Қонуни тиб

он чунин аст, ки дард ё ба тавассути мавзеи худ далолат кунад, чунонки аз бари рост бошад, аз ҷигар бувад ва аз бари чап, аз испурч; ва [ё] гоҳе бо навъи хеш бар сабаби худ далолат кунад, чунонки мо андар таълими сабабҳо ба тафсил ёд кардем. Масалан, агар гарон бошад, гувоҳӣ аз омосе бидиҳад, ки андар андоми ғайри ҳассос ва ё беҳисшуда воқеъ гардидааст, агар аз ҳам бикашад, гувоҳӣ бар (115) моддаи бисёр бошад ва агар бисӯзонад, бар моддаи тез далолат бикунад.
Далелҳои омос аз се рӯянд: 1) ё аз гавҳари он бошанд, чунон ки сурхбод бар сафро ва омоси сахт бар савдо гувоҳӣ диҳанд; 2) ё аз мавзеи он бошанд, чунонки оне, ки андар бари рост бошад, масалан, бад-он гувоҳӣ бидиҳад, ки ба наздики ҷигар аст ва ё андар бари чап бошад, бад-он гувоҳӣ бидиҳад, ки андар гирди испурч бувад; 3) ва ё [омос] бо шакли худ гувоҳӣ диҳад, чунонки агар ба наздики бари рост бошад ва ҳилолишакл, далолат бад-он дорад, ки вай андар худи ҷигар аст ва агар дарозрӯя бошад, далолат бад-он кунад, ки вай андар мушаки бар забари ҷигар хобида аст.
Аммо далелҳои ниҳод ё далолат аз мавзеъҳо кунанд ва ё аз анбозиҳо. [Далолат] аз роҳи мавзеъҳо зоҳир аст ва аммо аз роҳи анбозиҳо бошад, чунин аст: масалан, аз роҳи сабаби гузаштае бар дарди ангушт бад-ин гуна огоҳӣ пайдо кунанд, ки он ба сабаби осебе андар ҷуфти шашум аз ҷуфтҳои асаби гардан ориз шуда бошад.
Фасли дуввум андар нишонаҳои фарқ миёни бемориҳои хос ва ба анбозӣ
Азбаски бемориҳо гоҳе аз оғоз андар як андом падид оянд ва гоҳе ба анбозӣ, чунонки сар меъдаро андар бемориҳояш анбозӣ кунад, пас воҷиб омад, ки мо марзи миёни ин ду ҳолро бо нишонаи аз ҳам ҷудокунандае муайян кунем. Бинобар ин, мо гӯем: бояд тааммул намуд, ки кадом аз ин ду [беморӣ] нахуст падид омадааст, он гоҳ бояд ҳадс бизад, ки он аслист ва дигарӣ ба анбозӣ. Низ бояд тааммул намуд, ки пас аз нест шудани яке кадоме аз ҳар ду боқӣ бимонад, он гоҳ бояд ҳадс бизад, ки он аслист ва дигарӣ ба анбозӣ. Ё баръакс, аз амри бемории ба анбозӣ чунин ҳадс бизананд, ки маҳз он ба охир падид ояд ва ё маҳз он аст, ки баробари ором шудани якумӣ ором шавад. Лекин гоҳе аз ин [ҳадсзанӣ] ғалат воқеъ шавад ва он чунин бошад, ки гоҳе иллати аслӣ андар оғоз ғайри ҳисшаванда [ва] ғайри дарднок бувад ва сипас баъд аз падид омадани бемории анбоз зиёни он ҳис карда шавад, ҳол он ки [бемории анбоз] ба ҳақиқат баъди он ва ба иллати он ориз шудааст. Бинобар ин, [бемории] анбоз ва оризшуда ҳамчун аслӣ ва бемории [ҳақиқӣ] гумон карда шавад. Ё гоҳе танҳо ориз дониста шавад ва аслӣ бехӣ дониста нашавад.
Роҳи раҳоӣ аз ин ғалат он аст, ки бояд пизишк аз анбозии андомҳо бохабар бошад ва ин ба ташреҳро донистани ӯ вобаста аст. Вай бояд аз осебҳои чи ҳисшаванда ва чи ғайри ҳисшавандае хабардор бошад, ки ҳар як андомро воқеъ бигарданд. Вай бояд андар [ҳоли] беморӣ таваққуф кунад ва ба аслӣ будани он ҳукм набарорад, магар баъд аз тааммули он чи ки мумкин аст ба тариқи тобеият бад-он [беморӣ] ориз шуда бошад. Ӯ бояд беморро аз нишонаҳои
бемориҳое пурсиш кунад, ки имкон доранд андар андомҳои ба андоми бемор анбоз ҷой дошта, вале ғайри ҳисшаванда бошанд, ошкоро дард накунанд ва арази наздике аз худ зоҳир нанамоянд, лекин чизҳои дуре аз онҳо падид оянд, ки ҳисшавандаанд ва бемор надонад, ки онҳо аразҳои ин гуна асли дуранд. Балки танҳо маърифати пизишк битавонад бад-он роҳнамун бошад ва аксар вақт чизе, ки бадон роҳ ёбад, ин тааммули пизишк андар зиёновар будани феълҳост. Ҳар гоҳ бибинад, ки [зиёноварии феълҳо] пештар воқеъ шудаанд, ҳукм бад-он бикунад, ки андар беморӣ анбозист, зеро аз ҷумлаи андомҳо андомҳоеанд, ки андар бештари ҳолатҳо бемориҳояшон аз бемориҳои андомҳои дигар баъдтар ба амал оянд. Чунончи, андар аксари ҳолатҳо бемориҳои сар ба мушорикати меъда аст ва акси он камтар биафтад.
Мо нишонаҳои мизоҷҳои аслӣ ва оризшударо ба шакли умумӣ андар ихтиёрат мегузорем. Аммо онҳое, ки ба ҳар як андом хосанд, андар боби хеш гуфта хоҳанд шуд. Аммо нишонаҳои бемориҳои таркиб бошанд, он чи ки аз онҳо зоҳир аст, ба ҳис шинохта шавад ва он чи ки аз онҳо пинҳон аст, ба истиснои пурӣ, судда, омос ва гусастагии пайвастагӣ, дигар ҳамаро андар гуфтори ҳамагонӣ гунҷонидан душвор бошад. Ҳамчунин ҳар чи аз пурӣ, судда, омосҳо ва гусастагии хосси ҳар як андом аст, беҳтар аст ҳамаи онҳоро сипастар андар гуфторҳои ҷузъӣ биоварем.
Фасли севвум андар нишонаҳои мизоҷҳо
Далелҳое, ки аз тариқи онҳо ҳолатҳои мизоҷ шинохта шаванд, даҳ ҷинсанд: Яке аз онҳо ламс аст. Ваҷҳи аз тариқи он шинохтан бад-ин гуна аст, ки бояд тааммул намуд:
оё он бо ламси дурусти андар шаҳрҳои муътадил ва андар ҳавои муътадил буда баробар аст, [ё не]. Агар баробар ояд, далолат бар эътидол кунад. Агар ламскунандаи мизоҷаш дуруст аз он мутаассир гардида, ё хунукӣ ҳис кунад, ё гармӣ ҳис кунад ва ё онро беш аз нармии табиӣ нарм [116] ва ё беш аз ҳолати табиӣ сахту дурушт дарёбад ва андар он ҷой ягон сабабе аз қабили ҳаво, ё шустушӯ кардан бо об ва ғайра набошад, ки аз онҳо намӣ ва ё дуруштӣ зиёда бигардад, пас, он андар мизоҷ ғайри муътадил бошад. Гоҳе мумкин аст, ки аз роҳи ҳоли нохунҳои дастҳо андар нармӣ, дуруштӣ ва хушкӣ ҳоли мизоҷи тан шинохта шавад, ба шарте ки он ба сабаби бегонае вобаста набошад. Чунки аз тариқи нармию сахтӣ ҳукм баровардан вобаста ба он аст, ки далелҳои эътидол андар гармию сардӣ бояд пештар дуруст бошанд. Агар чунин набошанд, мумкин аст, ки гармӣ ламсшавандаи сахт ва дуруштро ба тавассути ҳалсозӣ беш аз [андозаи] муътадил нарм бисозад ва гумон карда шавад, ки он ба табъ нарм ва тар аст. Ё мумкин аст сармо ламсшавандаи нармро ба фазли ях кунондан ва ситабр сохтани худ беш аз [андозаи] муътадил сахт бинамояд ва гумон бурда шавад, ки хушк аст, чунонки барф ва равғани гов чунин бошанд. Барф барои он чунин аст, ки ях баста, сахт шудааст ва равғани гов барои он чунин аст, ки ситабр гардидааст. Аксари сардмизоҷон, хусусан агар лоғар бошанд, нармтананд, аз баҳри он ки хомӣ андар эшон бисёр бувад.
[76] Дуввум, ҷинси далелҳоест, ки аз гӯшт ва пиҳ гирифта шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё