Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сабаби дарди суст моддае бошад, ки гӯшти мушакро аз ҳам бикашад, на ватари онро. «Суст» барои он хонанд, ки гӯшт аз асаб, ватар ва парда дида сусттар аст.
Сабаби дарди шикофанда моддаи ситабр ва ё бодест, ки андар миёни табақаҳои андоми сахти ғализ, масалан, андар ҷирми рӯдаи қулун ҳабс шудааст. Вай ҳамеша андомро шикофта, андар он бидарояд ва чунин эҳсос падид орад, ки гӯӣ бо парма ҳамешикофанд.
Сабаби дарди чун ҷуволдӯз халанда худи ҳамон модда ва андар ҳамон гуна андом бошад, вале он (110) ҳангоми пора кардан ҳабс шуда бошад.
Сабаби дарди карахткунанда ё мизоҷе бошад, ки сахт сард аст, ё баста шудани масоми гузаргоҳҳои рӯҳи ҳассосе бошад, ки ба ёрии асаб ба сӯи андом равон аст ва ё пурхунии рагҳо бувад.
Сабаби дарди дилзананда омоси гарми ғайри сард бошад, зеро омоси сард хоҳ сахт бошад, хоҳ нарм, танҳо ҳангоме дард кунад, ки ба омоси гарм табдил ёбад. Дарди дилзананда аз омоси гарме падид ояд, ки агар ин омос падид ояд, ба ҳамин сифат бошад ва андоми ҳамҷавори он ҳассос буда, ба наздики он шараёне бошад, ки ҳамеша биҷаҳад.
Лекин ҳангоме ки он андом солим бошад, худованди он ҷунбиши шараёни андар он бударо ҳис накунад ва чун дард карда, варам намояд, ҷаҳиши он [шараён] дардовар бигардад.
Сабаби дарди гарониовар омос андар андоме бошад, ки чун шуш, гурда ва испурч ғайри ҳискунанда бошад. Он омос ба сабаби гаронии хеш ба сӯи поин кашида шавад ва андомро бо ёрии пардаи ҳассоси гирди он бигрифта ва ба воситаи бандаке, ки парда аз он растааст, [ба зер] бикашад ва пардаю бандак ба зер кашида шудани [андомро] ҳис кунанд. Ё [сабаби дарди гарониовар] омос андар андоме бошад, ки ҳассос аст, вале худи дардмандӣ чун саратони андар даҳони меъда ҳисси андомро бекор карда бошад. Гаронии [даҳони меъда] ҳис карда шавад, вале ба иллати бекор шудани ҳисс дард накунад.
Сабаби дарди аз мондагӣ ё мондагист, он гоҳ ин дард «мондагии аз мондагӣ» номида шавад, ё хилте бошад, ки аз ҳам бикашад, он гоҳ ҳар чӣ ки аз он падид ояд, онро «мондагии тамаддудӣ» гӯянд, ё боде бошад, он гоҳ ҳар чӣ ки аз он рӯй диҳад, «мондагии дамишӣ» гӯянд, ё хилти сӯзонандае бошад ва ҳар чӣ ки аз он падид ояд, онро «мондагии решӣ» хонанд. Аз инҳо таркибҳое фароҳам оянд, чунонки мо онҳоро андар мавзеи хосси онҳо баён намудем. Аз ҷумлаи мондагиҳои таркибёфта мондагиест, ки ба «мондагии омосӣ» маъруф аст ва он аз мондагии тамаддудӣ ва решӣ фароҳам омада бошад.
Дарди сӯзонанда аз хилте бошад, ки дорои кайфияти тез аст.
Фасли бисту якум андар сабабҳои таскин ёфтани дард

Сабаби ором шудани дард ё чизе бошад, ки сабаби эҷобкунандаи онро бурида, ба истифроғ орад, мисоли ин шибит ва тухми катон аст, ки бар маҳалли дард бибанданд; ё
чизе бошад, чун чизҳои масткунанда, ки тарӣ фузуда, хоб
биоварад ва қувваи ҳиссӣ ба дарунтар фурӯ рафта, кори
худро тарк кунад; ё чизе бошад, аз қабили ҳамаи чизҳои ка

рахткунанда, ки сардӣ афзуда, карахт созад. Таскиндиҳандаи ростинӣ [бахши] нахустин бувад.
Фасли бисту дуввум андар баёни он чизе, ки ба муҷиби дард падид ояд

Дард қувваро ба таҳлил бибарад ва андомҳоро аз кори хоссашон боз дорад. Вай ҳатто андомҳои нафаскаширо аз кор мононад ва ё андар кори онҳо халал расонида, нафасро ё канда-канда, ё думодум созад ва ё умуман онро ба равиши ғайри табиӣ бидарорад. Гоҳе андомро нахуст гарм созад ва сипас андар охир аз тариқи ба таҳлил бурдан ва гурезон сохтани рӯҳ ва зиндагӣ онро ба сардӣ бикашад.
Фасли бисту севвум андар сабабҳои лаззат

Инҳо низ андар ду ҷинс гирд омадаанд. Яке аз ин ду ҷинси он чизест, ки мизоҷи ғайри табииро ба якборагӣ бигардонад ва бинобар он эҳсос ба амал ояд. Дуввум ҷинси он чизест, ки пайвастагии табииро якбора барқарор бикунад. Ҳар чи ки на якбора ба амал ояд, на эҳсос шавад ва на лаззат бахшад.
Лаззат ҳис кардани чизи созгор аст. Ҳар ҳиссе ба қуввати эҳсоскунанда ба амал ояд ва эҳсос кардан ба мунфаил шудани он [қувва] вобаста бошад. Ин [эҳсос] агар эҳсоси чизи созгор ва ё нохуш бошад, он ба ҳасби чизи таъсиррасонанда ё лаззат ва ё дард хоҳад буд. Азбаски ламс касифтарини ҳоссаҳост ва ҳар таъсири нохуш ва ё созгори пазируфтаашро сахттар аз онҳо нигоҳ дорад, чизи созгорро эҳсос кардани он ба наздики касони табиати касиф дошта аз ҳама лазизтар бошад ва ё чизи нохушро эҳсос кардани он андар алам аз эҳсосе, ки хосси қувваҳои дигар аст, сахттар бошад.
Фасли бисту чаҳорум андар чигунагии дард овардани ҳаракат

Ҳаракат ба иллати он чи аз кашида шудан, реза шудан ва ё баромадан, ки ҳамроҳи он ба амал меояд, боиси дард бигардад.
Фасли бисту панҷум андар чигунагии дард овардани хилтҳои бад

Хилтҳои бад ё ба кайфияти хеш, чунончи ҳангоме ки бисӯзонанд, ё ба бисёрии хеш, чунончи ҳангоме ки аз ҳам кашида созанд ва ё ба ҷамъоии ҳар ду кор боиси дард хоҳанд шуд (111).
Фасли бисту шашум андар чигунагии дард овардани бодҳо

Бод бо аз ҳам кашидан дард физояд. Боди азҳамкашанда ё андар тиҳигиҳои андомҳо ва шикамҳои онҳо бошад, чун дамиш овардани меъда, ё андар миёни табақаҳои андомҳо ва лифи онҳо бошад, чунонки андар қулинҷи бодӣ чунин бошад ва ё андар миёни табақаҳои мушакҳо, ё андар зери пардаҳо ва бар забари устухонҳо, ё андар гирди мушакҳо – миёни онҳо ва гӯшт, ё [миёни онҳо] ва пӯст бошад. Ё мумкин аст андар зери андом пинҳон бошад, чунонки андар зери мушакҳои сина пинҳон бошад. Суръати паҳншавии он ва ё дер мондани он ба камӣ ва ё бешии моддаи он, ба тунукию ғализии модда ва ба рехтагию ковокии андом вобаста аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ