Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гӯшти сурх агар бисёр бошад, далели тарӣ ва гармист ва андар айни ҳол як миқдор зичӣ ҷой дошта бошад. Агар [гӯшт] кам бошад ва андар он равған бисёр набошад, далел бар хушкӣ дорад. Аммо равғану пиҳ ҳамеша бар сардӣ гувоҳӣ диҳанд ва андар ин ҳол фурӯҳиштагӣ ҷойдошта бошад. Агар ба изофаи онҳо тангии рагҳо ва камии хун низ ҷой дошта бошанд ва худованди он ба иллати гум кардани хуни модарзодӣ, ки ҳоҷати андомҳоро ба ғизо раво медорад, аз гуруснагӣ нотавон бигардад, далел бар он бошад, ки ин мизоҷ сириштии табиист. Агар ин нишонаҳои ахир набошанд, гувоҳӣ бар он дорад, ки он мизоҷи касбшуда аст. Камии равғану пиҳ далел бар гармист, зеро моддаи равғану пиҳ равғаннокии хун аст ва фоили онҳо сардист. Бинобар он, равған ба ҷигар кам ва ба рӯдаҳо зиёд бувад. Равған бар дил беш аз андозаест, ки бар ҷигар бошад [ва ин] ба иллати модда аст, на ба иллати мизоҷ ва сурат ва инчунин ба иллати ғамхории табиат ба [дил] аст, ки он ба ҳамин гуна модда вобаста бувад. Равғану пиҳ бастани тан ба ҳасби камию бешии гармӣ камтар ва бештар бошад. Бадани сергӯште, ки равғану пиҳи он чандон бисёр нестанд, тани гарми тар бувад. Агар гӯшти сурхи он бисёр ва равғану пиҳ камтар бошанд, далолат бад-он дорад, ки тарӣ ба ифрот аст, вале агар равғану пиҳ ба ифрот бошанд, далолат бар он доранд, ки сардию тарӣ беш аз андозаанд ва [мизоҷи] тан сарди тар бувад. Лоғартарини танҳо сарди хушк, сипас гарми хушк, баъд хушки андар гармию сардӣ муътадил ва сипас гарми андар тарию хушкӣ муътадил бошад.
Севвум, ҷинси далелҳоест, ки аз мӯй гирифта шаванд.
Мӯйро бар ваҷҳҳои зерин бигиранд:суръату сустии растан; бешию камии он; борикию ситабрии он; ҳамворию ҷингилагии он. Ранги мӯй андар ин кор яке аз аслҳост. Аммо далел ҷустан аз тариқи суръату сустии растани [мӯй] ва ё нарастани он бад-ин гунааст, ки [мӯи] сустрӯянда ва ё нарӯянда, агар андар ин ҳол [дигар] нишонаҳое, ки далел бар хун надоштани бадананд, аслан набошанд, гувоҳӣ аз он дорад, ки мизоҷ ниҳоят тар аст. Агар зуд бирӯяд, тан бад-он гуна тар набошад, балки моил ба хушкӣ бувад. Лекин ба гармию сардии [тан] аз тариқи дигар далелҳое огоҳӣ ҷуста мешавад, ки мо онҳоро ёд кардем. Аммо ҳар гоҳ ки гармию хушкӣ ба ҳам ҷамъ оянд, мӯй сахт зуд барояд ва анбӯҳу ситабр бигардад. Ин бад-он сабаб бошад, ки анбӯҳӣ далел бар зиёдии гармист ва ситабрӣ гувоҳӣ аз он бидиҳад, ки [моддаи] дудӣ зиёд аст, чунончи, андар барноён чунин бошад, на андар бачагон. Зеро моддаи бачагон бухорист, на дудӣ. Зидди ин ду натиҷаи зид бидиҳад. Аммо аз ҷиҳати шакли [мӯй] бошад, ҷингилагӣ далолат бар гармӣ ва ба хушкӣ дорад ва бошад, ки бар печидагии сӯрохиҳо ва масомҳо гувоҳӣ бидиҳад. Ин ба гардидани мизоҷ дигаргун нагардад, вале ду сабаби нахустин [вайро] бигардонад. Фурӯҳиштагӣ (ҳамворӣ) бар зидҳои он гувоҳӣ диҳад. Аммо аз ҷиҳати ранг бошад, сиёҳӣ далел бар гармист, маллагӣ далел бар сардист, зардии сурхчатоб (шақра) ва сурхӣ бар эътидол далолат кунанд. Сафед ё бар тарию сардӣ далолат кунад, чунонки андар пирӣ бошад ва ё ба хушкии сахт далолат кунад, чунонки растанӣ баъд аз кандани [пӯсти] сиёҳчатобаш хушк гардида, чунин шавад [ва ранги он] сабзчатоби моил ба сафедӣ бигардад. Ин гуна [ранг] андар ода

мон аз паси бемориҳои хушкифизоянда падид ояд. (117) Сабаби сафед шудан ба наздики Аристутолис ба ранги балғам бигаштан аст ва ба наздики Ҷолинус кара карданест, ки ғизои ба сӯи мӯй ояндаро ба ҳангоми сард будан ва суст гузар кардани он андар масом ёр бигардад. Агар ҳар ду гуфтаро нек бингарӣ, онҳоро ба ҳақиқат ба ҳам наздик дарёбӣ. Чунки иллат андар сафедии ранги балғам ва иллат андар сафед будани чизи карагирифта як аст. Ин [мӯйи] моил ба табиӣ буд.
Вале баъди ин шаҳрҳову ҳавоҳоро андар кори мӯй таъсирҳост, ки боистӣ ба эътибор гирифта шаванд. Аз зангӣ зардмӯӣ чашм доштан нашавад, то ба тавассути он бар эътидоли мизоҷи вай далел бигиранд ва на андар сақлобӣ сиёҳии мӯй ҷой дорад, то аз он бар гармии мизоҷе, ки ба ҳасби он аст, ҳукм кунанд. Синҳоро низ андар кори мӯй таъсир аст. Бинобар ин, барноён ба ҷанубиҳо, бачагон ба шимолиҳо ва миёнсолон ба [мардумони иқлимҳои] миёна монанданд. Анбӯҳии мӯй андар бача далели он аст, ки чун бузург бишавад, мизоҷаш ба сӯи савдовӣ бигардад ва андар пир далолат бад-он дорад, ки мизоҷаш андар вақти ҳозир савдовист.
Чаҳорум, ҷинси далелҳоест, ки аз ранги тан бигиранд.
Сафедӣ далел бар адами хун, камии он ва сардист, зеро агар [хун] бо гармӣ ва хилти сафровӣ мебуд, [ранг] зард мешуд.
Сурхӣ далел бар фузунии хун ва бар гармист. Зардӣ ва зардии моил ба сурхӣ аз гармии бисёр гувоҳӣ диҳад, лекин зардӣ бештар ба сафро ва зардии сурхранг ба хун ва хуни сафровӣ далолат кунанд. Гоҳе зардӣ далел бар адами хун бошад, ба шарте ки сафро набошад, чунонки андар баданҳои шифоёбандагон чунин бошад. Кандагии ранг ба сахтии сардӣ гувоҳӣ диҳад, ки хунро бикоҳад ва онро андаке ҷомидтар намуда, ба сиёҳӣ моил созад. Гаштани ранги пӯст ва гандумгунӣ далели гармист. Ранги бодинҷонӣ аз сармо ва хушкӣ гувоҳӣ диҳад, чунки ин рангест, ки аз паси сарф намудани савдо падид ояд. Ранги гаҷӣ далели ба сароҳат вуҷуд доштани сардӣ ва балғам аст. Ранги арзизӣ далел бар сардӣ ва тариест, ки бо каме савдовият бошанд, зеро он сафедест, ки ба сабзӣ бизанад. Сафед ба ранги балғам ва ё ба ранги мизоҷи тарӣ вобаста аст ва сабзтоб ба [ранги] хуне вобаста аст, ки то ба сиёҳ шудан бастааст ва бо балғам омехта гардида, ба он [ранги] сабзӣ бахшидааст. Ранги оҷӣ аз сардии балғамие гувоҳӣ диҳад, ки бо андаке сафрост. Аксар вақт ранг ба сабаби ҷигар ба зардию сиёҳӣ ва ҳангоми бемориҳои бавосир ба сабзию зардӣ бигардад. Вале ин на ҳамеша бошад, балки гоҳе гуногун бошад. Далел ҷустан аз тариқи ранги забон бар мизоҷи рагҳои ором ва ҷаҳанда андар тан ва далелҷӯӣ аз тариқи ранги чашм бар мизоҷи мағз далелҷӯии қавианд.
Гоҳе мумкин аст андар як беморӣ чунин ориз шавад, ки ранги ду андом гуногун бигардад, масалан, мумкин аст андар як беморӣ, масалан, ҳангоми ярақоне, ки ба иллати сахти ҳарорати зарда ба амал омадааст, забон сафеду ранги рӯй сиёҳ бигардад.
Панҷум, ҷинси далелҳоест, ки аз ҳайати андомҳо бигиранд. Мизоҷи гарм боиси фарохии сина, бузургии [андомҳои] атроф ва пуррагии миқдори онҳо аз ғайри борику кӯтоҳ будан, боиси фарохии рагҳо ва намудор шудани онҳо, боиси бузургии набз ва қавӣ будани он ва боиси бузургии мушакҳо ва ба пайвандгоҳҳо наздик ҷой гирифтани онҳо бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ