Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

таълими севвум
[АНДАР БАЁНИ АРАЗҲО ВА ДАЛЕЛҲО],
ки ёздаҳ фасл ва ду ҷумла аст
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни аразҳо ва
далелҳо

Аразҳо ва нишонаҳо бар яке аз се ҳолати ёдшуда далолат кунанд, ки [ин далолат] яке аз се навъи далолат бошад:

  1. ё бар коре далолат кунанд, ки андар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад ва Ҷолинус гуфтааст, ки аз ин [навъ] танҳо худи бемор андар коре, ки бояд бикунад, суд бурдан битавонад; 2) ё бар чизе [далолат бикунанд], ки гузаштааст ва Ҷолинус гуфтааст, ки аз он танҳо пизишк метавонад фоида барад, зеро бад-он аз пешравии ӯ андар пешаи [пизишкӣ] огоҳӣ ёфта шавад ва боварӣ ба андарзи ӯ бештар бигардад; 3) ё бар коре [далолат бикунанд], ки андар оянда падид ояд ва [Ҷолинус] гуфтааст, ки аз он ҳама суд бурдан битавонанд:
    аммо пизишк [бад-ин гуна суд бинад], ки бо ёрии он аз пешравии ӯ андар маърифати [пизишкӣ] огоҳӣ ёбанд; ва бемор [бад-ин гуна суд бигирад], ки бо ёрии он бар зарурати тадбири хеш огоҳӣ ёбад.
    Баъзе аз нишонаҳои тандурустӣ чизе бошад, ки аз эътидоли мизоҷ огоҳӣ диҳад ва мо онро дар ҷои худ ёд хоҳем кард.
    Баъзеи онҳо чизе бошад, ки ба ростии таркиб далолат кунад:
    бархе аз он ҷавҳарӣ буда, чунин аст, ки офариниш, ниҳод, андоза ва шумора ба қадри шоиста бошанд ва ман ин гуфтаҳоро тафсил додам; бархе аразӣ буда, аз қабили ҳусну ҷамол бувад; ва бархе тамомӣ буда, аз қабили тамомии корҳо ва бар камоли [худ] давом ёфтани онҳо бошад. Ҳар андоме, ки феъли он тамом бошад, он андом дуруст аст.
    Ваҷҳи ба тавассути корҳо бар [ҳоли] андомҳои сарвар огоҳӣ ёфтан чунин аст: бар [ҳоли] мағз ба тавассути ҳолатҳои корҳои иродӣ, корҳои ҳиссӣ ва корҳои таваҳҳум, бар [ҳоли] дил аз роҳи набз ва нафасгирӣ ва бар ҳоли ҷигар аз роҳи бироз ва пешоб огоҳӣ пайдо кунанд, зеро ба иллати нотавонии [ҷигар] бироз ва пешоб ба обе монанд бигарданд, ки андар он гӯшти тоза шуста бошанд.
    Аразҳое, ки аз бемориҳо огоҳӣ диҳанд, бархе ба худи беморӣ далолат кунад, чун дигаргун шудани суръати набз ҳангоми таб, ки он аз худи таб огоҳӣ диҳад; бархе бар маҳалли беморӣ далолат кунад, чунон ки набзи аррагӣ ҳангоми дард кардани ноҳияҳои сина далолат бад-он кунад, ки омос андар парда ва ҳиҷоб аст ва ё чунон ки набзи мавҷӣ ҳангоми ҳамин гуна [дард] далолат бад-он кунад, ки омос андар ҷирми шуш воқеъ аст; ва бархе бар сабаби беморӣ далолат кунад, масалан, нишонаҳои пурӣ, ки аз роҳи гуногун будани ҳолатҳои хеш ҳар як навъе аз онҳо бар як навъи пурӣ далолат кунанд.
    Аразҳо бошанд, бархе аз онҳо устувор буда, баробари беморӣ оғоз ёбад ва [баробари он] ба анҷом бирасад. Масалан, таби сахт, дарди халакунанда, тангии нафас, сурфа ва набзи аррагӣ, ки ҳамроҳи барсом ба амал оянд; бархеро вақти муайян нест. [74] Онҳо чун дарди сар ҳангоми таб гоҳе аз паси беморӣ ба амал оянд ва гоҳе ба амал наоянд; бархе чизе бошад, ки андар охири кор ба амал ояд ва аз ҷумла

нишонаҳои буҳронҳо, нишонаҳои пухтагии [хилтҳо], нишонаҳои нопухтагӣ ва нишонаҳои марг аз ҳамин қабиланд.
Бештари онҳо андар бемориҳои зудрав ҷой доранд.
(113) Нишонаҳо бошанд, 1) бархе аз онҳо бар бемориҳое далолат кунанд, ки андар зоҳири андомҳо буванд ва онҳо ё аз чизҳои ҳисшавандаи хос гирифта шаванд, аз қабили ҳолатҳои ранг, ҳолатҳои ламс андар сахтӣ, нармӣ, гармӣ, сардӣ ва ғайра ва ё аз ҳисшавандаҳои муштараке гирифта шаванд, ки онҳо [дар навбати худ] аз офариниши андомҳо, ниҳодҳо, ҳаракатҳо ва оромиҳои онҳо гирифта шудаанд.
Гоҳе ин бахш аз нишонаҳо аз ҳолатҳои дарунӣ огоҳӣ диҳанд. Масалан, ларзидани лаб бар қай, бар андозаи он, ки оё беш ва ё кам аст ва бар шумораи он далолат кунад. Гоҳе ин бахш бар ҳолатҳои андомҳои дарунӣ далолат кунанд.
Масалан, кӯтоҳии ангуштон аз хурдии ҷигар [огоҳӣ диҳад]. Огоҳӣ ҷустан, масалан, аз роҳи сиёҳ ва зард будани бироз огоҳии биноист, аз қур-қури [шикам] бар дамиш ва бадии гувориш огоҳии самъист ва огоҳӣ ёфтан аз роҳи бӯйҳо, аз роҳи мазаҳои даҳон ва ғайра аз ҳамин қабил буванд.
Огоҳӣ ёфтан аз роҳи кӯзии нохунҳо бар [бемории] сил ва диққ огоҳии биноист, вале он аз боби ҳисшавандагони муштарак аст. Гоҳе ҳисшавандаи зоҳирӣ аз миёни онҳо бар ҳоли дарун гувоҳӣ диҳад, чунонки сурхии рухсора бар омоси шуш ва кӯзии нохунҳо бар реши шуш гувоҳӣ диҳанд.
Огоҳӣ ёфтан аз роҳи ҳаракатҳову оромиҳо аз қабили чизест, ки тафсили бештареро аз мо тақозо дорад ва мо онро ба тафсил баён кунем.
Аразҳоеро, ки аз боби оромӣ бигиранд, онҳо мисли сакта, саръ, беҳушӣ ва фалаҷ бошанд. Онҳое, ки аз боби ҳаракат гирифта шаванд, мисли фарошо, табларза, ҳукак, даҳонфожа, хамёза, сурфа, атса, ҷастани андом ва ташаннуҷ ба ҳангоми оғози он бошанд.
Аз миёни инҳо бархе, чун ҳукак аз феъли табиати аслӣ ба амал ояд; бархе чун ташаннуҷ ва раъша аз феъли табиати аразӣ падид ояд; бархе чун беоромӣ ва паҳлу гаштан андар ҷои хоб иродии холис бошад; ва бархе дигар чун сурфа ва пешоб кардан аз бахшҳои табиию иродӣ таркиб ёфта бошад. Ба ҳангоми қисме аз бахши ахир чун сурфа ирода бар табиат пешӣ дошта бошад ва андар қисми дигаре аз он чун пешоб кардан ва ба қазои ҳоҷат нишастан табиат бар ирода пешӣ дошта ва ин [хусусан] ҳангоме бошад, ки ирода барои ин [корҳо] шитоб накунад.
Бар як қисм аз он бахш, ки аз табиат ориз шавад, на аз ирода чун фарошо ҳис огоҳӣ диҳад ва бар қисме дигар аз он чун паридани андомҳо ҳис огоҳӣ надиҳад, зеро он ҳис карда нашавад.
Ихтилофи ин ҳаракатҳо ё ба гуногунии зотҳои онҳо вобаста аст, чунонки сурфа худ ба худ аз паридани андом қавитар аст; ё ба гуногунии шумораи ҳаракатдиҳандагон вобаста аст, чунонки шумораи ҳаракатдиҳандагон андар атса бештар аз ҳаракатдиҳандагони сурфа бувад, зеро сурфа бо ҳаракат додани андомҳои сина ва атса бошад, бо ҳаракат додани андомҳои ҳам сина ва ҳам сар ба амал оянд; ё ба миқдори хатаре вобаста аст, ки андар онҳо ҷой дорад, чунонки хатари ҳаракати ҳукаки хушк аз хатари ҳаракати сурфаи тар бештар бувад, ҳарчанд ки сурфа қавитар бошад; ё ба гуногунии он чизе вобаста аст, ки табиат бад-он такя намояд: [табиат] гоҳе ба афзори зотии аслӣ такя кунад, масалан, ҳангоми берун кардани бироз аз мушакҳои шикам ёрӣ бигирад ва гоҳе ба афзори бегона такя кунад, чунончи, ҳангоми сурфа ба ҳаво такя кунад; ё ба гуногунии андомҳое вобаста аст, ки мабдаъҳои онҳо бошанд, чунонки сурфа ва қай кардан [чунин бошанд]; ё ба гуногунии қувваҳои фаъол вобаста аст, чунонки мабдаъи ҷастани [андом] табиӣ ва [мабдаъи] сурфа нафсонӣ бошад; ва ё ба гуногунии модда вобаста аст, чунонки сурфа аз балғам ва ҷаҳидан аз бод буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ