Қонуни тиб

Фасли чаҳордаҳум
андар сабабҳои
фузунии устухонҳо ва ғуддаҳо
Ин сабабҳо бисёрии модда, шиддат ёфтани қувваҳои кашанда худ ба худ ва шиддат ёфтани қувваҳои кашанда ба ёрии молиш ва бо ёрии гарм кардане бошад, ки ба воситаи зимодҳое аз қабили зимоди зифт ва монанди он ба амал оварда шавад. Ин [бахши охир] хоси устухонҳост, на ғуддаҳо.
Фасли понздаҳум андар сабабҳои коҳиши [онҳо]
Ин ё ба асли офариниш ба иллати нарасидани модда ва хато намудану сустӣ кардани қувваи бардоранда чунин бошад ва ё ба сабаби осебҳое бошад, ки гоҳе аз берун ба амал оянд, чун буридан, кӯфт хӯрдан ва сармо задан ва гоҳе аз дарун ба амал оянд, чун хӯра шудан ва гандидан.
Фасли шонздаҳум андар сабабҳои гусастагии пайвастагӣ
Инҳо ё аз дарунанд ва ё аз берун. Онҳое, ки аз дарунанд, мисолашон хилтест, ки ё бихӯрад, ё бисӯзонад, ё тарӣ оварда, ковок кунад ва ё хушкӣ фузуда, битарконад; ё мисолашон пуриест, ки аз боди даманда, ё аз боди халанда ва ё аз хилти даманда ба амал ояд, чунончи, ҳаракати хилте чунин бошад, ки ё бидамад ва ё андар бадан нуфуз карда, аз ҳаракати қавӣ онро биларзонад; ё [мисли пурие бошанд], ки аз хилти халанда ба амал ояд.
Ҳамаи ин ё аз шиддати ҳаракат бошад ва ё аз бисёрии модда. Масалан, аз шиддати ҳаракате, ки аз қувваи ронанда ва бар равиши табиӣ ба амал ояд, ё масалан, аз ҳаракате, ки пас аз пурии [меъда] ба амал ояд. Ба ҳамин ду монанд чизҳои [дигаре] низ ҳастанд, аз қабили сахт дод задан, сахт паридан ва кафидани омос.
Аммо сабабҳое, ки аз берунанд, мисолашон ҷисмест, ки чун банд ва борҳои гарон бикашад, ё чун шамшер бибурад, ё чун оташ бисӯзонад ва ё чун санг бишиканад. Мисли ин гуна [чиз] агар холигӣ ёбад, сӯрох кунад ва ё пурӣ ёбад, зарфҳоро бикафонад.
Ё мисолашон ҷисме бошад, ки чун тир сӯрох кунад, ё чун саги девона, афъӣ ва инсон бигазад ва бихояд.
Фасли ҳафтдаҳум андар сабабҳои реш
[Сабабҳои реш] ё омосеанд, ки бикафад ва ё ҷароҳатеанд, ки кушода гардад, ё табишҳоеанд, ки хӯрда шаванд.
Фасли ҳаждаҳум андар сабабҳои омос
Бархе аз сабабҳо аз модда аст ва бархе аз ҳайати андом.
Аммо сабабҳое, ки аз ҷиҳати моддаанд, ин пурии аз шаш чизи ёдшуда [падидоянда] бувад. Аммо сабабҳое, ки аз ҷиҳати ҳайати андом ба амал оянд, инҳо қавӣ будани андоми ронанда, нотавонии андоми пазиранда ва омода будани он [71] барои пазируфтани фазлаҳо мебошанд. [Ин пазируфтан] ё ба табъи гавҳари он [андом] буда, он чун пӯст барои ин кор офарида шуда бошад; ё аз он аст, ки [андом] камторупуд бошад, масалан, чун гӯшти нарме, ки андар се хам
гашт ҷой дорад – андар паси гӯш, андар зери бағал ва андар пайғулаи рон; ё ба сабаби фарохии роҳҳои ба сӯи [андом] раванда ва тангии роҳҳои аз он сӯй оянда бошад; ё аз он бошад, ки [андом] андар зер ниҳода шудааст; ё аз он бошад, ки [андом] хурд буда, он моддаи ғизоиеро, ки ба вай бирасад, гунҷонидан натавонад; ё аз он бошад, ки ба иллати офате, ки андар он аст, ғизои хешро гуворидан натавонад; ё аз он бошад, ки андом кӯфт хӯрда, андар он модда ҷамъ бигардад; ё аз он бошад, ки андом [қобилияти] ҳал кардани он чизеро, ки бояд аз роҳи варзиш ҳал бигардад, гум карда бошад; ва ё аз он бошад, ки гармӣ андар андом ба ифрот буда, [моддаҳоро] бикашад ва ин гармӣ ё табиӣ бошад, (108) чун [гармии] андар гӯшт буда ва ё гармии ҳосилшудае бошад, ки онро ё дард, ё ҳаракати сахт ва ё чизе аз гармидиҳандагон падид овардааст.
Шикастагӣ ҳам ба иллати баъзе аз ин сабабҳо боиси омос бигардад. Масалан: кӯфтагӣ; фишурдани андом; кашидане, ки барои рост кардани [устухон] бошад.
Худи устухон, балки дандон, мумкин аст омос кунад, зеро он аз ғизо болишёбанда аст ва қобили пазируфтани омос [низ] бошад.
Фасли нуздаҳум андар сабабҳои дард ба таври мутлақ
Азбаски дард яке аз ҳолатҳои ғайри табиист, ки тани ҳайвонро ориз бигарданд, бинобар он, мо андар сабабҳои он ба таври ҳамагонӣ сухан ронда гӯем: дард ҳис кардани нохушиҳост. Маҷмӯи сабабҳои дард андар ду ҷинс гирд омадаанд: як ҷинс дигаргунии мизоҷ ба якборагист ва он бадмизоҷии носозгор бувад; ҷинси [дигар] гусастагии пайвастагист. Ман бо «бадмизоҷии носозгор» гуфтан чунин бихоҳам: андомҳоро андар гавҳари хеш мизоҷи ҷойгиршудае буда, сипас бар онҳо мизоҷи бегонае падид ояд, ки бад-ин мизоҷ зид буда, ё гармтар ва ё сардтар аз он бошад ва қувваи ҳискунанда расидани ин нохуширо ҳис карда, ба дард ояд, зеро дард ин аст, ки таъсиррасонандаи нохуш ҳамчун нохушӣ дарёфта шавад.
Аммо бадмизоҷии созгор он бошад, ки албатта, дардовар набошад ва эҳсос нашавад. Масалан, мизоҷи бад мумкин аст андар гавҳари андомҳо ҷойгир шуда, мизоҷи аслиро бекор созад ва худ чун мизоҷи аслӣ бигардад. Ин дардовар нест, аз баҳри он ки ҳис аз он огоҳӣ надиҳад. Чунки эҳсоскунанда боистӣ, ки аз ҳисшаванда мутаассир бигардад, вале чиз бошад, аз ҳолати ҷойгиршудае, ки андар он дигаргун намешавад, мутаассир нахоҳад шуд, балки аз [чизи] зид [ва] воридшудае мутаассир бигардад, ки вайро аз ҳолаш бигардонад ва ба дигар ҳол оварад. Бинобар ин, худованди таби диққ аз сӯзиш он ҳиссеро наёбад, ки худованди таби якрӯзӣ ва ё худованди таби рӯзафкан ёбад, бо вуҷуди он ки гармии таби диққ хеле фузунтар аз гармии таби рӯзафкан бошад, зеро гармии таби диққ андар гавҳари андомҳои аслӣ устувор шуда, қарор гирифтааст ва гармии таби рӯзафкан аз сабаби ҳамсоягии хилт бар андомҳое ворид шудааст, ки мизоҷи табиии онҳо маҳфуз буда, ба дараҷаест, ки агар хилт аз онҳо ҷудо гардад, андоме аз онҳо бар мизоҷи худ боқӣ бимонад ва гармӣ андар он наистад. Вале мумкин аст, ки ин беморӣ ба кӯшиш рӯ ба [таби] диққ ниҳода, бад-он интиқол ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё