Қонуни тиб

Агар ҳол баръакси ин бошад, [мизоҷ] сард хоҳад буд.
Ҷинси даҳум ҷинсест, ки аз ҳолатҳои қувваҳои нафс, ки ҳангоми феълҳо ва инфиолоти он ба амал оянд, гирифта шавад. Масалан, хашмнокии зиёд, асабӣ шудан, зиракӣ, бофаҳмӣ, иқдом, бешармӣ, некгумонӣ, хушбинӣ, сангдилӣ, чолокӣ, хӯи мардонагӣ, камии танбалӣ ва кам мутаассир шудан аз ҳар як чиз далолат бар гармианд ва зидди инҳо далел бар сардӣ бошанд. Пойдории хашм, ризомандӣ, хаёлпардозӣ, дарундор будан ва ғайра далел бар хушкии [мизоҷ] аст. Зуд гузаштани таъсирҳо бар тарии [мизоҷ] гувоҳӣ диҳад. Хобҳову хаёлҳо низ аз ҳамин қабиланд. Ҳар киро, ки гармӣ бар мизоҷаш ғолиб бошад, чунин хобҳо бинад, ки андар оташ сӯхта истодааст ва ё ба зери офтоб аст. Ҳар киро, ки бар мизоҷаш сардӣ ғолиб ояд, хоб бинад, ки гӯё ба зери барф аст ва андар оби сард фурӯ рафта истодааст. Чунонки гӯянд, худованди ҳар хилте он чизеро андар хоб бинад, ки ҳамҷинси хилташ бошад.
[78] Ҳамаи он чи ки мо ёд кардем ва ё бештари он аз боби нишонаҳои мизоҷҳоеанд, ки андар асли бунёдгузории [тан] ниҳода шудаанд. Аммо мизоҷҳои бегонаи аразӣ бошанд, чунинанд: аз ҷумла бар мизоҷи гарм сахт сӯхтани тан ва азоб кашидани он аз табҳо, афтидани қувват ба ҳангоми ҳаракатҳо бар асари ба шӯр омадани гармӣ, ташнагии ба ифрот, сӯзиши даҳони меъда, талхии даҳон, рӯ ба нотавонӣ, суръати сахт ва думодумӣ ниҳодани набз, азоб кашидан аз чизҳои гармиафзое, ки хӯрда шаванд, шифоёбӣ аз сардифизояндагон ва бадии ҳол андар тобистон далолат кунанд. Аммо далелҳои мизоҷи сарди ғайри табиӣ инҳоанд: камии гувориш; камии ташнагӣ; истирхои пайвандгоҳҳо; бисёрии табҳои балғамӣ; аз назлаҳо ва аз хӯрдани чизҳои сардифизо азоб кашидан; шифо ёфтан аз хӯрдани чизҳои гармифизо; бадии ҳол андар зимистон. Далелҳои [мизоҷи] тари ғайри табиӣ бо далелҳои сардӣ мувофиқат доранд, вале илова ба онҳо фурӯҳиштагӣ (тараҳҳул), рехтани оби даҳону бинӣ, кушодагии табиат, бадгуворӣ, азоб кашидан аз хӯрдани чизҳои тар, серхобӣ ва паридани пилкҳо низ бидароянд. Далелҳои [мизоҷи] хушки ғайри табиӣ дуруштии [пӯсти андом], бехобӣ, лоғарии оризшуда, озурда шудан аз тановули чизҳое, ки андар онҳо хушкист, бадҳолӣ андар хазон, шифо ёфтан аз чизе, ки тармизоҷ аст, оби гарм ва равғани тунукро филҳол ба худ кашидан ва зуд пазируфтани [пӯсти тан] буванд.
Фасли чаҳорум андар пайдо кардани нишонаҳои каси мУътадилмизоҷ
Нишонаҳои ин ҳамон нишонаҳоеанд, ки аз миёни чизҳои ё кардаамон ҷамъоварӣ ва чида шудаанд ва онҳо чунинанд: муътадил будани чизи ламсшуда андар гармию сардӣ, тарию хушкӣ ва нармию сахтӣ; муътадил будани ранг
андар сафедию сурхӣ; муътадил будани симо андар фарбеҳию лоғарӣ ва майл доштани он ба фарбеҳӣ; будани рагҳо ба ҳоле, ки миёни фурӯрафтагӣ ва бар болои гӯшт
ҷойгиршуда, барҷаста будан аст; муътадил будани мӯй андар анбӯҳию камӣ, ҷингилагию ҳамворӣ, андар синни кӯдакӣ моил ба зардӣ будан ва андар синни барноӣ моил ба сиёҳӣ будани он; муътадил будани ҳолати хобу бедорӣ; таъмини ҳаракатҳои андомҳо ва мавзунии онҳо; қавӣ будани тахайюл, андеша ва тазаккур; миёна будани хулқҳо миёни ифроту тафрит, яъне миёна будан андар бебокию тарс, хашму ҳалимӣ, сангдилию нармӣ ва бовиқорию хоксорӣ ва шикастанафсӣ; пурра будан андар тамоми феълҳо; тандурустӣ, (120) хубии болиш ва суръати он; дер давом кардани [синни] боз истодан [аз болиш]; хобҳои [шахси мизоҷаш муътадил] аз қабили бӯйҳои хуш, садоҳои дилкаш, маҷлисҳои фараҳфизобуда ширину дилкашанд; худованди [мизоҷи муътадил] меҳрубон, кушодарӯй ва гарммуомала аст; иштиҳои ӯ ба хӯрдану ошомидан муътадил буда, [ғизо] андар меъда, ҷигар ва рагҳои ӯ хуб бигузарад ва ба ранги тан гаштани он андар тамоми тан [ба эътидол бувад]; ҳолаш андар берун омадани фазлаҳо аз роҳҳои маъмулӣ муътадил бошад.
Фасли панҷум андар нишонаҳои касе, ки аз [ҳадди] эътидол беандоза берун рафта бошад
Ин касест, ки андомҳояш ба мизоҷ яксон набошанд, балки андомҳои сарвари ӯ аз тариқи берун рафтан аз эътидол аз ҳам фарқ карда, андоме аз онҳо ба сӯи як мизоҷ ва андоми дигаре аз онҳо ба сӯи зидди он берун рафта бошад. Агар бунёди ӯ номутаносиб бошад, ин гуна шахс ҳатто андар фаҳму ақл низ бекора хоҳад буд. Мисоли ин мардест, ки бузургшикам, кӯтоҳангушт, гирдрӯ, бузургсар ва ё хурдсар, рӯй, пешонӣ, гардан ва пойҳояш сергӯшт буванд ва чунон бошад, ки гӯӣ рӯяш нимдоира аст. Агар [ба иловаи он] ҳар ду манаҳи ӯ бузург бошанд, бисёр бадафт хоҳад буд. Ҳамчунин агар сару пешониаш гирд, вале рӯяш сахт дароз, гарданаш ниҳоят ғафс ва чашмонаш кундҳаракат бошанд, ин гуна [одам] низ беш аз ҳамаи мардумон аз некӣ дур хоҳад буд.
Фасли шашум андар нишонаҳое, ки бар пурӣ гувоҳӣ диҳанд
Пурӣ бар ду рӯй аст: пурӣ ба ҳасби рагҳо ва пурӣ ба ҳасби қувват. 1) Пурӣ ба ҳасби рагҳо он бошад, ки хилтҳову рӯҳҳо агарчи андар кайфияти хеш дурустанд, вале андар камияти хеш фузун гашта, рагҳоро пур кунанд, онҳоро аз ҳам кашида бошанд ва худованди ин гуна рагҳо аз ҳаракат кардан битарсад, зеро бошад, ки пурӣ рагҳоро бикафонад ва [хилтҳо] ба сӯи хафагоҳҳо ҷорӣ шуда, аз он хуноқ, саръ ва сакта падид оянд. Илоҷи ин зуд раг задан бувад. 2) Аммо пурӣ ба ҳасби қувват он аст, ки озурдагӣ на танҳо аз камияти хилтҳо бошад, балки аз бадии кайфиятҳо низ бошад. Онҳо ба иллати бадии кайфияти хеш қувватро мағлуб созанд ва он натавонад, ки [ғизоро] бигуворад ва бипазонад. Худованди он аз падид омадани бемориҳои гандидагӣ андар хатар бошад.
Нишонаҳои пурӣ ба таври умум инҳоянд: гаронии андомҳо; ҳаракат кардан нахостан; пурхунии чашм; сурхии ранг; дамидагии рагҳо; аз ҳам кашида шудани пӯст; пурии набз; рангин ва ғализ шудани пешоб; камиштиҳоӣ; кундии чашм; дидани хобҳое, ки бар гаронӣ гувоҳӣ диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё