Қонуни тиб

Фасли бисту ҳафтум
андар сабабҳои
хом мондани [ғизо] ва пурӣ
Инҳо ё [73] аз берун ва зоҳиранд: масалан, чизе пазируфта шавад, ки сахт тарӣ физояд, вале бадан ба тарӣ афзудани хӯрданию ошомиданӣ ниёзманд набошад ва ҳар гоҳ ин ду [ҳол] бо ҳам ҷамъ оянд, модда андар тан зиёда гашта, тасарруфи табъ андар вай табаҳ бигардад; [ё] масалан, бисёр гармоба кардан ва хусусан баъд аз таом, [дигар] боздорандагони таҳлил аз қабили бекорӣ, варзишу истифроғ накардан, фаровонии хӯрданию ошомиданӣ ва бадии тадбир чунин бошанд. Ё аз дарун бошанд ва онҳо мисли нотавонии қувваи гуворанда, ки нагуворад, ё нотавонии қувваи ронанда ва ё қавӣ будани қувваи нигоҳдоранда, ки хилтҳо ҷамъ шуда, ронда нашаванд ва ё тангии маҷроҳо бошанд.
Фасли бисту ҳаштум андар сабабҳои он чи ки боз дошта шавад ва он чи ки ба истифроғ ояд
Мо ба ҳангоми ёдоварии ҳолатҳои ба муҷиби боздошта шудану истифроғ буда гуфта гузаштем, ки чӣ гуна иҳтибосу истифроғ сабабгори ҳолатҳои баданӣ хоҳанд шуд ва андар он ҷой ба сабабҳои он ишорат намудем. Бояд бадон ҷой муроҷиат кард.
Фасли бисту нуҳум андар сабабҳои нотавонӣ
Сабаби нотавонӣ ё бар гавҳари андом биафтад, [ё] бар рӯҳе биафтад, ки бардорандаи қувваи андар андом тасарруфкунанда бувад ва ё бар худи ин қувва биафтад. Он бахш аз [нотавонӣ], ки сабабаш хосси андом аст: 1) ё бадмизоҷии устуворгаштаи хусусан сард бувад. Вале бадмизоҷии гарм андар карахт кардан мумкин аст аз тариқи нотавонӣ овардан кори бадмизоҷии сардро бикунад, зеро вай мизоҷи рӯҳро табаҳ созад, чунонки касеро, ки андар гармоба дер бимонад ва хусусан касеро, ки бехуд шавад, чунин рӯй хоҳад дод. [Бадмизоҷии] хушк бо зичифизоии худ ва [бадмизоҷии] тар бо суст кардану суддаоварии худ қувваҳоро аз нуфуз кардан боз доранд; 2) ё яке аз бемориҳои таркиб бошад. Хостарини бахши [нотавонӣ], ки бо вуҷуди он инсонро озурдагӣ, беморӣ ва дард зоҳир нагарданд, он бошад, ки бофтаи лифи ҳамон андом камторупуд шавад, зеро ҳамаи корҳои табиӣ ва иродӣ ба лиф ва хуб бофта будани он тамомият ёбанд ва гуворидан низ ба нигоҳдории дурусти бар ҳайати дуруст ниёзманд аст ва ин бошад, ба лиф вобастагӣ дорад.
[Нотавоние], ки сабаби он ба рӯҳ хос аст, ё бадмизоҷист ва ё ба таҳлил рафтани рӯҳ аз тариқи истифроғи ба худ хос ва ё аз тариқи тобеият ба истифроғи ғайр бувад.
[Нотавоние], ки хосси қувват аст, аз бисёрии корҳо ва такрор ёфтани онҳо буда, ин корҳо қувватро нотавон кунанд ва хусусан ҳангоме чунин бошад, ки ҳал шудани рӯҳ ба тариқи ҳамроҳӣ кардани як сабаб ба сабаби дигар онҳоро ҳамроҳӣ кунад.
Агар мо сабабҳоро ба таври дигар якояк шуморем ва сабабҳои дуреро андар шумор оварем, ки онҳо сабабҳои сабабҳои наздик буванд, хоҳем дид, ки баъзеи онҳо сабабҳои бадмизоҷиянд, баъзе табаҳ шудани ҳаво, об ва хӯрданӣ ва баъзе чизе бошад, ки нахуст рӯҳро бирамонад, аз қабили бӯйҳои нохуш, бадбӯии об ва қувваҳои заҳрноке, ки андар ҳаво ва тан паҳн бигарданд.
Аз ҷумлаи сабабҳои нотавонӣ чизе бошад, ки ба истифроғ вобастагӣ дорад, аз қабили [чизҳои зерин]: рафтани хун ва исҳол; хусусан [рафтани] хилтҳои тунук; рехтани бахши обии истисқо, хусусан агар якбора қисми бисёре аз он рехта шавад; кафгираки бузург шикофтан ва хусусан агар аз он ба якборагӣ рими зиёде берун карда шавад ва ё худ ба худ бикафад; арақи бисёр овардан; варзиши ба ифрот.
(112) Дардҳо, агарчи мизоҷро гардонда бошанд ҳам, низ [сабаби нотавонӣ буванд], зеро онҳо рӯҳро ҳал хоҳанд кард.
Аз ҷумлаи ин гуна дардҳо дардҳое бошанд, ки бештар таъсир дошта бошанд, масалан, дарди даҳони меъда, ки хоҳ азҳамкашанда бошад, хоҳ сӯзонанда ва ҳар дарде, ки наздик ба ноҳияҳои дил бошад, чунинанд.
Табҳо [ҳам] аз қабили сабабҳоеанд, ки аз роҳи ҳал кардан ва истифроғи тану рӯҳ нотавонӣ оваранд. Дигаргунии мизоҷ ва кушодии масом низ андар падид омадани нотавоние, ки аз ҳалшавист, ёрӣ расонанд ва гуруснагии бисёр кашидан аз ҳамин қабил бувад.
Гоҳе нотавонии ҳамаи тан вобаста ба нотавонии ягон андом ва ё бахше аз ягон андом бошад. Масалан, нотавонии тан аз дарде, ки даҳони меъдаро расида, қуввати онро ҳал карда бошад, [чунин аст]. Касе, ки дил ва мағзи ӯ аз ба дард оварандагони андак мутаассир гарданд, ин гуна одам аз камтарин чиз зуд асабонӣ ва фурӯпошида хоҳад шуд.
Гоҳе сабаби нотавонӣ аз сар бисёр гузарондани бемориҳо бошад, гоҳе баъзе андомҳо, масалан, шуш ва мағз андар сиришт аз баъзе ва ё аз ғайраш нотавонтар бошад ва он чизеро, ки андоми андар сиришт қавӣ аз худ биандозад, он зуд пазирад. Агар мағзро баландии ҷойгоҳ хос намебуд, аз ин гуна осебҳо ба вай чизе мерасид, ки тоби таҳаммули онро намекард ва қувваташ боқӣ намемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё