни дандонҳо хунравӣ ба амал ояд. Бошад, ки аз [ғалабаи хун] мизоҷ, чорабинии собиқ, шаҳр, син, хӯй, миқдори вақте, ки аз раг задан гузашта бошад, хобҳои бар [ғалабаи хун] далолаткунанда, аз қабили андар хоб дидани чизҳои сурх, ҷорӣ шудани хуни бисёр аз [тан], ситабрии [79] хун ва монанди инҳо гувоҳӣ диҳанд.
Нишонаҳои ғалабаи балғам сафедии бештаре андар ранг, фурӯҳиштагӣ (тараҳҳул), нармӣ ва сардии [гӯшт] ҳангоми ламс, бисёрии оби даҳон ва часпак будани он, кам ташна шудан, вале шӯр будани [даҳон] хоса ба ҳангоми пирӣ, суст гуворидан, оруғи туруш, сафедранг будани пешоб, серхобӣ, ланҷӣ, сустии асабҳо, кундҳиссӣ, набзи нарми моил ба оҳистагӣ ва тафовут, сипас син, хӯй, тадбири гузашта, пеша, шаҳр ва хобҳое бошанд, ки андар онҳо обҳо, рӯдҳо, барфу боронҳо, жолаву тундар дида шаванд.
Нишонаҳои ғалабаи сафро зардии ранг ва чашмон, талхии даҳон, дуруштии забон ва хушкидани он, хушкии бинӣ, лаззат ёфтан аз насими сард, сахт ташна шудан, суръати набз, нотавонии иштиҳои таом, маниши гаштан, қаи сафровии зарду сабз, дарунравии сӯзон, фарошо ба тавре ки гӯё сӯзан зада бошанд, сипас чораи пеш дидашуда, син, мизоҷ, хӯй, шаҳр, вақт, пеша ва хобҳое буванд, ки андар онҳо оташ, парчамҳои зард ва чизҳои нозардро зард, сӯзиш ва гармии гармоба ва ё офтоб ва монанди инҳо дида шаванд.
Нишонаҳои ғалабаи савдо хушкии тан ва баргаштагии ранги он, сиёҳчатоб ва ситабр будани хун, андешаи зиёд, васваса, сӯзиши даҳони меъда, иштиҳои дурӯғин,

пешоби рангаш гирифта, сиёҳ, сурх ва ситабр, сиёҳӣ ва сермӯии тан (зеро андар танҳои сафеди каммӯй савдо кам тавлид бигардад), бисёр падид омадани баҳаки сиёҳ, решҳои бад, бемориҳои испурч, [инчунин] син, мизоҷ, хӯй, шаҳр, пеша, вақт, чорае, ки пеш дида шудааст ва хобҳои ҳавлноке бошанд, ки аз қабили торикиҳо, ғорҳо, чизҳои сиёҳ ва бимнок андар онҳо дида шаванд.
Фасли ҳаштум андар нишонаҳое, ки гувоҳӣ бар судда диҳанд

Ҳар гоҳ моддаҳо боздошта шаванд, далелҳо аз он огоҳӣ бидиҳанд, аз ҳам кашидашавӣ ҳис карда шавад ва далелҳои пурӣ андар тамоми тан ба назар нарасанд, пас, андар ин ҳол ночор суддаҳо ба амал омада бошанд. Гаронӣ андар суддаҳо ба ҳангоме ҳис карда шавад, ки агар онҳо андар гузаргоҳҳое ба амал оянд, ки аз гузаштани моддаҳои зиёде андар онҳо чора нест. Чунонки ҳамин гуна аз суддаҳо андар ҷигар падид ояд. Чунки агар он чиро аз ғизо, ки ба сӯи ҷигар биравад, суддаҳо таъқиб кунанд, чизи бисёре ҷамъ гардида, нигоҳ дошта хоҳад шуд ва беш аз гаронии омос гаронӣ хоҳад овард. Судда аз омос бо сахт гарон будан ва бетабӣ фарқ дорад. Аммо ҳар гоҳ суддаҳо андар ғайри ин маҷроҳо падид оянд, гаронӣ ҳис карда нашавад, вале ба тавассути азҳам кашидашавӣ чунин эҳсос шавад, ки хун аз гузаштан боз истодааст. Бештари касоне, ки андар рагҳо судда доранд, ба иллати он ки хун андар маҷрои хеш то ба зоҳири тан намеояд, рангашон зард бошад.
Фасли нуҳум андар нишонаҳое, ки гувоҳӣ бар бодҳо доранд

Бар бодҳо аз тариқи он дардҳое, ки андар андомҳои ҳассос падид оянд ва онҳо натиҷаи гусастагии пайвастагие бошанд, ки аз [бодҳо] ба амал ояд, аз тариқи ҳаракатҳое, ки андомҳоро рӯй диҳанд, аз тариқи садоҳо ва аз тариқи ламс огоҳӣ пайдо кунанд.
Аммо дардҳо [бад-ин гунаанд], ки дардҳои азҳам кашанда, хусусан агар бо сабукӣ бошанд, далолат бар бодҳо кунанд. Агар андар он ҷой чунин бошад, ки дард аз ҷое ба ҷое бишавад, далолат пурра хоҳад шуд. Ҳамаи инҳо ҳангоме бошанд, ки гусастагии пайвастагӣ андар андомҳои ҳассос ҷой дошта бошад. Аммо андар мисли устухон ва гӯшти ғуддаӣ [бодҳо] аз роҳи дард ошкор нагарданд. Бисёр бошад, ки бархе аз бодҳои устухонҳо устухонҳоро бишканад ва хурд созад, вале онҳоро ҳеҷ дарде набошад, магар ҳангоме ки шикастагӣ ба чизе бихалад, ки бад-он пайваста бувад.
Аз роҳи ҳаракатҳои андомҳо бар бодҳо огоҳӣ ҷустан чунин аст: масалан, аз тариқи (122) ҷаҳиданҳои [андомҳо] бар бодҳое огоҳӣ пайдо кунанд, ки ташаккул ёфта, бо ҳаракати хеш рӯ ба бардоштану ҳал кардан ниҳодаанд.
Аммо аз роҳи садоҳо бар [бодҳо] огоҳӣ пайдо кардан чунин аст: овозҳо ё аз худи онҳо бошанд, чун қароқур ва ғайра, чунонки агар дарди испурч аз бод бошад, бо молиш додан [овоз] барорад; ё ин ки овоз андар он бо навохтан ба амал ояд, чунонки бо захм задан миёни истисқои машкӣ ва истисқои таблӣ фарқ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ