Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз баҳри он ки ҳамаи корҳои болишӣ ва ҳайатҳои таркибӣ ба тавассути гармӣ анҷом ёбанд. Сардӣ боиси чизҳое бигардад, ки зидди инҳост, аз баҳри он ки ба сабаби [сардӣ] қувваҳои табиӣ аз пурра анҷом додани корҳои болиш ва офариниш кӯтоҳӣ хоҳанд кард. Мизоҷи хушк боиси дуруштии [пӯст], намудор шудани пайвандгоҳҳо, намудор шудани куркуракҳои ҳанҷара ва бинӣ ва боиси рост будани бинӣ бигардад.
Шашум, ҷинси далелҳоест, ки [77] аз зуд мунфаил гардидани андомҳо бигиранд. Агар андом аз ғайри маҷбурсозӣ зуд гарм шавад, пас, вай гарммизоҷ будааст, зеро ба сӯи ҷинси муносиб бигаштан осонтар аз он аст, ки ба сӯи [ҷинси] зид гардида шавад. Агар зуд сард бигардад, пас, кор ба айни ҳамон иллат баръакс бошад. Агар касе бигӯяд:
«[ин] кор боистӣ баръакс бошад, зеро мо ба яқин донем, ки чиз аз зидди хеш мунфаил бигардад, на аз ҳамранги худ ва ин гуфторе, ки пешниҳод кардаӣ, муҷиби он аст, ки бояд аз ҳамранги худ мунфаил гардидан бартар бошад» , посухи ӯ чунин бошад: ҳамранге, ки боиси инфиоли чиз намегардад, ҳамон чизест, ки кайфияти [чиз] ва кайфияти (118) он чи ки ба чиз ҳамранг аст, андар навъ ва табиат яканд.
Гармтар ба сардтар монанд нест, балки ду [чизи] гарме, ки яке аз дигарӣ гармтар нест, андар қиёс ба оне, ки гармтар аст, сард бошад ва аз он ҷиҳат мунфаил бигардад, ки андар қиёс ба гармтар сард бувад, на гарм ва аз чизе, ки сардтар аз ӯст ва аз чизи сард низ мунфаил хоҳад шуд, вале якеи он андар кайфият афзун гашта, аз қавитари хеш ёрӣ бигирад ва дигариро кайфият бикоҳад ва гаштанаш ба сӯи оне, ки кайфияташ андар афзоиш буда, аз қавитари хеш ёрӣ бигирад, осонтар бошад. Лекин андар ин ҷо чизи дигарест, хос ба бархе аз он чизҳое, ки андар табиат ҳамтои [аввалианд], вале андар [кайфият] ноқис. Масалан, чизе, ки андар тибои худ гарммизоҷ аст, таъсири чизи гармро андар худ зуд бипазирад, зеро [чизи] гарм аз таъсири зидди [худ], яъне [аз таъсири] сардие бекор бигардад, ки пеши афзоиши гармии аз мизоҷи гарм расидаро бигирад. Ҳар гоҳ ҳар ду ба ҳам вохӯранд ва монеа бартараф бишавад, барои гармифизоӣ бо ҳам ҳамкорӣ бикунанд ва ин ҳамкорӣ боиси ниҳоят пурра гардидани ҳар ду кайфият бигардад.
Аммо агар гармии берунӣ бикӯшад, то эътидолро бекор созад, гармии модарзодии дарунӣ муқовимати чизҳоро ба он [гармии берунӣ] сахттар бинамояд. Ҳатто [ба муқобили] заҳрҳои гарм ҳеҷ чиз ба ҷуз гармии модарзодӣ истодагӣ кардан, онҳоро бартараф намуда ва гавҳари онҳоро табаҳ сохтан натавонад. Зеро гармии модарзодӣ афзори табиат аст ва он зиёни гармии [аз берун] расидаро бад-ин роҳ бибарад, ки рӯҳро барои рондани он, бурдани бухори он, ҳал намудани он ва сӯхтани моддаи он ба ҷунбиш оварад.
Низ зиёни сардии расидаро ба тавассути зид будани [худ] бибарад. Сардиро чунин хосият нест. Вай фақат бо гармии воридшуда андар набард омада, бо зиддияти худ пеши роҳи онро бигирад, вале бо сардии воридшуда андар набард наояд. Гармии модарзодист, ки тариҳоро аз муставлӣ шудани гармиҳои бегона бар онҳо ҳимоят кунад. Гармии модарзодӣ агар қавӣ бошад, табиат ба миёнҷии вай имконият ёбад, то андар тариҳо тасарруф варзида, онҳоро бипазонад, бигуворад ва солим нигоҳ дорад. Бинобар он, тариҳо ба

оҳанги тасарруфоти табиат биҷунбанд ва аз ҷунбидан ба оҳанги тасарруфоти гармии бегона имтиноъ варзида, рӯ ба гандидан нахоҳанд ниҳод. Ҳар гоҳ ин гармӣ нотавон бошад, табиат ба иллати нотавонии афзоре, ки андар миёни ӯву тариҳо миёнҷист, аз тариҳо даст бикашад ва онҳо бекор бимонанд. Гармии бегона чун онҳоро ғайри машғул ба тасарруф дарёбад, имконият пайдо намуда, бар онҳо фармонраво бигардад ва онҳоро ба шакли ғарибе биҷунбонад ва бадин роҳ гандагӣ падид ояд. Гармии модарзодӣ ҳамаи қувваҳоро афзор бошад. Сардӣ нофии он буда, ҷуз ба араз суд наёварад. Бинобар он, «гармии модарзодӣ» гӯянд, вале «сардии модарзодӣ» нагӯянд ва он чиро ки ба гармӣ нисбат диҳанд, аз қабили [бахши] дудии тан, ба сардӣ нисбаташ надиҳанд.
Ҳафтум, ҷинси [далелҳоест], ки аз хоб ва бедорӣ гирифта шаванд. Эътидоли ҳоли хоб ва бедорӣ далел бар эътидоли мизоҷ аст, хусусан [мизоҷи] мағз. Бисёр хоб рафтан ба иллати тарӣ ва сардист ва бисёр бедор будан ба иллати хушкӣ ва гармист, хусусан андар мағз.
Ҳаштум, ҷинси [далелҳоест], ки аз тариқи далелҳои феълҳо бигиранд. Корҳо ҳар гоҳ пурра ва комилан ба равиши табиӣ ҷорӣ бошанд, бар муътадил будани мизоҷ гувоҳӣ диҳанд ва ҳар гоҳ ҷиҳати хеш ба сӯи ҳаракатҳои ба ифрот кашанда бигарданд, далолат ба гармии мизоҷ кунанд. Ҳамчунин агар ба зудӣ бигарданд, далолат бар гармӣ дошта бошанд. Масалан, суръати болиш, суръати рӯидани мӯй ва суръати растани дандонҳо чунин бошанд. Агар корҳо ланҷу нотавон ва нохоҳаму оҳиста бошанд, далолат бар сардии мизоҷ доранд. Лекин гоҳе мумкин аст сустӣ, ланҷӣ ва беҳолии онҳо ба сабаби мизоҷи гарм воқеъ шаванд, вале бо вуҷуди он аз баромадан аз роҳи табиӣ ва аз нотавонӣ холӣ нестанд. Низ гоҳе ба сабаби гармӣ бисёр корҳои табиӣ барҳам бихӯранд ва коҳиш ёбанд. Чунончи, хоб гоҳе ба сабаби мизоҷи гарм бипарад ва ё кам ояд. Ҳамчунин гоҳе бархе аз ҳолатҳои табиӣ ба иллати сармо афзоиш ёбанд.
Чунончи, хоб ҳамин тавр бошад, вале он на ба таври мутлақ, балки ба шарт ва сабаб аз ҷумлаи ҳолатҳои табиист.
Чунки андар зиндагӣ ва тандурустӣ хоб на ба таври мутлақ мавриди ниёзмандист, балки бад-он сабаб [мавриди ниёзмандист], ки ҳар гоҳ рӯҳро мондагие рӯй диҳад ва ё ҳар гоҳ онро лозим ояд, ки пурра ба гуворидани ғизо машғул бигардад, ба иллати аз уҳдаи ин ду кор набаромадан машғулиятҳоро тарк кунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки хоб аз ҷиҳати ягон нотавоние мавриди ниёз аст (119) ва он аз вазифаи табиӣ берун омадан бошад, ҳарчанд ки ин беруноӣ аз ҷиҳати зурурӣ буданаш табиӣ бошад ҳам. Зеро «зарурӣ»-ро ба мушорикати ном «табиӣ» гӯянд. Далелҳои ин бахш дурустар буда, бар мизоҷи муътадил гувоҳӣ диҳанд ва он бад-ин роҳ бошад, ки агар феълҳо муътадил ва пурра бошанд. Аммо далолати ин [бахш] бар гармӣ, сардӣ, хушкӣ ва тарӣ далолати тахминист. Аз ҷинси корҳои қавие, ки далел бар гармиянд, қувваи савдо ва баланд будани он, суръати хашм, суръати ҳаракатҳо ва нигаристан мебошанд. Ҳарчанд ки инҳо мумкин аст на ба сабаби умумӣ, балки ба сабабе воқеъ шаванд, ки ба андоми коркунанда хос аст.
Ҷинси нуҳум ҷинси рондани бадан фазлаҳоро ва чигунагии чизҳои рондашуда бошад. Агар рондан пайваста давом кунад, ҳар чи аз бироз, пешоб, арақ ва ғайри он, ки берун ояд, бӯи тез дошта, қавӣ бошад, рангини онро ранг баланд ва сӯхтаву пухтаи он сахт сӯхта ва пухта бошад, мизоҷ гарм аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ