Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бадмизоҷии созгор андомро ба оҳистагӣ фаро бигирад ва мумкин аст, ки дар ҳоли тандурустӣ мавҷуд бошад. Мисоле, ки инро ба фаҳм наздик созад, чунин аст: шахси андар зимистон якбора гармобакунанда агар бо оби гарм ва ё нимгарм оббозӣ кунад, вайро аз он бад ояд ва азоб кашад, зеро кайфияти баданаш аз он дур ва мухолифи он бошад. Сипас чун хӯ кунад, аз он лаззат хоҳад ёфт [ва] тадриҷан аз ҳолати сардие, ки андар ӯ ба кор аст, берун ояд. Баъд, чун соате андар гармобаи дарунӣ нишинад, мумкин аст чунин иттифоқ афтад, ки танаш гармтар аз он об бигардад ва агар худи ҳамон оби авваларо якбора бар хеш бирезад, ӯро фарошо падид ояд, чароки онро сард дарёбад.
Чун инро донистӣ, акнун мо бигӯем: ҳарчанд яке аз ду ҷинси сабабҳои дард бадмизоҷии носозгор аст, вале на ҳар бадмизоҷии носозгор чунин бошад, балки [бадмизоҷиҳои] гарму сард ба зот ва [бадмизоҷии] хушк ба араз [дардоваранд], вале [бадмизоҷии] тар, албатта, дардовар нахоҳад буд. Зеро [бадмизоҷиҳои] гарм ва сард ду кайфияти фоиланд ва [бадмизоҷиҳои] хушку тар ду кайфияти инфиолӣ буда, қивоми онҳо на ба таврест, ки бо ёрии онҳо як ҷисм андар ҷисми дигар таъсир кунад, балки ба таврест, ки [бо ёрии онҳо] як ҷисм аз ҷисми дигар таъсир бипазирад. Аммо [бадмизоҷии] хушк бошад, бад-он сабаб ба араз дард оварад, ки аз паси он сабабе аз ҷинси дигар падид ояд ва он гусастагии пайвастагӣ бошад, зеро бадмизоҷии хушк аз шиддати баҳамоварӣ мумкин аст боиси гусастани пайвастагӣ бигардад.
Мазҳаби Ҷолинус, агар ба таҳқиқ бирасад, саранҷом чунин бошад, ки сабаби зотии дард гусастани пайвастагист, на чизи дигар. Ба таҳқиқ чизи гарм барои он дард оварад, ки пайвастагиро бигсилад. Чизи сард низ барои он дард расонад, ки гусастани пайвастагӣ ёри он бошад ва ин ба иллати сахт зич сохтан ва фароҳам овардане бувад, ки ночор баробари он ҷузъҳо ҷамъ ва ба сӯи маҳалли назди он зич шаванд ва аз сӯе, ки онҳо кашида шаванд, аз ҳам бигсиланд. [Ҷолинус] андар ин бобат ба ҷое расидааст, ки андар бархе аз китобҳои хеш ба дард омадани ҳисшавандаҳоро ба ҳамин сабаб пиндорад. Яъне онҳо бо гусастан ва ё бо фароҳам омадане, ки боиси гусастагӣ бигардад, ба дард оянд. Бинобар он, (109) аз миёни чизҳои дидашаванда чизи сиёҳ ба иллати сахт фароҳамоварӣ ва чизи сафед ба иллати сахт гусастан дард оваранд. Талх, шӯр ва туруш аз миёни чашиданиҳо ба иллати сахт гусастани худ ва тундмаза ба иллати сахт баҳамоварии хеш, ки ночор боиси гусастагӣ бигардад, дардовар бошанд.
Андар бӯиданӣ низ чунин бошад. Садоҳои баланд ҳам аз роҳи гусастагӣ овардан дардоваранд, ба иллати он, ки ҳаракати ҳавоӣ ҳангоми ба гӯш расидан сахт бувад.
Аммо гуфтаи ҳақ андар ин боб ин аст, ки дигаргун шудани мизоҷ бояд ба зоти худ як ҷинси муҷиби дард ҳисобида шавад, ҳарчанд ки мумкин аст ҳамроҳи он гусастагии пайвастагӣ рӯй диҳад. Ҷои баёни ҳақиқии ин [масъала] на андар тиб, балки андар бахши табиии [илми] ҳикмат аст, вале мо ба қисми ночизе аз он [андар ин ҷой] ишора карда, бигӯем: Мумкин аст дард андар андоми дардкунанда ба бахшҳо яксон бошад, вале гусастагии пайвастагӣ, албатта, ба бахшҳо яксон нахоҳад буд, пас, вуҷуд доштани дард андар ҷузъҳое, ки аз гусастагии пайвастагӣ холиянд, на аз сабаби гусастагии пайвастагӣ, балки аз сабаби бадии мизоҷ бувад. Инчунин сармо ҷоеро ба дард орад, ки онро дарҳам кашида, фароҳам овардааст ва ҷоеро [ба дард оварад], ки ба ҷумлагӣ сард намуда бошад. Гусастагии пайвастагии аз сардӣ бошад, на андар ҷое ба амал ояд, ки [сардӣ] онро хунук кардааст, балки андар каронаҳои ҷойгоҳи сардшуда ба амал хоҳад омад.
Инчунин, дард ин ночор якбора таъсиркунандаи нохушеро аз он ҷиҳат, ки нохуш аст, дарёфтан аст, пас, дардоваранда чизи нохуше бошад, ки баногоҳ ҳис шуда бошад.
Акнун ҳад баръакс гардида, чунин шавад: пас, ҳар чизи ҳисшавандаи нохуше аз он ҷиҳат, ки нохуш аст, дардовар бошад. Оё дидаӣ, ки агар сармои мизоҷро табаҳкунанда аз он ҷиҳат, ки табаҳкунандаи мизоҷ аст, ҳис карда шавад ва ба фарзе, ки ҳеҷ гусастагии пайвастагие аз он ба амал намеомада бошад, оё ин эҳсос кардани чизи нохуш мебуд, пас, оё ин дард мебуд? Аз ин ҷо пайдост, ки дигар шудани мизоҷ ба якборагӣ чун гусастагии пайвастагӣ боиси дард бигардад.
Дард гармиро ба ҷунбиш оварда, пайдарпай зиёд шавад.
Баъд аз дард мумкин аст чизе боқӣ монад, ки эҳсоси дард бидиҳад ва он дарди ростинӣ нест, балки аз қабили чизе бошад, ки ба зоти худ ҳал бигардад. Аммо каси бехабар ба илоҷи он пардохта, бад-ин восита зиён биоварад.
Фасли бистум андар сабабҳои ҳар як дард

[72] Синфҳои дард, ки онҳоро номҳо бошанд, инҳоянд:
хоранда; дурушт; сихзананда; фишордиҳанда; азҳамкашанда; поракунанда; шикананда; суст; шикофанда; чун ҷуволдӯз халанда; карахткунанда; дилзананда; гарониовар; аз мондагӣ; ва сӯзонанда. Ин буд понздаҳ ҷинси [дардҳо].
Сабаби дарди хоранда хилти тез ва ё шӯр бувад.
Сабаби дарди дурушт хилти дурушт аст.
Сабаби дарди сихзананда чизест, ки ҳамчун бигсиландаи пайвастагӣ пардаро ба паҳно аз ҳам бикашад ва ин ба ҳис гоҳе яксон бошад ва гоҳе яксон набошад. Ғайри яксон ба ҳис ё бад-он сабаб бошад, ки он чи парда бар рӯи он таранг гашта, ба он бирасад, ҷузъҳояш андар сахтию нармӣ яксон набошанд, масалан, чанбар дар нисбати пардае, ки устухонҳои паҳлуро пӯшидааст, агар варами барсом ба боло кашанда бошад, чунин бошад ва ё ҷузъҳои он андар ҳаракатҳои хеш яксон набошанд, масалан, ҳиҷоб нисбат ба ҳамон парда [ҳамин тавр бошад]; ё бад-он сабаб бошад, ки ҳисси андом ё ба табъ ва ё ба иллати он, ки бархе аз ҷузъҳои онро офате расидаасту бархеро не, яксон набошад.
Сабаби дарди азҳамкашанда бод ва ё хилте бошад, ки асаб ва мушакҳоро аз ҳам бикашад, гӯӣ, ки ба ду тараф мекашида бошад.
Дарди фишордиҳандаро сабаб моддае бошад, ки ҷойгоҳи андомро танг кунад ва ё боде бошад, ки онро зич созад ва [андом] гӯё андар қабза гирифта ва фишурда бошад.
Сабаби дарди поракунанда моддаи чизе бошад, ки андар миёни мушакҳо ва пардаи онҳо ҳоил биафтад ва парда кашида гардида, пайвастагии он, балки мушак аз ҳам ҷудо шавад.
Сабаби дарди шикананда модда ва ё боде бошад, ки андар миёни устухон ва пардаи онро пӯшида миёнҷӣ бошад ва ё хунукие бошад, ки он пардаро ба қувват қабз кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ