Қонуни тиб

Инҳо нишонаҳое буданд, ки бар зоҳири андомҳо далолат кунанд. Аксар далолати онҳо бар ҳолатҳои зоҳирист ва гоҳе бар бемориҳои дарунӣ далолат кунанд, чунонки сурхии рухсора бар омоси шуш гувоҳӣ диҳад.
2) Бархе аз нишонаҳо нишонаҳоеанд, ки бо ёрии онҳо аз бемориҳои дарунӣ огоҳӣ ёбанд. Касе, ки ба воситаи онҳо аз бемориҳои дарунӣ огоҳӣ ёфтан бихоҳад, бояд пеш аз он ташреҳро омӯхта бошад, то ки ӯро маърифати он ҳосил шуда бошад ва бидонад, ки гавҳари ҳар як андом оё гӯштист ё ғайри гӯштӣ ва офариниши он чӣ гуна аст. Масалан, бояд бидонад, ки оё фалон омос бо чунин шакле андар ин андом аст ва ё андар дигар андом, яъне аз он ҷиҳат, ки оё ин [омос] ба шакли ин [андом] муносиб аст ва ё муносиб нест. Бояд бидонад, ки оё боздошта шудани чизе андар он [андом] равост ва ё раво нест, зеро он [мумкин аст] ҳар чизи андар худ ҳосилшударо билағжонад, чунонки рӯдаи тиҳӣ ҳамин гуна бувад. Агар боздошта шудани чизе ва ё лағжидани он андар он раво бошад, пас, [бояд бидонад, ки] чӣ гуна чизро равост, ки андар он боздошта шавад (114) ва ё аз он билағжад. Бояд мавзеи андомро бидонад, то бадин сабаб бар дард ва омосе, ки ҳис карда шавад, чунин ҳукм баровардан битавонад, ки оё он бар забари ин [андом] аст ва ё дур аз он. Бояд анбозии андомро бидонад, то ҳукм кардан битавонад, ки дарди ин [андом] ё аз худи ӯст ва ё ба анбозии [андоми дигар]; моддае, ки андар он таровидааст, аз худи ӯст ва ё аз анбози ӯ ба сӯи ӯ гузаштааст; ва он чи ки аз вай ҷудо шудааст, оё аз гавҳари андом аст ва ё аз чизест, ки аз ғайраш ҷудо шуда, андар ин андом гузаштааст.
Бояд бидонад, ки ин [андом] чӣ чизро дарбар дорад, то бидонад, ки фалон чизи беруншуда оё равост, ки аз он берун шуда бошад. Бояд кори андомро бидонад, то бар бемории он, ки аз сабаби осеби андар кори он андом расида ба амал омадааст, огоҳӣ ёбад.
Ҳамаи ин чизест, ки аз роҳи ташреҳ бар он огоҳӣ пайдо кунанд ва гувоҳӣ аз он диҳад, ки пизишкеро, ки кӯшиши бемориҳои андомҳои даруниро чора кардан дорад, аз [донистани] ташреҳ чора нест. Ҳар гоҳ ки ӯро илми ташреҳ ҳосил шуд, баъди он андар кори огоҳӣ ёфтан аз бемориҳои андомҳои дарунӣ бояд бар шаш дастур эътимод варзад: якум, бояд аз роҳи зиёнвар шудани корҳо огоҳӣ ҷуста шавад. Ту чигунагӣ ва чандии феълҳоро донистӣ ва [донистӣ, ки] далолати корҳо далолати аввалии доимист; дуввум, бояд аз роҳи он чизе, ки берун ояд, огоҳӣ ҷуста шавад. Далолати ин ҳамешагист, вале аввалӣ нест. Аз баҳри он ҳамешагист, ки ҳамеша тасдиқро ифода кунад ва аз баҳри он аввалӣ нест, ки гоҳе ба миёнҷигии пухтагӣ ва адами пухтагӣ далолат кунад; севвум, бояд аз роҳи дард огоҳӣ ҷуст; чаҳорум, бояд аз роҳи омос огоҳӣ ҷуст; панҷум, бояд аз ниҳоди [андом] огоҳӣ ҷуст; шашум, бояд аз аразҳои зоҳирии муносиб огоҳӣ ҷуст. Далолати онҳо на аввалист ва на ҳамешагӣ. Акнун боистӣ мо андар баёни ҳар кадоми онҳо ба тафсил суханронӣ кунем.
Огоҳӣ ҷустан аз роҳи корҳо чунон аст, ки ҳар гоҳ феъл бар равиши табиии худ набошад, огоҳӣ аз он диҳад, ки қувватро осебе расидааст ва осеби қувват аз паси бемории андоме падид ояд, ки ин қувват андар вай ҷой дорад.
Зиёнвар шудани корҳо бар се рӯй аст: 1) корҳо ё коҳиш ёбанд, чунонки биниши чашм нотавон гашта, чизро норавшан ва аз масофаи наздик бибинад ва меъда ба душворию сустӣ ва ба миқдори кам ғизо бигуворад; 2) ё аз ҳоли хеш бигарданд, чунонки чашм чизеро бибинад, ки нест ва чизро бад-он гуна бибинад, ки он бад-он гуна набувад ва ё чунон ки меъда таомро табаҳ карда, бад бигуворад; 3) ва ё аслан бекор гарданд, чунонки чашм набинад ва меъда нагуворад.
Аммо далолат кардани он чи ки берун ояд ва он чи ки бимонад, аз чанд рӯй аст: ё аз роҳи боздоштагие огоҳӣ пайдо кунанд, ки ғайри табиист, масалан, боздошташавии чизе, ки боистӣ берун ояд, [75] чунонки агар касеро пешоб ва ё бироз боз истанд; ё аз роҳи беруншавии ғайри табиӣ огоҳӣ пайдо кунанд. Ин [огоҳӣ] аз баҳри он бошад, ки [чизи беруномада] ё аз гавҳари андомҳост ва ё [аз гавҳари андомҳо] нест.
Оне, ки аз гавҳари андомҳост, ба се рӯй далолат кунад:
- ё ба ёрии худи гавҳари андом, чунончи, гулӯи хунфишон аз хӯраи нои шуш огоҳӣ диҳад; 2) ё ба ёрии миқдори [он] далолат кунад, чунонки қишри ҳангоми саҳҷ беруномада агар ситабр бошад, гувоҳӣ аз он диҳад, ки реш андар рӯдагони ситабр аст ва агар тунук бошад, гувоҳӣ аз он диҳад, ки реш андар рӯдагони борик бувад; 3) ва ё бо ранги худ огоҳӣ диҳад, чунонки тагшини қишрии сурх гувоҳ бар он бошад, ки вай аз андомҳои гӯштист, чун гурда ва [тагшини қишрии] сафед гувоҳ бар он бошад, ки вай аз андомҳои асабист, чун обгаҳ.
Оне, ки гувоҳ бар он бошад, ки аз гавҳари андомҳои аслӣ нест, ё бад-ин сабаб далолат кунад, ки баромади он ғайри табиист, чунонки агар хилтҳои салим ва хун берун оянд; ё бад-он сабаб далолат кунад, ки кайфияти он ғайри табиист, чунонки хуни табаҳгашта, ки баромадани он хоҳ ба одат бошад, хоҳ ба ғайри одат; ё бад-он сабаб [далолат кунад], ки гавҳари он ба таври мутлақ ғайри табиист, масалан, санг; ё бад-он сабаб [далолат кунад], ки ҳарчанд баромадаш табиист, вале миқдоран ғайри табиӣ бувад ва ин чунон бошад, ки ё кам бошад ва ё бисёр; ё бад-он сабаб [далолат кунад], ки ҳарчанд баромадаш ба таври одатист, вале андар кайфият ғайри табиӣ бувад, чунонки бироз ва пешоб сиёҳ бошанд; ва ё бад-он сабаб [далолат кунад], ки ҳарчанд баромади он одатист, вале аз ҷиҳати самти баромад ғайри табиӣ бувад, чунонки бироз ба ҳангоми бемории иловус аз барсӯ ояд.
Далелҳои дард бошанд, андар ду ҷинс гирд омадаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё