Қонуни тиб

бидиҳад; сабабҳоеанд, ки ба ҳангоми ҷудо шудан аз заҳдон воқеъ шаванд; [70] сабабҳоеанд, ки ба ҳангоми печондани тифл ва ба даст гирифтани он рӯй диҳанд; сабабҳои берунае, ки аз хориҷ воқеъ шаванд, масалан, афтидан ва ё кӯфт хӯрдан; сабабҳоеанд, ки ба кӯшиши ҳаракат кардан пеш аз сахт шудани андомҳо ва қавӣ гаштани онҳо вобастаанд; низ сабабҳоеанд, ки беморӣ бошанд, аз қабили:
ҷузом, сил, ташаннуҷ, истирхо ва тамаддуд. Табаҳ шудани шакл гоҳе ба сабаби фарбеҳии беандоза, гоҳе ба сабаби омосҳо, гоҳе ба сабаби бемориҳои ниҳод ва гоҳе ба сабаби бад фароҳам омадани реш ба амал ояд.
Фасли шашум андар сабабҳои судда ва тангии маҷроҳо
Судда ё бад-он сабаб падид ояд, ки чизе бегона андар маҷро биафтад ва он ё ба ҷинс, чун санг, ё ба миқдор, чун бирози бисёр ва ё ба кайфият, яъне ё ба ситабрӣ, ё ба часпакӣ ва ё ба фисурдагӣ, чун хуни фисурда бегона бошад. Ин буд бахшҳои чизи суддаовар, ки ба иллати андар маҷро афтидан [боиси судда бигардад]. Аз ҷумла бархе аз он андар маҷро ба ҷои худ биистад ва бархе андар он бесомонӣ намуда, рафтуо кунад.
Судда гоҳе бад-он сабаб рӯй диҳад, ки гузаргоҳ ба сабаби фароҳам омадани реш пайваст бигардад, ё бад-он сабаб [рӯй диҳад], ки чизи зиёдатие бирӯяд, чунонки гӯшти озахии суддаовар бирӯяд ва ё бад-он сабаб [рӯй диҳад], ки маҷро ба иллати андар бари он падид омадани омоси фишордиҳанда баста шавад. [Инчунин судда] ё ба иллати фишурдани сармои сахт, ё ба иллати шиддат ёфтани хушкие, ки аз доруҳои гиранда падид ояд, ё ба сахт қавӣ будани қувваи нигоҳдоранда ва ё ба иллати сахт бастани [андом] ба амал ояд. Андар зимистон ба иллати бештар боздошта шудани фазлаҳо ва ба иллати фишурда сохтани сармо суддаҳо бисёртар рӯй диҳанд.
Фасли ҳафтум андар сабабҳое, ки маҷроҳоро кушодатар созанд
Маҷроҳо ё ба иллати нотавонии қувваи нигоҳдоранда, ё ба иллати ҳаракати сахти қувваи ронанда, ки нигоҳ доштани нафас аз ҳамин боб аст, ё ба иллати доруҳои кушоянда ва ё ба иллати доруҳои ковоккунандаи гарми тар кушодатар бигарданд. Маҷроҳо ба иллати чизҳои мухолифи ин [сабабҳо] ва ба иллати судда танг шаванд.
Фасли ҳаштум андар сабабҳои дуруштӣ
Дуруштӣ ё ба сабаби чизе, ки бо бурандагии худ, чун сирко ва фазлаҳои туруш ва ё бо ҳалкунандагии худ, чун кафки дарё ва фазлаҳои гарм, сахт зудоянда бувад, ё ба сабаби чизи гирандае, ки бо хушкии худ пӯстро дурушт созад, чун чизҳои тунд ва ё чизи сардкунандае, ки аз роҳи зич намудан дуруштӣ оварад ва ё ба сабаби нишастани чизҳои заминӣ бар андом, чун ғубор, ба амал ояд.
Фасли нуҳум
андар сабабҳои нармӣ
Сабаби нармӣ ё чизе бошад, ки ба лағжонии худ урёнкунанда аст ва ё чизе бошад, ки моддаро ба таври латиф ҳал намуда, тунуку равон созад ва зичӣ аз рӯи андом бибарад.
Фасли даҳум андар сабабҳои баромадан ва бе ҷо шудани [андомҳо]
Бе ҷо шудани андом ё ба сабаби кашанда бошад, чунонки андоми касеро ҷазб намуда бикашанд, то аз ҷо берун шавад, ё ба сабаби он бошад, ки ҳаракати сахти боэътимод карда шавад ва он андомро аз ҷой берун орад, чунонки касеро пой битобад, ё ба сабаби ковокию рутубатоваранда бувад, чунонки ҳангоми бемории фатқи хоя чунин рӯй диҳад ва ё ба сабаби чизе бошад, ки бо хӯрдану уфунат овардани худ гавҳари пайвандгоҳро табаҳ созад, чунонки ҳангоми ҷузом ва қавин чунин рӯй диҳад.
Фасли ёздаҳум андар сабабҳои бадҷаворие, ки ба иллати боздоштани азҳамдуршавӣ бошад
Сабаби ин ё ситабрӣ, ё паи реш, ё ташаннуҷ, ё истирхо,
ё хушк ва сахт шудани хилт андар пайвандгоҳ ва ё модарзодӣ бувад.
Фасли дувоздаҳум
андар сабабҳои бадҷаворие, ки андомҳоро аз ҳам дур шудан нагузорад
Сабаби ин ё ситабрӣ, ё ҷӯшхӯрдагии паи реш, ё ташаннуҷ ва ё модарзодӣ бувад.
Фасли сездаҳум андар сабабҳои ҳаракати ҒАЙРИТАБИӢ
(107) Сабаби он ё хушкие бошад, ки нотавонӣ оварад, чун раъшаи хушк, ё хушкие бошад, ки ташаннуҷ оварад, чун ҳукаки хушк ва ташаннуҷи хушк, ё фазлаҳое бошад, ки боиси ташаннуҷ бигарданд, ё фазлаҳо ва сабабҳое бошанд, ки роҳи қувватро бибанданд ва бо суддаҳо онро аз гузаштан ба сӯи андом боз доранд, ё фазлаҳое бошанд, ки бо сардии хеш, чунонки андар табларза ва ё бо газандагии худ, чунонки ба ҳангоми фарошо ва ё ба иллати он ки гармии табиӣ сахт фурӯ рафта, кам шудааст, озурдагӣ оваранд ва бадон сабаб мушакҳоро сардӣ фаро гирифта, боде падид ояд, ки роҳи ҳаллу халосӣ ҷӯяд, чунонки андар паридани андом чунин бошад.
Мо гӯем, ки ин моддаи озордиҳанда ё бухории андаке буда, [андомро] биёзонад ва ё қавитар аз он буда, агар ором бошад, боиси мондагии аз мондагӣ буда бигардад, агар андар ҳаракат бошад, боиси навъҳои дигаре аз мондагиҳо бигардад, ки мо онҳоро сипас ёд хоҳем кард ва агар бештар дар ҳаракат бошад, боиси фарошо ва агар [аз он ҳам] қавитар бошад, боиси табларза хоҳад шуд. Моддаи бодӣ ҳар гоҳ андар мушак банд шавад, паридани андом падид хоҳад омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё